Ҷумъаи Толиб
Ҷумъаи Толиб (Толибов Ҷумъабой Ҷӯраевич; 25 январ 1960, вилояти Суғд — 18 ноябр 2011, Вилояти Суғд) — рӯзноманигори тоҷик. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1194). Узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон (1987).
Таърихи таваллуд | 25 январ 1960 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 18 ноябр 2011 (51 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша | рӯзноманигор |
Зиндагинома
вироишҶумъаи Толиб 25 январи соли 1960 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст[1]. Соли 1979 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (факултети журналистика) дохил шуда, соли 1984 таҳсилро ба анҷом расонидааст. Аз соли 1989 то 1994 дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (факултети ҳуқуқшиносӣ) таҳсил кардааст.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Корнома
вироиш- Солҳои 1984—1994 дар газетаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шуъба шуда кор кардааст.
- Солҳои 1994—1995 сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд.
- Солҳои 1995—1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан».
- Солҳои 1998—2004 мудири шуъбаи ҳуқуқи Ҳукумати ноҳияи Айнӣ.
Дар натиҷаи нашри мақолаҳои интиқодӣ нисбат ба мақомоти қудратӣ 8 моҳ зиндонӣ шуд. Пас аз он боз ба рӯзноманигорӣ баргашт.
- Солҳои 2004—2005 мухбири махсуси Маркази тадқиқоти журналистӣ дар водии Зарафшон.
- Солҳои 2005—2006 директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистӣ.
- Солҳои 2007—2008 директори Оҷонсии иттилоотии «Зарафшон-таймс».
Аз соли 2008 директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ҳамзамон, аз моҳи марти соли 2009 сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» буд.
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии матбуоти Тоҷикистон.
Беморӣ ва даргузашт
вироишҶумъабой Толибов бар асари бемории саратон[2] 18 ноябри 2011 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ даргузашт.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ҷумъаи Толиб: “Маро ноҷавонмардии дӯст мекушад...”(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 25 Январ 2023 санҷида шуд.
- ↑ Даъвати кӯмак ба журналист Ҷумъаи Толиб(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 25 Январ 2023 санҷида шуд.