Ӯғулой Шамсиддинова
Ӯғулой Шамсиддинова - ходими давлатӣ ва ҷамъиятии ҶШС Тоҷикистон. Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд (1977)
Таърихи таваллуд | 1907 |
---|---|
Зодгоҳ | Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 1990 |
Маҳалли даргузашт | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | шуъбаи округии ҲК (б) ҶШС Тоҷикистон, комиссариати халқии нигаҳдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон, директори Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд |
Алма-матер | курсҳои муаллимтайёркунии Самарқанд |
Зиндагинома
вироишкурсҳои муаллимтайёркунии Самарқандро хатм кардааст (1926). Фаъолияти кории Шамсиддинова ба ҳайси мудири клуби занони шаҳри Хуҷанд (1926-1927) оғоз ёфтааст. Дастурдеҳи шуъбаи округии ҲК (б) (1928-1929), комиссари халқии нигаҳдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1928-1934), директори Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (1934-1935), минбаъд дар кори ҳизбӣ ва шӯравӣ буд (1936-1959). Аз соли 1959 дар нафақа буд. Шаҳрванди фахрии ш. Ленинобод (1977). Яке аз кӯчаҳои Хуҷанд ба номи Ӯғулой Шамсиддинова гузошта шудааст. Вакили анҷумани IV шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон (1931). Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.[1]
Адабиёт
вироиш- А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.