Владимир Ленин

(Тағйири масир аз Ленин)

Владимир Илич Ленин (русӣ: Влади́мир Ильи́ч Улья́нов, тахаллус Ле́нин; 10 (22) апрели 1870, Симбирск21 январи соли 1924, дар Горкии Ленинӣ, вилояти Москва) — ходими сиёсӣ ва давлатии шуравӣ.

Владимир Ленин
Владимир Илич Улянов
парчам
1-умин раиси Шӯрои Комиссарҳои Халқии СССР
парчам
6 июли 1923 — 21 январи 1924
Пешгузашта вазифа таъсис ёфтааст
Ҷонишин Алексей Иванович Рыков
парчам
1-умин Раиси Шурои Вазирони РСФСР
парчам
27 октябр (9 ноябр1917 — 21 январи 1924
Пешгузашта вазифа таъсис ёфтааст; Александр Фёдорович Керенский как министр-председатель Ҳукумати мавақатии Русия
Ҷонишин Алексей Иванович Рыков
парчам
1-ум раиси Шӯрои Меҳнат ва Мудофиаи СССР
парчам
17 июли 1923 — 21 январи 1924
Пешгузашта вазифа таъсис ёфтааст
Ҷонишин Лев Борисович Каменев
25 марти 1919 — 21 январи 1924
парчам
Узви Бюрои ҳизбии КМ РСДРП(б)
10 (23) октября 1917 — 4 (17) ноября 1917
Таваллуд 22 апрел 1870(1870-04-22)[1][2][3][…]
Даргузашт 21 январ 1924(1924-01-21)[5][6][2][…] (53 сол)
Мадфан
Дудмон Blank family[d]
Ном ҳангоми таваллуд русӣ: Владимир Ильич Ульянов
Падар Ilya Ulyanov[d]
Модар Maria Ulyanova[d]
Ҳамсар Nadezhda Krupskaya[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият Leninism[d], сиёсат[8] ва коммунизм[8]
Эътиқод атеизм[9] ва масеҳияти православӣ[10]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Набардҳо
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Зиндагинома

вироиш

Владимир Илич Улянов (Ленин-тахаллуси ҳизбӣ ва адабӣ) 22 апрели соли 1870 дар Симбирск (Уляновск), губернияи Қазон чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падараш омӯзгори гимназия буд, баъдтар нозири омӯзишгоҳҳои халқӣ таъйин шуд. Ӯ педагоги маъруф ва муаллифи усули оммафаҳми таълими бачаҳо ба ҳисоб мерафт. Модараш ҳаёти хешро ба тарбияи фарзандон бахшид. Ӯ зане буд оқила, донандаи чандин забонҳо ва навозандаи созҳои мусиқӣ.

Давраи ҷавонӣ

вироиш

Дар 5-солагӣ Володя хонданро омӯхт, дар 9-солагӣ ба синфи якуми гимназияи Симбирск шомил гашт. Бо шавқи беҳамто сабақ мегирифт, лаёқаташ ҳайратовар буд ва ба таҳсил муносибати хеле ҷиддӣ дошт, ҳамеша бо туҳфа аз синф ба синф мегузашт. Аллакай дар солҳои наврасӣ ба Владимир мусибати сахтеро таҳаммул намудан пеш омад. Дар 15-солагӣ аз падар, дар 17-солагӣ аз бародари калонӣ маҳрум гашт. Баҳори соли 1887 Александр Уляновро ҳабс ва баъд барои иштирокаш дар сӯиқасди зидди шоҳ қатл карданд. Қатли бародари дӯстдоштааш Владимирро ба изтироби фавқулода овард, мушавваш намуд. Ва дар айни ҳол ин ҳодиса ҷавонро маҷбур сохт, ки роҳҳои нав ба нави муборизаро биандешад. Ӯ ба хулосае расид, ки муборизаи якка ба якка, ҳарчанд намунаи диловарист, натиҷаи чашмрас намеорад. «Не, мо бо ин роҳ намеравем», - қатъӣ қарор дод ӯ,- бо чунин роҳ рафтан даркор нест». Дар ин ҳангом Владимир дар синфи охирини гимназия мехонд. Ғаму андӯҳи сангинро бартараф сохта, ба таври аъло имтиҳон супурда, соҳиби медали тило ва Номаи камол мегардад.

