Ҷӯрабой Холиқов (6 феврали 1942, Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — кимиёдони тоҷик, номзади илмҳои химия (1971), доктори илмҳои химия (1990), профессор (1994), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Лауреати мукофоти давлатӣ дар соҳаи илм ва техника ба номи Абуали ибни Сино (1996)..

Ҷӯрабой Холиқов
Холиқов Ҷӯрабой
Таърихи таваллуд 6 феврал 1942(1942-02-06) (82 сол)
Зодгоҳ Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ (1994), Узви пайвастаи АИҶТ
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Осиёи миёна ба номи В.И.Ленин (1963)
Донишгоҳи давлатии Маскав (1965)
Ҷоизаҳо Лаурияти мукофоти давлати дар соҳаи илму техника ба номи Абуали ибни Сино (1996),
Медали ҷашнии "20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (2011)

Зиндагинома вироиш

Ҷӯрабой Холиқов 06-уми феврали соли 1942 дар шаҳри Конибодом вилояти Суғд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1965 факултети химияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М. В. Ломоносовро (ДДМ) хатм намудааст. Солҳои 1965—1967 коромӯзи Институти химия дар ДДМ, 1967—1970 аспиранти рӯзонаи кафедраи "Пайвастагиҳои калонмолекулавӣ"-и, факултети химияи ДДМ. Пас аз хатми аспирантура ва ҳимояи диссертасияи номзади дар Институти химия ба ҳайси ходими хурди илмӣ (1971—1974), ходими калони илмӣ (1974—1985) ва аз соли 1985 то 1994 мудири шуъбаи полимерҳои тиббӣ — биологӣ, аз соли 1998 то ҳол мудири озмоишгоҳи химияи "пайвастагиҳои калонмолекулавӣ" мебошад. Аз соли 2000 ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи директори Институти химияи ба номи В. И. Никитини АИ ҶТ таъйин шуда, аз соли 2002 вазифаи ҷонишини директорро бар уҳда дошт ва соли 2003 аз нав ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи директори Институт таъйин гашт. Аз соли 2004 ба вазифаи директори Институт интихоб шуда, соли 2009 боз аз нав ба муддати 5 сол ба ин вазифа интихоб гаштааст. Аз соли 2014 то имрӯз вазифаи мудири озмоишгоҳи пайвастагиҳои калонмолекулавиро ба уҳда гирифтааст.