Ҷумъабой Қузиев (тав. 1971, деҳаи Сангистон, ноҳияи Айнӣ), сароянда (иҷрокунандаи мақомҳо, мусиқии мардумӣ). Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷумъабой Қузиев
Ҷумъабой Қузиев
Таърихи таваллуд 1971(1971)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ
Пеша(ҳо) сароянда

Зиндагинома

вироиш

Баъди хатми мактаби ҳамагонӣ (1990), факултаи мусиқии тоҷики (шуъбаи мусиқии анънавӣ, тахассуси сароянда) Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (1992-1997) ба сифати сарояндаи шомили Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Ф. Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Ҷумъабой Қузиев дар ин муддат барои омӯзиш ва дарёфти сирҳои ниҳонии мақомҳо кӯшиш ба харҷ дода, дар иҷрои шохаҳои овозии «Шашмақом» – «Рок», «Талқин Қулмуҳаммади Удӣ чаи Савти Сабо», «Уфари Савти Наво», «Қашқарчаи Мустзоди Наво», «Қашқарчаи Савти Чоргоҳ», «Баёти 4» ва ғ. маҳорат, сабки хоси иҷроӣ ба харҷ додааст. Ҷумъабой Қузиев иштирокдори рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия (Москва 2005), ЮНЕСКО (Франсия, Париж, 2005), барномаҳои консертии 1100-солагии давлати Сомониён, 80-солагии пойтахти Тоҷикистон Душанбе ва ғ. аст.[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 113 ISBN 978-99947-49-13-3