Бактерияҳо

(Тағйири масир аз Bacteria)

Бакте́рияҳо, низ эубактерияҳо (лот. Eubacteria аз юн.-қад. εὖ- «хуб» + βακτήριον «чӯбча») — микроорганизмҳои асосан якҳуҷайра, ки дар табиат ниҳоят фаровонанд.

Бактерияҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Bacteria
Забартипҳо ва типҳо

Таърих

вироиш

Бактерияҳоро бори аввал дар садаи XVII олими ҳолландӣ А. Левенгук ошкор кард. Омӯзиши дақиқи хусусиятҳои биологии бактерияҳо бо номи олими фаронсавӣ Л. Пастер, микробиологи олмонӣ Р. Кох ва олими англис Д. Листер марбут аст. Бактерияҳо чӯбшакл, курашакл (коккҳо), спиралшакл (спирохетаҳо), вергулшакл (вибрионҳо) ва ғайра. мешаванд. Дарозии бактерияҳои чӯбшакл 1–8 мкм (бараш 0,5–2 мкм), қутри бактерияҳои курашакл 0,5–1 мкм аст. Бактерияҳо бо девораи ҳуҷайравӣ ва ғишо (мембрана)-и ситоплазмавӣ фаро гирифта шуда, ситоплазмаи қабат-қабат, дона-дона ва найчашакл доранд. Ҳуҷайраи бактерияҳо аз кислотаи дезоксирибонуклеат ва рибосома (дар таркибаш кислотаи рибонуклеат дорад) иборат аст. Бактерияҳо ҳамчун организмҳои сапрофит (ғизояшон –боқимондаи моддаҳои гуногуни органикист) ё паразит ғизо мегиранд. Баъзе навъҳои бактерияҳо (мас., бактерияҳои азотандӯз) аз моддаҳои ғайриоганикӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд. Вобаста ба тарзи нафасгирӣ бактерияҳо ба аэробҳо, микроаэрофилҳо (дар мавриди паст шудани фишори ҷузъии оксиген инкишоф меёбанд) ва анаэробҳо (барои инкишофи онҳо оксиген лозим нест) ҷудо мешаванд. Дар раванди фаъолият бактерияҳо ба муҳит ферменти зиёд ихроҷ менамоянд. Баъзе бактерияҳо қабати берунии муҳофиз (капсула, спора ва ғайра) доранд. Дар бактерияҳо тағйирпазирӣ, мутобиқат ва устуворӣ бар зидди  таъсири номатлуб назар ба диг. организмҳо бештар аст. Ба бисёр бактерияҳо зиддияти байниҳамӣ, муқобилат бо микроорганизмҳои диг., инчунин, ҳолати симбиоз (ҳамзистӣ) хос мебошад. Актиномитсетҳо, микоплазмаҳо ва ғайра. гурӯҳҳои асосии бактерияҳоро ташкил медиҳанд.

Таркиби кимиёӣ

вироиш

Вобаста ба таркиби кимиёӣ бактерияҳо аз ҳуҷайраи организмҳои диг. тафовут надоранд. Ҳуҷайраи бактерияҳо аз 75–85% об иборат аст. Тақр. 90%-и боқимондаи хушкро пайвастҳои молекулаашон калон – кислотаҳои нуклеат (10%), сафедаҳо (40%), полисахаридҳо (15%), пептидогликан (10%) ва липидҳо (15%) ташкил медиҳанд. Дар рафти ҳаёти бактерияҳо, мисли организмҳои диг., ферментҳои сершумор ширкат меварзанд. Баъзеи онҳо (мас., эндоферментҳо) фақат дар дохили ҳуҷайра фаъолият карда, раванди синтез, нафаскашӣ ва ғайра.-ро таъмин менамоянд. Ферментҳои диг. (экзоферментҳо)-ро бактерияҳо ба муҳит ихроҷ мекунанд.

