Ҷумъақул Ҳамроев (Ҷумъа Ҳамроҳ) (07.07.1947, ш. Турсунзода), доктори илмҳои филология (2006), профессор (2011).

Ҷумъақул Ҳамроев
Ҷумъақул Ҳамроев
Таърихи таваллуд 7 июл 1947(1947-07-07) (77 сол)
Зодгоҳ Турсунзода
Кишвар  Ӯзбекистон
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Зиндагинома

вироиш

Соли 1968 шуъбаи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, дар ҳамин ҷо ба сифати корманди илмӣ, мудири шуъбаи дастхатҳои китобхонаи илмии донишгоҳ хидмат намуда (1969-1977), минбаъд муаллими кафедраи педагогика ва психология (1978-2001), муаллим, дотсент (2001-2007) ва аз 2007 мудири кафедраи адабиёти тоҷик Донишгоҳи давлатии Самарқанд кор кардааст. Ба яке аз бахшҳои адабиётшиносӣ-нақди бадеӣ таваҷҷуҳ намуда, махсусияти онро дар баррасии осори мансуру манзуми адибони муосири тоҷик нишон додааст. Ковиши илмиаш хусусан бобати танқиди адабии солҳои 60-80-уми асри гузашта ва таъсири он ба пешрафти адабиёти тоҷик шоистаи ситоиш мебошад.

  • Таджикская критика прозы в 60-е начале 80-х годов. – Д., 1990;
  • Нақди Юнони қадим ва шеъри форсӣ-тоҷикӣ. – Самарқанд, 2001;
  • Ҷараёнҳои адабӣ. – Самарқанд, 2002; Нақди насри бадеии тоҷикӣ. – Д., 2005;
  • Адабиёт. Китоби таълимӣ. – Тошканд, 2005; Нақди шеър. – Д., 2006;
  • Шоири тавоно ва мутафаккири ҳамадон. – Таш., 2007;
  • Таджикская литературная критика в 60-80-х годах ХХ века: (самосознание критики, критика поэзии, критика прозы): Дисс… доктора филол. наук. – Д., 2006;
  • Таърихи адабиёти навини тоҷик. Китоби дарсӣ. – Тошканд, 2015.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Д., 2017. – с. 653