67P/Чурюмов — Герасименко
Зузанаби Чурюмов — Герасименко, ё расман 67P/Чурюмов — Герасименко (англ. 67P/Churyumov–Gerasimenko) — зузанаби кӯтоҳдавр. Даври гардишаш тақр. 6 солу 7 моҳ.
Номида ба шарафи | Клим Чурюмов[d] ва Светлана Герасименко |
---|---|
Кошиф | Клим Чурюмов[d] ва Светлана Герасименко |
Таърихи кашф | 22 октябр 1969[1] |
Мавқеи кушоиши астрономӣ | Олмотӣ |
Баданаи аслӣ | Офтоб |
Апомарказ | 5,68123333245 ± 0 воҳиди нуҷумӣ[1] |
Перимарказ | 1,243265644018 ± 0 воҳиди нуҷумӣ[1] |
Аргументи перимарказ | 12,798250034 ± 0 °[1] |
Хуруҷ аз маркази мадорӣ | 0,640908129745 ± 0[1] |
Инҳирофи мадорӣ | 7,0402950313 ± 0 °[1] |
Периоди гирдзанӣ | 2 353,07606597 ± 0,00015792 Рӯз[1] |
Периоди тобхурӣ | 12,76129 ± 0 соат[1] |
Нима-меҳвари калони мадорӣ | 3,4622495 ± 0 воҳиди нуҷумӣ[1] |
Longitude of ascending node | 50,135573491 ± 0 °[1] |
Онумолии миёнгин | 8,8599274335 ± 0 °[1] |
Бузургии мутлақ | 12,9 ± 0,8[1] |
Албедо | 0,06 |
Зичӣ | 0,533 ± 0,006 gram per cubic centimetre[1] |
Диаметр | 3,4 ± 0,1 км[1] |
Эпоха | October 10, 2015[d] |
Time of periapsis | 2 457 247,5886578 ± 0 Julian day[1] |
Аломати муваққатӣ | 1988i[1], 1982 VIII[1], 67P/1975 P1[1], 1976 VII[1], 67P/1969 R1[1], 1969h[1], 1989 VI[1], 1982f[1] ва 1969 IV[1] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Кашф
вироишАз тарафи ситорашиносон Чурюмов К. И. (23 октябри 1969) ва Герасименко С. И. (11 сентябри 1969) кашф шудааст. Масофаи наздиктарин ва дуртарини Зузанаби Чурюмов — Герасименко то Офтоб мувофиқан ба 1,2432 в. а. ва 5,722 в. а. баробар аст. Даври гардишаш дар атрофи Офтоб — 6,44 сол ва 12,4 соат дар атрофи меҳвар. Зузанаби Чурюмов — Герасименко аз ду қисми бо ҳам пайвасти мурғобишакл иборат буда, андозаҳои «сараш» 2,6x2,3x1,8 км, «танаш» 4,1x3,3x1,8 км ва ҳаҷмаш 25 км² аст. 12 ноябри соли 2014 бори аввал дар таърихи инсоният дастгоҳи худсайри кайҳонии «Розетта» ба ин зузанаб наздик шуда, дастгоҳи «Фила»-ро ба сатҳи ҳастаи он фуруд овард, ки мушоҳидаи сатҳи ҳаста, гирифтани намунаҳои хоки сатҳ, таҳқиқи табиати физикию кимиёии атмосфера, андозагирии суръати газбухоркунӣ ва ғ-ро анҷом медиҳад. 30 сентябри соли 2016 «Розетта» баъди 12,5 соли оғози парвоз ба сатҳи зузанаб фуруд омад. Ба қавле ҳастаи Зузанаби Чурюмов — Герасименко дар натиҷаи бархӯрди ҷирмҳои канори Манзумаи офтобӣ (тасмаи Койпер) ташаккул ёфтааст, ки баъд дар сатҳи он вобаста ба масофа ва муҳити байнисайёравӣ моддаҳои зудгудоз ҷамъ шудаанд (ҳусусияти ғайриякҷинса будани ҳастаи он ин тахминро собит менамояд). Вобаста ба суръати сублиматсия (аз ях якбора бухор шудани об) морфологияи сатҳи Зузанаби Чурюмов — Герасименко шакли мураккаб гирифта, қабати зериофтобии зузанаб дар натиҷаи фаъол будани моддаҳояш то садҳо метр бухор шудааст. Дар натиҷаи таҳаввули мадори зузанаб зери таъсири ҷозибаи Муштарӣ ва тағйир ёфтани масофаи перигелийӣ суръати таҷзияи ҳастаи он афзудааст. Тағйирёбии морфологияи қабати сатҳии зузанаб, хусусан дар қисмати «гардан», натиҷаи фаъол будани суръати сублиматсияи моддаҳои гуногунхосият мебошад. Чунин ҷуфтҳастаҳои васлшударо дар мисоли зузанабҳои 1P/Ҳаллей, 19P/Борелли ва 103P/Хартли 2 низ дидан мумкин аст. Онҳо 10-20 дарсади ҷирмҳои астероидӣ, троянсҳо, кентаврҳо ва объектҳои баъдазнептуниро ташкил дода, механизмҳои пайдоишашон гуногун мебошанд. Соли 2014 олимон бо ёрии «Розетта» дар Зузанаби Чурюмов — Герасименко молекулаҳои 16 пайвасти органикӣ, аз ҷумла гази карбон, гази карбонат, атсетон, пропанол ва атсетамидро ошкор карданд. Ҳамчунин «Розетта» дар сатҳи зузанаб вуҷуд доштани молекулаҳои полимерӣ (зери таъсири радиатсия ба вуҷуд меоянд) ва набудани пайвастҳои хушбӯ (ароматӣ)-ро нишон дод. Сатҳи Зузанаби Чурюмов — Герасименко ба 19 минтақа тақсим карда шудааст, ки ба ифтихори илоҳа ва худоёни Мисри Қадим номгузорӣ шудаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зузанаби Чурëмов — Герасименко / А. Раҳмонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.