Оғози фаъолияти инқилобӣ

вироиш

Соли 1887 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи Қазон мешавад. Дар ин ҷо бо донишҷӯёни рӯҳияи инқилобӣ дошта робита пайдо менамояд. Дар оғози моҳи декабри соли 1887 барои иштироки фаъолона дар ҳамоиши донишҷӯён аз донишгоҳ хориҷ ва ҳабс гашт. Баъдтар Владимир Илич гуфтугӯяшро бо сардори пулиси маҳаллӣ, ки ӯро ба маҳбас мебурд, чунин ба ёд овард: «Чаро шумо, одами ҷавон, ошӯб мебардоред,- маслиҳатомез гуфт ба ӯ пристав,-охир рӯ ба рӯ девор истодааст!». «Девор ҳаст, вале он пӯсидааст, тела диҳӣ, меафтад!»-посух додааст Улянов. Ҳамин тавр дар ҳабдаҳсолагӣ ба роҳи муборизаи зидди ҳукумати подшоҳӣ рафт. Ба Кокушкино бадарға шуд, тирамоҳи соли 1888 иҷозат доданд, ки ба Қазон ояд. Ба маҳфили пинҳонии инқилобӣ, ки асарҳои К.Маркс ва Ф.Энгелсро меомухтанд, шомил гардид. Тирамоҳи соли 1889 оилаи Уляновҳо ба Самара кӯчид. Владимир дар ин ҷо низ бо инқилобгарон пайваст. Ҳукумати подшоҳӣ зидди таҳсили минбаъдаи ӯ буд. Аз ин рӯ Владимир пас аз дархостҳои зиёд иҷозат гирифт, ки дар донишгоҳи Петербург ба таври экстернӣ имтиҳон супорад. Якуним сол омодагӣ дид ва соли 1891 бомуваффақият аз имтиҳонҳо гузашт. Аз ҳамаи фанҳо баҳои аъло гирифт. Ба вай дипломи дараҷаи якумро муносиб донистанд. Дар Самара ба фаъолияти адвокатӣ пардохт. Моҳи августи соли 1893 ба Петербург баргашт ва соли 1894 бо Надежда Константиновна Крупская, муаллимаи мактаби якшанбегии шабонаи коргарҷавонони паси заставаи Нева, шинос шуд ва кори умумӣ онҳоро ба ҳам наздиктар овард. Баҳори соли 1895 бо супориши марксистони петербургӣ баҳри пайвастани робита бо гурӯҳи «Озодии меҳнат» ба хориҷа меравад. Дар Швейтсария бо аъзои гурӯҳи «Озодии меҳнат» Г.В.Плеханов ва П.Б.Акселрод вохӯрда, бо онҳо чопи маҷмӯи мақолаҳоро бо номи «Коргар» маслиҳат менамояд. Тирамоҳи соли 1899 ба Улянов муяссар гашт, ки ҳамаи маҳфилҳои марксистии Петербургро дар як ташкилот муттаҳид созад. Ҳамин тавр «Иттифоқи муборизон барои озодии синфи коргар» бунёд ёфт ва тобистони соли 1896 нахустин намоиши 30-ҳазорнафараи коргарони фабрикаҳои бофандагии Петербургро ташкил намуд. Корпартоӣ обрӯи сотсиал-демократҳои Петербургро хеле боло бардошт. Ҳукумати подшоҳӣ фаъолияти «Иттифоқ»-ро зери таъқиб гирифт ва ба он зарбаи сахт зад. Дар оғози моҳи декабри соли 1896 аксарияти аъзои он бо сарварии Улянов ба ҳабс афтоданд. Шумораи якуми ба нашр омодагаштаи рӯзномаи «Рабочее дело» низ мусодира гардид. Владимир Илич зиёда аз 14 моҳ дар камераи яккасаи ҳабсхонаи Петербург зиндонӣ шуд. 13 феврали соли 1897 ҳукми суд баромад. Ба муддати се сол ба Сибири Шарқӣ бадарға намуданд. Моҳи майи соли 1897 ба деҳаи Шушенск расид. Воқеан, гумон меравад, ки Улянов тахаллуси «Ленин»-ро аз номи дарёи Лена гирифтааст. Баъди чанд вақт ба ин ҷо Крупская низ бадарға шуд. Моҳи июли соли 1898 онҳо акди никоҳ бастанд. Ҳанӯз дар маҳбас Улянов ба эҷоди асари калонҳаҷм даст зада буд ва онро соли 1898 бо номи «Рушди капитализм дар Русия» ба итмом расонд. Баъди анҷоми муҳлати бадарға Владимир Илич ба Швейтсария рафта, бо марксистон робита пайдо намуд ва дар чопи рӯзномаи «Искра» саҳм гирифт. Аз охири соли 1900 чопи рӯзнома ба роҳ монда шуд. Сотсиал-демократҳо «Искра»-ро пинҳонӣ дар Русия, дар байни коргарон паҳн мекарданд. Айни замон дар саросари Русия созмонҳои пинҳонкор фаъол гаштанд. Маҳз дар ҳамин айём (1902) бори нахуст мақолаҳо бо имзои Ленин пайдо шуданд. Соли 1902 Ленин китоби «Чӣ бояд кард?»-ро нашр намуд ва дар он консепсияи худро ба ҳизб иброз дошт. Ҳизб ин созмони марказонидашудаи инқилобчиёни касбӣ мебошад, мегуфт ӯ. Соли 1903 дар съезди II РСДРП ҳизб ба ду тақсим мегардад ва ҷонибдорони Ленин болшевик ном мегиранд. Ҳангоми инқилоби соли 1909 Ленин ба Русия меояд ва аз он ҷо ба Финляндия меравад. Ленин бо ҳамаи ҳизбҳои Русия, ки ба ақидааш зид мебаромаданд, муборизаи оштинопазир мебурд, ҳатто баъзе болшевиконро идеалист гуфта, сахт танқид мекард. Соли 1912 робитаро бо меншевикон ҳам пурра барканд ва ҳизбашро РСДРП (б) номид. Аз 5 майи соли 1912 рӯзномаи болшевикон «Правда» арзи ҳастӣ намуд. Аз соли 1912 Ленин дар Австрия мезист, дар оғози ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба Швейтсария кӯчид. Дар конфронсҳои Сим-мервалд (1915) ва Кинтал (1916) вай зарурати аз ҷанги ҷаҳонӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ гузаштанро талқин менамуд ва исбот мекард, ки танҳо дар Русия низ сотсиализм сохтан мумкин аст. Идеяҳои худро дар асари «Империализм дараҷаи олии капитализм » иброз дошт. Баъди инқилоби февралии соли 1917 Ленин ба Русия баргашт. 3 апрели соли 1917 ба Петроград омад ва филфавр сарварии муборизаи инқилобиро ба уҳда гирифт. Бо роҳи осоишта аз дасти Ҳукумати муваққатӣ ба Шӯрои намояндагони коргару солдатҳо гузаштани ҳукуматро тарғиб мекард. Тобистони соли 1917 мавқеи Ҳукумати муваққатӣ мустаҳкам гашт. Ленин маҷбур шуд, ки пинҳон шавад. Аввал дар соҳили кӯли Разлив, сипас дар Финляндия паноҳгоҳ меёбад. Дар аввали моҳи октябри соли 1917 пинҳонӣ ба Петроград бармегардад. 24 октябр (аз рӯи солшумории куҳна) ба Смолний омада, шӯриши мусаллаҳонаро роҳбарӣ менамояд. Пас аз фатҳи Қасри зимистона ҳукумат ба дасти Шурой намояндагони коргарону солдатҳо мегузарад.

