Беҷоғҳо

(Тағйири масир аз Agnatha)

Беҷоғҳо (лот. Agnatha) — яке аз забарсинфҳои ҷонварони муҳрадори дараҷаи паст.

Беҷоғҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Agnatha Cope, 1889

Беҷоғҳо ҷоғи ҳақиқӣ надоранд ва биниашон яксӯроха аст. Беҷоғҳоро халтағалсамаҳо (Marsipobranchii) низ меноманд, зеро ғалсамаи онҳо ба халта шабоҳат дорад. Устухонбандии панҷарашакли ғалсама (на камоншакл, мисли моҳиҳо) берун аз халта ҷойгир буда, бо сипар васл мешавад. Беҷоғҳо ҷонварони муҳрадори қадимтарин буда, дар давраҳои силур ва девон сукунат доштанд. Скелети беҷоғҳои мунқариз (Ostracodermi) хуб инкишоф ёфта буд. Имрӯз аз беҷоғҳо фақат миногаҳо ва миксинаҳо боқӣ мондаанд.

Адабиёт

вироиш