Ҷумъабой Сангинов
Ҷумъабой Сангинов (Сангинов Ҷумъабой Раҳматович; зод. 22 феврали 1952, ноҳияи Масчо, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — пизишк, доктори илмҳои тибб, профессор. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994).
Зиндагинома
вироишҶумъабой Сангинов 22 феврали соли 1952 дар ноҳияи Масчо ба дунё омадааст. Соли 1974 Донишкадаи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Хонавода
вироишОиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Корнома
вироишФаъолияти коришаро дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №1-и шаҳри Душанбе оғоз кард. Минбаъд аз соли 1976 то соли 1980 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси духтури ҷарроҳ фаъолият кардааст. Муовини сардухтури беморхонаи мазкур буд.
Аз соли 1980 то соли 1982 ординатураи клиникиро дар Донишкадаи тиббии Тоҷикистон хатм намуда, дар Беморхонаи шаҳрии клиникии №5-и шаҳри Душанбе ба ҳайси духтури ҷарроҳ кор кардааст. Баъдтар, ба ҳайси мудири шӯъбаи ҷарроҳии ҳамин беморхона то соли 1985 кор кардааст.
Аз соли 1985 то соли 1987 сардори шӯъбаи кадрҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон буд. Солҳои 1987-1991 дар вазифаи сардухтури Диспансери ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, аз соли 1991 то соли 1996 сардори Раёсати тандурустии ҳукумати шаҳри Душанбе буд.
Баъдан, аз соли 2000-ум то 2011-ум 3 даъвати Маҷлиси Олӣ – даъватҳои II, III, IV, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Роҳбари фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон буд.
Дар ин замон ҳамеша бо ҷомеа ва расонаҳои кишвар иртибот дошт. Аз вакилони ҲХДТ буд, ки аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ намекард. Дар ҳар мавзӯе бештар талош мекард, ки на аз нигоҳи гурӯҳеву манфиатҳои ҳокимони вақт балкӣ бештар аз диди як давлатмард ва манфиатҳои миллӣ суҳбат мекард.
7-уми январи соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Ҷумъабой Сангинов муовини аввали раиси вилояти Суғд таъйин гардид. Дар ин солҳо лаҳзаҳои ҳассоси баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон идома дошт. Ҷумъабой Сангинов дар ин давра низ аз чеҳраҳои матраҳ буд. 28 апрели соли 2015 аз вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд ба нафақа рафт.
Ҳоло Ҷумъабой Сангинов машғули фаъолияти тиббӣ ва тадриси донишҷӯён мебошад.
Ҷоизаву унвонҳо
вироишДорандаи унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки соли 1994 гирифтааст.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироишСарчашма
вироиш- Ҷумъабой Сангинов(тоҷ.). EUCTJ. Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик (22 феврали 2021). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 феврали 2022.