Вебгоҳ

маҷмуаи саҳифаҳои интернетӣ
(Тағйири масир аз Сайт)

Вебгоҳ, торгоҳ, торнамо (форсӣ: وبگاه، تارگاه، تارنما‎), сомона, сайт, ё веб-сайт (аз англ. website: web — «тортанакхона, шабака» и site — «ҷой», лафзан «ҷой, ҷой дар шабака»), — маҷмӯъаи саҳифаҳои интернетӣ, ки дорои домен ва ё зердомени интернетии муштараканд ва тавассути ҳадди ақали як сервери веб интишор дода мешавад.

Саҳифаи аввали Wikipedia.org

Сафҳаи веб санадест, ки маъмулан ба сурати HTML навишта мешавад ва ҳамвора бо истифода аз протоколи HTTP метавон ба он дастрасӣ пайдо кард. Протоколи HTTP иттилоотро аз корсози вебгоҳ ба мурургари веби корбар мунтақил мекунад, то ин иттилоот барои корбар намоиш дода шаванд.

Вебгоҳҳо нақшҳои мухталифе доранд ва ба ҳолатҳои гуногуне ба кор мераванд. Як вебгоҳ мумкин аст вебгоҳи шахсӣ, тиҷорӣ, давлатӣ ё мутааллиқ ба як созмони ғайринтифоъӣ бошад. Ҳамаи вебгоҳҳо дар канори ҳам як тори ҷаҳонгустари бузурги аз иттилоотро дуруст мекунанд.

Таърих

вироиш

Торнамои аввалин[1] дар ҷаҳон info.cern.ch 6 августи соли 1991 ба кор андохта шуд[2][3][4]. Офарандаи он Тим Бернерс-Ли дар сомона дар хусуси технологияи нави World Wide Web, ки дар асоси протоколи интиқоли додаҳо HTTP, низоми нишониҳои URI ва забони гиперматнии HTML кор мекунад, шарҳ дода буд. Ҳамчунин дар сомона усулҳои коркунӣ ва насби серверҳо ва браузерҳо нишон дода шуда буд.

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Хаген Граф. Создание веб-сайтов с помощью Joomla! 1.5. — Издательский дом «Вильямс», 2009. — 312 p. — ISBN 978-5-8459-1506-1.
  • Виктор Ромашев. CMS Drupal: Система управления содержимым сайта. — Питер, 2010. — 255 p. — ISBN 978-5-49807-241-8