Ленин сарвари ҳукумати халқӣ

вироиш

Ҳукумати нав - Шӯрои Комиссарони Халқ (Совнарком)-ро Ленин сарвар шуд. Вай дар бораи сулҳ, замин декрет қабул намуд ва баъд ба бунёди сотсиализм роҳбарӣ кард. Ба ӯ лозим меомад, ки муттасил муқобилияти шадиди ҳаммаслаконашро низ нисбати сулҳи Брест (1918) барои баромадани Русия аз Ҷанги якуми ҷаҳон, иттифоқҳои касаба ва масъалаҳои миллӣ бартараф созад. Ленин дар ҳалли масъалаҳои басо мураккаб ва тезутунд роҳҳои ҳалли ба ҳар тараф манфиатбахшро меёфт, ӯ дар ҳалли проблемаҳо гузашт карда метавонист. Бисёр вақт баъди сипарӣ гаштани чанд муддат ба қарорҳои пешина иловаҳо, тағйирот ворид месохт ё аз баҳрашон мегузашт. Дар масъалаи Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) ҳамин тавр шуда буд. 30 августи соли 1918 аз ҷониби эсер Каплан ба ҷони Ленин сӯиқасд амалӣ гашт. Бо тири заҳролуд Владимир Илич захми вазнин бардошт. Баҳори соли 1922 доҳии болшевикон ба сактаи майна дучор гашт. Охири соли 1922 аввали соли 1923 ба ҳизб васиятномаи сиёсӣ навишта, чанд пешниҳоди муҳим иброз медорад. Сипас, қариб як сол дар бистари маризӣ бо ҷисми афгор хоб меравад ва 21 январи соли 1924 мемирад.[11]


  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Eesti biograafiline andmebaas ISIK (эст.)
  3. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. P. Vi. Lenin, Vladimir Ilich (ингл.) // The Enciclopædia Britannica — 12 — London, NYC: 1922. — Vol. XXXI English History to Oyama, Iwao.
  5. Ленин Владимир Ильич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1973. — Т. 14 : Куна — Ломами. — С. 294—300.
  6. Resis A. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  7. https://lenin.shm.ru/2410-2/
  8. 8.0 8.1 Чешская национальная авторитетная база данных
  9. Ленин В. И. Соціализмъ и религія (рус.) // Novaya Zhizn — 1905. — вып. 28.
  10. http://philosophy.lengu.ru/wp-content/uploads/2015/10/Religiya-i-Bibliya-v-trudah-V.-I.-Lenina.pdf
  11. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузургтарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 89 - 94