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Холиқов Ҷӯрабой мутахассиси соҳаи химияи полимерҳо аст. Ӯ саҳми арзанда дар соҳаи ҳосилкунии полимерҳои таббӣ-биологӣ дар асоси мономерҳои этинилпиперидол ва моддаи пектинӣ гузошта аст. Тадқиқотҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба коркарди усулҳои синтези полимерҳои хаттӣ, шоха ва тӯриро дар асоси мономерҳои дар боло зикр шуда, коркарди ҷудокунӣ ва тозакунии моддаи пектинӣ, омӯзиши структуравӣ, хосиятҳои физико-химиявӣ ва комплексҳосилкунии полимерҳои синтезшуда бо пайвастагиҳои фаъоли биологӣ, таҷрибавӣ асосноккунии клиники татбиқи онҳо дар соҳаи амалии тиббиро фаро мегирад. Дар натиҷаи корҳои синтезии моддаҳо ва маводҳои дорои хосиятҳои гемостатикӣ, зиддимикробӣ ва зиддигепаринӣ иҷро гардидааст. Ҳосил намудани гемосорбентҳо-гидрогел барои ихроҷ намудани билирубин, олигопептидҳои заҳрнок ва липополисахаридҳои микробӣ аз хун ва лимфа хеле самаранок аст. Гидрогел дар асоси полимерҳои нитрогендор омили-ҳассос синтез шудааст. Як қатор тадқиқотҳои илмӣ дар амал истифода гардидаанд. Истеҳсоли гемо ва энтросорбент «ИХАНТ» бо қарори Вазорати тандурустии СССР барои озмоиши клиникии иҷозат дода шудааст ва дар клиникаҳои Москва, Санкт-Петербург, Душанбе ва Хуҷанд гузаронида шудааст. Истеҳсолоти санҷишии технологияи истеҳсоли маводҳои хунқатъ кунӣ ва зидди микробӣ дар базаи комбинати пахтаи Глухов (Русия) гузаронида шуда ва хулосаи мусбати ВНИИМТ Вазорати тандурустии СССР сазовор гардида аст. Рухсатномаи зоофармкомитети Русия барои ба кор бурдани таркиби зидди микробӣ ва гузаронидани озмоишҳои он барои муолиҷаи бемориҳои меъдаву рӯда ва бронҳопневмонии ҳайвонот гирифта шудааст ва дар як қатор хоҷагиҳои ҶТ ва Русия ин муолиҷа ба роҳ монда шуда аст. Вазорати тандурустӣ барои истифодаи пектини пастметилиронидашуда дар соҳаи тиб иҷозат додааст. Дар солҳои охир ҳамкорӣ бо ходимони озмоишгоҳи химияи ПКМ Институти химия ва Маркази минтақавии департамети давлатии хоҷагии кишоварзии ШМА дар доираи ду лоиҳаи МНТЦ якчанд усулҳои нави ҳосилкунии пектини аълосифат бо истифодаи фишори баланд, тозакунии пешакӣ аз ионии металлҳо аз матритсаи ҳуҷайраҳои рустанӣ ва тоза намудани маҳлулҳои гидролизӣ бо тавассути ултра ва диафилтратсия ба роҳ монда шудааст. Холиқов Ҷӯрабой муаллифи тақрибан 400 нашриёт ва зиёда аз 20 ихтироъ мебошанд. Ӯ соҳиби унвони «Ихтирокорони беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1997) гардидааст. Дар зери роҳбарии Холиқов Ҷӯрабой 3 докторон ва зиёда аз 20 номзади илмӣ ҳимоя намудааст. Холиқов Ҷӯрабой муовини раиси шӯроҳои диссертатсионии D.047.003.01 ва 6D.KOA-007 барои додани унвонҳои доктори илм дар Институти химия мебошанд.

