AvaTrade — брокери онлайнӣ дар сегменти савдо дар Forex ва шартномаҳо ба фарқият (CFD) бо саридора дар Дублин, Ирландия мебошад.[1] Тавассути платформаи савдои онлайнии он ва барномаҳои мобилии он ширкат бозорҳои сершумори савдоиро, аз он ҷумла, биржаҳои асъорӣ, ашёи зом, индексҳо, саҳмияҳо, ETF, Bitcoin ва облигатсияҳои давлатиро пешниҳод мекунад.[2]

AvaTrade
Навъ ширкати тиҷорӣ ва вебгоҳ
Таъсисёбӣ 2006
Макон
Бахш financial services[d]
Сайт avatrade.com
avatrade.it(ит.)
avatrade.fr
avatrade.ae(ар.)
avatrade.com.au
avatrade.ca
avatrade.mn

Ҷойгиршавӣ

вироиш

Саридораи AvaTrade дар Дублин, Ирландия қарор дорад, ширкати холдингии ширкат дар ҷазираҳои Виргинияи Британия, ҳамчунин идораҳо ва марказҳои фурӯш дар Токио (Япония), Милан (Италия), Париж (Франсия), Сидней (Австралия), Шанхай (Чин) ва Улан-Батор (Муғулистон) қарор доранд.[3]

Танзимкунӣ

вироиш

AvaTrade дар ИА аз ҷониби Бонки Марказии Ирландия, дар Австралия -аз ҷониби Комиссияи оид ба коғазҳои қиматнок ва инвеститсияҳои Австралия, дар Япония - аз ҷониби Агентии хидматрасониҳои молиявӣ, Ассотсиатсияи фючерсҳои молиявии Япония ва Ассотсиатсияи фючерсҳои молии Япония, дар ҷазираҳои Виргинияи Британия - аз ҷониби Комиссия оид ба хидматрасониҳои моилявии ҷазираҳои Виргинияи Британия танзим карда мешавад.[4] Ширкат хидматрасониҳои худро ба трейдерон аз кишварҳои гуногун, ба ғайр аз ИМА, Зеландияи Нав, Белгия пешниҳод мекунад.[5] Созишномаҳои асосӣ дар бозорҳои АИ, Шарқи Наздик ва Осиё ба амал бароварда мешаванд.

Маҳсулоти савдоӣ ва платформаҳо

вироиш

AvaTrade савдои спотиро асосан тавассути MetaTrader 4 (MT4) ва таъминоти барномавии худии AvaTrader ба амал мебарорад.[6] Дар моҳи апрели соли 2013 AvaTrade платформаи савдоии AvaOptions-ро оғоз намуд, ки ба мизоҷон харидан ва фурӯхтани FX Vanilla Options ва иҷро намудани амалиётҳои нисбатан душвори инвеститсионӣ ва хеҷкунӣ имкон медиҳад. Дар августи соли 2013 AvaTrade дуюмин форекс-брокер гардид, ки савдои онлайнӣ бо биткойнҳоро пешниҳод мекунад, ва савдои биткойнҳоро бо CFD дар платформаҳои AvaTrader ва MT4 пешкаш намуд.

  1. AvaTrade Review. financebrokerage.com. 8 июни 2021 санҷида шуд.
  2. AvaTrade Review 2021. comparebrokers.co. 8 июни 2021 санҷида шуд.
  3. AVATrade Обзор 2021. fxempire.com. 8 июни 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 апрели 2021.
  4. AvaTrade Review. publicfinanceinternational.org. 8 июни 2021 санҷида шуд.
  5. AvaTrade. brokerguide.com. 8 июни 2021 санҷида шуд.
  6. AVATrade Broker Review. forextrading.company. 8 июни 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 феврали 2021.

Пайвандҳои беруна

вироиш