Исёни Муқаннаъ
Ҷунбиши Сапедҷомагон (форсӣ: جنبش سپیدجامگان), ё Исёни Муқаннаъ (776—783) — идомаи ҷунбишҳои бумуслимия ё хунхоҳони Абумуслими Хуросонӣ дар соли 777 ба раҳбарии Ҳошим ибни Ҳаким мулаққаб ба Муқаннаъ рух дод, ҳаводорони ӯ аҳли Мовароуннаҳр, Суғд, Бухоро буданд, ки барои мухолифат бо Аббосён, ки ҷомаи сиёҳ доштанд, ҷомаи сапед пӯшиданд ва ба ин ном машҳур шуданд[1]. Бархе муътақиданд, ки ҷомаи сапед дар миёни пайравони Муқаннаъ ношӣ аз осори ақоиди монавӣ дар ойину эътиқодот онҳо будааст, зеро ҷомаи рӯҳониюни монавиён ва бархе фирқаҳои дигар дар он замон сапед будааст ё лоақал бо бар тан кардани ҷомаи сапед қасд доштаанд иттиҳод ё тааллуқи худ ба монавиёнро, ки теъдодашон дар он замон дар Мовароуннаҳр зиёд будааст, нишон бидиҳанд[2].
|
Таърих
вироишСоли 775 пайравони Муқаннаъ дар деҳаи Нумиҷкати Бухоро ҷой гирифта, шаб ба масҷид даромада, муаззин ва понздаҳ нафари дигарро кушта, мулки феодалон ва рўҳониёнро мусодира карданд, Ситоди исёнгарон деҳаи Наршахи наздикии Бухоро буд. Дар ин марҳила ба исён туркон низ ҳамроҳ шуданд. Соли 776 дар назди деҳаи Наршах байни қувваи ҳарбии арабҳо ва пайравони Муқаннаъ муҳорибаи хунине ба миён омад, ки дар он исёнгарон шикаст хўрда, ҳафтсад нафар аз пайравони Муқаннаъ сари худро дар роњи талаби озодӣ қурбон карданд. Вале ин ғалабаи арабҳо вазъияти харбию сиёсиро тағйир дода натавонист. Арабҳо исёни сафедҷомагонро дар Наршах суст карда, барои мубориза бурдан бо пайравони онҳо ба Самарқанду Кеш қувваи ҳарбӣ сафарбар карданд. Халифаи араб ал-Маҳдӣ (775—785) Саид-ал-Ҳарроширо амири Хуросон таъйин карда, тамоми қувваи ҳарбии арабҳоро барои пахш кардани исёни сафедҷомагон ва асир гирифтани Муқаннаъ сафарбар кард. Сафедҷомагон дар якҷоягӣ бо туркон дар Самарқанд ба муқобили арабҳо ду сол ҷангиданд ва азбаски қувваҳои ҷанги нобаробар буд, пайравони Муқаннаъ шикаст хўрда, Самарқандро ба арабҳо таслим карданд. Пас аз ин нерўи љангии арабҳо бо сарварии Саид ал-Ҳаррошӣ барои саркўб кардани сафедҷомагон ба водии Қашқадарё, ҳуҷум карданд. Дар марҳилаи охирини задухўрдҳо дар водии Кеш пайравони Муқаннаъ дар кӯҳҳо ва гирду атрофи қалъаи Сиём муттаҳид шуда, ба муқобили арабҳо ҷангиданд[3].
Марҳилаи нави бархӯрдҳоро дар Кеш амири нави Хуросон Мусайяб ибни Зуҳар (780—783) сарварӣ кард. Пайравони Муқаннаъ аз ҷониби арабҳо ба муҳосира гирифта мешаванд. Баъди муҳосираи дарозмуддат ва ҷангҳои тӯлонӣ арабҳо, ки қувваи бениҳоят зиёд доштанд, қалъаи дастнорас, яъне қароргоҳи Муқаннаъро ишғол намуда, исёнро шикаст медиҳанд. Бародари Муқаннаъ Қабзам бо се ҳазор нафар, фармондеҳи мудофеони қалъаи Сиём Сармоҳа бо се ҳазору сесад нафар исёнгарон ба сарлашкари араб Саид ал-Ҳаррошӣ таслим мешавад, вале Муқаннаъ ба душман зинда таслим шудан нахоста, худро ба оташи танӯри фурӯзон партофта, ба ҳалокат мерасад. Ҳамин тавр ин шӯриш соли 783 пахш карда мешавад, вале пайравони Муқаннаъ то муддатҳои тӯлонӣ зингдагӣ мекарданд ва номи пешвои худро низ зинда нигоҳ медоштанд[3].