Осори илмӣ вироиш

Академик Ҷ.Холиқов муаллифи 2 монография ва зиёда аз 400 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Китобҳо (монографияҳо) вироиш

  1. Синтез, физико-химические и биологические свойства полимеров производных этинилпиперидола. /Халиков Д. Х. Монография. -Душанбе: Дониш, 2012, 298с.
  2. О сорбционной активности пектиновых полисахаридов по отношению к ионам металлов / Халиков Д. Х., Мирзоева Р. С., Бободжанова Г. Н., Горшкова Р. М., Халикова С., Авлоев Х. Х. / / Докл. АН Республики Таджикистан. −2017. — Т.60, № 7-8.- С. 333—341.
  3. Действие кислотности раствора и фонового электролита на выход и уранидные срставляющие продуктов распада протопектина корзинки подсолнечника в потоке раствора /Халиков Д. Х., Бободжанова Г. Н., Горшкова Р. М., Махкамов Х. К. / / Докл. АН Республики Таджикистан. −2017. — Т.60, № 5-6.- С. 251—258.
  4. Влияние скорости потока на гидролиз-экстракцию корзинки подсолнечника в динамическом режиме/ Халиков Д. Х., Бободжанова Г. Н., Горшкова Р. М., Махкамов Х. К. / Докл. АН Республики Таджикистан. −2017. — Т.60, № 3-4.- С. 157—163.
  5. Molecular and conformational characteristics of pectin polyelectrolytes / Khalikov D., Gorshkova R. /11-th International Symposium on Polyelectrolytes, June 27- 30, Moscow 2016, Abstract book, p. 41.
  6. Кинетика распада протопектина различных источников под действием высокой температуры и давления/ Д. Х. Халиков, М. В. Валиев, Р. М. Горшкова, З. К. Мухидинов, С.Халикова // Докл. АН Республики Таджикистан. −2013. — Т.56, № 11.- С. 882—888.
  7. Энергия активации распада протопектина корзинки подсолнечника в потоке гидролизируюшего раствора/ Д. Х. Халиков, Р. М. Горшкова, Х. К. Махкамов, З. К. Мухидинов // Докл. АН Республики Таджикистан. −2013. — Т.56, № 8.- С. 623—628.
  8. Гарехбаш Н., Халиков Д. Х. Физико-механические свойства нанокомпозитов на основе полипропилена, модифицированного монтмориллонитом / Докл. АН Республики Таджикистан. −2013. — Т.56, № 3.- С. 215—221.
  9. Распад протопектина корзинки подсолнечника как последовательная реакция, протекающая в потоке / Д. Х. Халиков, Р. М. Горшкова, Х. К. Махкамов, З. К. Мухиддинов // Докл. АН Республики Таджикистан. −2012. — Т.55, № 12.- С. 975—980.
  10. Композиционные материалы на основе суспензионного и эмульсионного поливинилхлорида / А. Визвои, Д. Х. Халиков// Докл. АН Республики Таджикистан. −2012. — Т.55, № 11.- С. 892—898.
  11. Physico-chemical characterization of pectic polysaccharides from various sources obtained by steam assisted flash extraction (SAFE) /Z.R. Muhidinov, Kh. Teshaev, A. Jonmurodov, D. Khalikov, M. Fishman // Macromolecular Symposia, volume 317—318, issue 1, 2012, p. 142-148.
  12. Ионное равновесие в растворах полимеров этинилпиперидола и пектиновых веществ, синтез интерполиэлектролитные комплексы на их основе /Д. Х. Халиков // Изв. АН Республики Таджикистан. Отд-ние физ.-мат., хим., геолог. и техн. наук. — 2011.-№ 2(143). — С.88-104.
  13. Молекулярные и конформационные характеристики пектиновых веществ/Халиков Д. Х., Рахматов Б. С., Авлоев Х. Х., Мухидинов З. К.//Доклады Академии наук Республики Таджикистан. 2010. Т. 53. № 2. С. 126—130.
  14. Physicochemical principles of plant-cell protopectin decomposition by acid catalysts /Khalikov D.K., Mukhiddinov Z.K. //Chemistry of Natural Compounds. 2004. Т. 40. № 2. С. 101—114.
  15. Development and characterization of different low methoxy pectin microcapsules by an emulsion-interface reaction technique /Muhiddinov Z., Khalikov D., Speaker T., Fassihi R. //Journal of Microencapsulation. 2004. Т. 21. № 7. С. 729—741.
  16. Some characteristics of sunflower protopectin decomposition products /Khalikov D.Kh., Mukhiddinov Z.K., Avloev Kh.Kh., Abdusamiev F.T. /Chemistry of Natural Compounds. 1999. Т. 35. № 5. С. 511—514.
