Жан Анрӣ Дюнан (фр. Jean Henri Dunant; 8 май 182830 октябри 1910) — соҳибкор ва арбоби ҷамъиятии швейтсарӣ. Ҷияни физик Жан-Дениэл Колладон. Ташаббускори аслии таъсиси созмони байналмилалии башардӯстонаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх.

Анрӣ Дюнан
фр. Jean Henry Dunant
Таърихи таваллуд: 8 май 1828(1828-05-08)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 30 октябр 1910(1910-10-30)[1][2][3][…] (82 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: корофарин, нависанда, бунёнгузори созмон, бозаргон
Забони осор: фаронсавӣ[1][6]
Ҷоизаҳо:
Order of Glory Order of the Crown (Prussia) Order of the Redeemer Knight of the Legion of Honour Royal Order of Vasa Order of Saints Maurice and Lazarus Order of Christ Albert Order Friedrich Order Order of the Zähringer Lion Order of Ludwig I
Ҷоизаи сулҳи Нобел
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш
 
Дюнан дар соли 1901
 
Анри Дюнан дар маркаи почта дар Ветнам дар соли 1960 (Sc № 137)

Дар соли 1859 ӯ шоҳиди оқибатҳои ҷанги Солферино буд — вақте ки нуҳ ҳазор нафар беморону ярадор дар майдони ҷанг ба марг монданд. Дюнан аз дидааш дар ҳайрат афтода, китоби «Хотираҳои ҷанги Солферино»-ро навишт [7] ва кӯшиш мекунад, ки Ҷамъияти кӯмак ба захмиёнро таъсис диҳад. Ба шарофати саъю кӯшиши ӯ Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх таъсис дода шуд ва соли 1864 аввалин Конвенсияи Женева оид ба беҳтар намудани вазъи захмиён дар ҷангҳои хушкӣ гузаронида шуд . Дар соли 1901 дар якҷоягӣ бо Фредерик Пассии франсавӣ аввалин барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид.

Зодрӯзи Анри Дюнан — 8 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҷлил мешавад.


Жан-Анри Dunant дар шаҳри Ҳайден (кантони (вилояти) Аппенсел-Аусерроден, Швейтсария), 30 октябри соли 1910 фавтид.

Соли 2006 дар бораи ӯ як филми бадеии телевизионии " Ҳенри Дюнан: Дю Руж сур ла кройс " ба навор гирифта шуд.

Пайвандҳо

вироиш