Ҷуброн Халил Ҷуброн

Ҷуброн Халил Ҷуброн (ар. جبران خليل جبران‎, англ. Kahlil Gibran; 6 январ 1883[1][2][3][…], Bsharri[d], Mount Lebanon Mutasarrifate[d], Имперотурии Усмонӣ10 апрел 1931[1][2][3][…], Ню-Йорк, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико[4]) — яке аз нависандагони овозадори араб буда, соли 1883 дар деҳаи Башрраи Лубнон ба дунё омадааст.

Ҷуброн Халил Ҷуброн
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-apc" does not exist.
Ном ба ҳангоми таваллуд: Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-apc" does not exist.
Таърихи таваллуд: 6 январ 1883(1883-01-06)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 апрел 1931(1931-04-10)[1][2][3][…] (48 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, шоир, рассом, файласуф, қиссанавис
Солҳои эҷод: 1902[5]1931[5]
Жанр: шеър, масал[d], қисса[d], ҳикоят[d] ва намоишнома[d]
Забони осор: арабӣ[1], Amharic[d][1], фаронсавӣ[6] ва инглисӣ[7]
Имзо: имзо
kahlilgibran.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Соли 1885 оилаи Ҷуброн дар ҷустуҷӯи қути лоямут аввал ба Порис, баъд ба шаҳри Бостони ИМА ҳиҷрат мекунад. Туфулият на наврасии Ҷуброн бо азобу машаққат ва маҳрумиятҳои зиёде гузаштааст. Бо вуҷуди ӯ барои кумак расонидан ба оила ва соҳиби маълумот шудан аз кори чисмонӣ рӯ наметофт. Ин буд, ки ӯ тавассути кушишу ғайрат соҳиби хату савод ва маълумот гардида дар итидо касби суратгириро пешаи худ қарор медихад. Пас аз чанд муддате, баъди сайёҳати марказҳои тамаддуни ҷаҳони чун Рум, Лондон, Порис, Барюссел ва ғайра аз ҳайкалтарош ва рассоми бузурги фаронсавӣ Огюст Роден (1840—1917) нозукиҳои ин касбро аз худ мекунад. Баробари пайдо кардани малакаю махорат ва аз худ кардани нозукиҳои ин касб ӯ ба омӯзиши асарҳои шоир ва рассоми номии англис Уилям Блейк (1757—1827), ки дар доираҳои он рӯзаи адабиёту санъати Фаронса хеле машҳур ва таъсири амиқе дошт.

Ибтидои фаъолияти илмиву адаби ва кории Ҷуброн аз рассоми оғоз ёфтааст. Вале ӯ дар ин ҷода, суратгарӣ ва рассомӣ, комёб нагардида баъди фурсате аз ин кор даст мекашад. Баробари омӯзиши пайваста худ низ ба навиштани очерку новелла ва таронаву асарҳои мансур машғул мешавад.

Муносибатҳои пай дар пай вафоти хоҳар ва баъд модару бародар ӯро ба гушанишинию азобҳои рӯҳӣ гирифтор намуд.

Ранҷу азобҳои давраи наврасву ҷахони ва машаққатҳои зиёди зиндагӣ ӯро ба касалии сил гирифтор намуда буд. Ҷуброн соли 1931 дар айни авҷи камолоти эҷоди аз бемории сил вафот мекунад. Чуброн Халил чун сарояндаи шеъру мансур, яъне таронахо ба забонҳои арабиву англисӣ асарҳо эҷод намуда аст.

Таълифот

вироиш

Китобҳои ӯ «Арусҳои марғзор», «Ошӯбгарон», «Девона», «Ашкею табассуме», «Арвоҳи осӣ», «Болҳои шикаста», «Буронҳо», «Пайғамбар», «Рег ва кафк», «Пешрав», «Ҳайрат ва муҷиза», «Исо - зодаи одам», «Мусиқӣ» ва ғайра дар таъризи адабиёту фарҳанги араб марому мавқеи муҳиме дошта, ба забонҳои бисёри дунё тарҷума шудааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Benezit Dictionary of Artists (ингл.)OUP, 2006. — ISBN 978-0-19-977378-7
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 арабская Википедия — 2003.
  5. 5.0 5.1 RKDartists (нидерл.)
  6. Reed A. Orozco (ингл.)OUP, 1956. — P. 103.
  7. CONOR.Sl