  17. Некоторые характеристики продуктов распада протопектина подсолнечника /Халиков Д. Х., Мухиддинов З. К., Асоев М. Г., Абдусамиев Ф. Т. //Химия природных соединений. 1999. № 5. С. 581.
  18. Polymers of ethynylpiperidol derivatives: synthesis, physicochemical properties, and applications /Khalikov D.Kh. //Polymer Science. Series B. 1996. Т. 38. № 1-2. С. 70-79.
  19. Некоторые кинетические особенности гидролиза протопектина / Д. Х. Халиков, З. К. Мухиддинов, М. Г. Асоев, В. А. Дегтярев // Химия природных соединений. — 1994. — № 6. — С. 787—793.
  20. Термодинамический анализ связывания йода сетчатыми полимерами производных этинилпиперидола / Д. Х. Халиков, Г. А. Маджлисова // Высокомолекулярные соединения. Сер. А. — 1991. — Т. 33, № 9.- C.1841-1848.
  21. Особенности взаимодействия сывороточного альбумина с сетчатыми полимерами производных этинилпиперидола / Д. Х. Халиков, З. Б. Шарифова, Ф. Х. Сафиуллина // Высокомолекулярные соединения. Сер. А. −1991. -Т. 33, № 11. — С.2322-2328.
  22. Особенности ионизации сетчатых полимеров этинилпиперидола / Д. Х. Халиков, З. Б. Шарифова, Л. П. Шведова, Ф. Х. Сафиуллина // Высокомолекулярные соединения. Сер. А. −1991.- Т.33, № 6. — С.1294- 1300.
  23. О реакционноспособности мономеров этинилпиперидола / Д. Х. Халиков, З. Б. Шарифова, И. Н. Григина // Высокомолекулярные соединения. −1990.- Т.-32, № 4. — С.732-737.
  24. Синтез сетчатых полимеров йодметилата изопропенилэтинилтри-метилпиперидола и их сорбционная активность к сывороточному альбумину. / Д. Х. Халиков, З. Б. Шарифова, Ф. Х. Сафиуллина, Г. С. Санюкович // Высокомолекулярные соединения. Сер. А. — 1989. — Т.-31, № 10.- С.2046-2048.
  25. Особенности формирования и набухаемость сетчатого полимера этинилпиперидола. / Д. Х. Халиков, З. Б. Шарипова, Ф. Х. Сафиуллина и др. // Высокомолекярные соединения. Сер. А. — 1989. — Т.-31, № 7.- С. 1426—1430.
  26. Молекулярно-массовое распределение полиизопропенил¬этинил-триметилпиперидола, полученного радикальной полимеризацией / Д. Х. Халиков, Г. А. Маджлисова, Г. С. Санюкович // Высокомолекулярные соединения.- 1990. — Т.-32, № 4. — С.824-827.
  27. Some aspects of the Radical Polymerization of the Isopropenylethynyltreemethylpiperidol / D.Kh. Khalikov, G.A. Madjlisova, I. Ya. Kalontarov // International Symposium of Macromolecules. Preprints. — Florence, Italy, 1980. — Vol.2. — P.I 11-114.
  28. Светостабилизация диацетата целлюлозы производными пиперидина / Д. Х. Халиков, И. Г. Шанявский, И. Я. Калонтаров, Г. С. Санюкович // Высокомолеклярные соединения. Сер. А. — 1977. — T.19, № 5. — C.1132-1137.
  29. Особенности термоэластического поведения полиалкилметакрилатов / Н. А. Платэ, Д. Х. Халиков, В. П. Шибаев, В. А. Каргин // Высокомолекулярные соединения. Сер. А. — 1972. — Т.14, № 1. — С.226-237.
  30. Температурный коэффициент невозмущенных размеров макромолекул полидецилакрилата. / В. А. Эскин, А. И. Киппер, Н. А. Платэ, и др. // Высокомолекулярные соединения. Сер. Б. — 1972. — Т.14, № 2. — С.257-259.
  31. Термоэластические свойства полиалкилакрилатов с длин¬но-цепочечными разветвлениями / Д. Х. Халиков, В. П. Шибаев, Н. А. Платэ, В. А. Каргин // Высокомолекулярные соединения. Сер. А.- 1972. — Т.14, № 1. — С.218-225.
  32. Особенности высокоэластической деформации полигексилмеакрилата / В. А. Каргин, Д. Х. Халиков, В. П. Шибаев и др. // Докл. АН СССР. — 1970. — Т. 190, № 2. — С.376-379.

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо вироиш

  • Лаурияти мукофоти давлати дар соҳаи илму техника ба номи Абуали ибни Сино (1996)
  • Медали ҷашнии "20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011)

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш