Ҷорҷ Вестингҳаус (англ. George Westinghouse; 6 октябр 1846[1][2], Central Bridge[d]12 март 1914[1][2], Ню-Йорк, иёлати Ню-Йорк[3]) — ихтироъкор, санъатгар, муҳандис ва корофрини амрикоӣ, бунёнгузори ширкат Westinghouse Electric.

Ҷорҷ Вестингҳаус
Таърихи таваллуд 6 октябр 1846(1846-10-06)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 12 март 1914(1914-03-12)[1][2] (67 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Соли 1869 дар ИМА барои тормози қатора, ки бо ёрии ҳавои фишурда кор мекард, иҷозатнома (патент) гирифт. Ӯ аввал тормозе сохт, ки таҳти фишори бухор кор мекард, сипас, онро такмил дода, ба ҷойи бухор ҳаворо истифода бурд. Дертар истифодаи ин намуди тормоз дар автомобилҳо низ ҷорӣ карда шуд. Инчунин намуди нави сигналдиҳии роҳи оҳанро пешниҳод намуд. Усули бо қубурҳо ба масофаҳои дур интиқол додани гази табииро низ кор карда, трансформатори барқиро такмил дод. Ҷорҷ Вестингҳаус муҳаррики барқии трамвай, тормози барқии қатораи метро, қатораи бо неруи барқ ҳаракаткунанда (электровоз), амортизатори автомобил ва ғайраро ихтироъ карда, барои ихтироъҳояш дар маҷмӯъ 400 иҷозатнома гирифтааст. Ҷорҷ Вестингҳаус соли 1893 бори аввал шабакаи барқие сохт, ки ба Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Чикаго равшанӣ дод. Соли 1894 даҳ генератори барқии ихтироъкардаи Ҷорҷ Вестингҳаус дар НБО-и шаршараи Ниагара насб карда шуд. Ҷорҷ Вестингҳаус президенти Ҷамъияти муҳандисон-механикҳои ИМА буд (1910).

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. 3.0 3.1 Вестингауз Джордж // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт

вироиш