Ҷон Уилям Моучли (англ. John William Mauchly, 30 августи соли 1907, Синсиннати, Оҳайо — 8 январи соли 1980, Эмблер, Пенсилвания) — физикдон ва муҳандиси амрикоӣ, яке аз нахустин созандагони компютери электронии ENIAC (соли 1946) дар ҷаҳон.

Ҷон Мокли
Таърихи таваллуд 30 август 1907(1907-08-30)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 8 январ 1980(1980-01-08)[1][2][3][…] (72 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ илмҳои роёна
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Gerhard Heinrich Dieke[d][5]
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Муаллими электротехника дар Донишгоҳи Пенсилвания (Институти Мура) дар Филаделфия (ИМА) кор кардааст. Якҷоя бо Ҷон Преспер Экерт аз соли 1943 то 1945 дар сохтани аввалин компютери электронии таъйиноти умумидоштаи ЭНИАК барои Артиши ИМА кор карда, инчунин дар марҳилаи аввали компютери мукаммалтари EDVAC кор кардааст.

Минбаъд Мокли мансабҳои роҳбарикунандаро дар як қатор лоиҳаҳо ва ширкатҳо ба уҳда дошт:

  • 1959—1965 — президенти Mauchly Associates Inc.
  • 1965—1969 — раиси раёсати Mauchly Associates Inc.
  • 1968—1980 — президенти Dynatrend Inc.
  • 1970—1980 — президенти Marketrend Inc.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Медали Ҳовард Поттс (1949),
  • Медали Ҷон Скот (1961),
  • Ҷоизаи ёдгории Ҳарри Гуд (1966),
  • Ҷоизаи Ҳаролд Пендер (1973),
  • Ҷоизаи Эмануэл Пиор (1978).

Адабиёт

вироиш