Барои рушду афзоиши бактерияҳо муҳити сукунати онҳо бояд ба миқдори кофӣ гази карбонат, нитроген, намакҳои гуногун ва ҳарор. мувофиқ дошта бошад. Барои бисёр бактерияҳои беморизо ҳарор. созгор 370С аст (яъне мувофиқ ба ҳарор. бадани одаму ҳайвонот). Ба фаъолияти бактерияҳо ҳарор., нам, афканишоти ултрабунафш ва иондор таъсир мерасонанд. Бактерияҳо ба сармо тобоваранд. Баъзеи онҳо дар сармои 190С (спораҳо дар – 2530С) низ метавонанд фаъолият дошта бошанд, вале аз гармии зиёд зуд нобуд мешаванд; бактерияҳои беспора дар ҳарор. 60–700С, спорадор дар ҳарор. зиёда аз 1000С маҳв мегарданд. Дараҷаи тоқати бактерияҳо ба беобӣ низ гуногун аст. Мас., гонококкҳо дар натиҷаи хушкидан зуд мефавтанд; фаъолияти бактерияҳои исҳоли хунин то 7 рӯз, гулӯзиндонак 30 рӯз, домана 70 рӯз, бемории сил 90 рӯз, спораҳои батсиллаи сӯхтанӣ то 10 сол маҳфуз мемонад. Бактерияҳо ба афканишоти ултрабунафш, аз ҷумла, ба нури бевоситаи офтоб, ҳассос мебошанд.

Аз миқдори беинтиҳои бактерияҳое, ки дар табиат мавҷуданд, фақат шумораи ками онҳо боиси пайдоиши бемориҳо мешаванд. Бактерияҳои бемориовар баъди ба организм афтодан заҳр (экзотоксин) ҳосил мекунанд (мас., ангезаҳои хуноқ, ботулизм, кузоз ва ғайра). Экзотоксинҳо  ниҳоят заҳрнок мебошанд: 5 кг заҳри ботулизм ё 7 кг энтеротоксини стафилококкҳо метавонад зиёда аз 5 млн л обро сироятнок созад. Баъзе бактерияҳо (салмонеллаҳо, микробҳои рӯда, ангезандаҳои исҳоли хунин, гонококкҳо ва ғайра) эндотоксин ҳосил мекунанд. Заҳрнокии эндотоксинҳо нисбатан суст буда, онҳо ба бофтаҳо таъсири интихобӣ надоранд; эндотоксин зери таъсири формалдегид ба анатоксин табдил намеёбад.

Аҳамият ва корбурд

вироиш

Бактерияҳо дар хок, об, ҳаво, организми одаму ҳайвонот мавҷуд буда, дар мубодилаи моддаҳо дар табиат, барқарор намудани захираи гази карбонат (CO2) дар атмосфера ва ғизоҳои минералии нитрогендор дар хок (барои сабзиши рустаниҳо заруранд) аҳаммияти зиёд доранд. Баъзе бактерияҳоро барои ҳосил кардани антибиотикҳо, ферментҳо, спирт, витаминҳо, кислотаҳои органикӣ ва ғайра., инчунин, дар таҳвили пахта, абрешим, қаҳва, каучук, силосонии хӯроки чорво ва ғайра. истифода мебаранд. Бактерияҳои диг. боиси пӯсишу туршии озуқаворӣ ва диг. анвои маҳсулот мегарданд. Бактерияҳо ангезандаи бисёр бемориҳои одам (вабо, исҳоли хунин, домана, тоун, хуноқ, сил, брутселлёз ва ғайра), ҳайвонот (мас., сӯхтанӣ ва ғайра), рустанӣ (тосаки картошка ва ғайра) мебошанд. Баъзе бактерияҳои бемориовар ва заҳри онҳо барои тайёр кардани ваксина ва зардоби табобатӣ ба кор мераванд. Бар зидди бактерияҳои зарарнок аз воситаҳои физикавӣ (ҳарор. баланд, нури ултрабунафш ва ғайра) ва кимиёӣ (моддаҳое, ки бактерияҳоро маҳв мекунанд ё инкишофи онҳоро суст мегардонанд) истифода мебаранд.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Заварзин Г. А. Лекции по природоведческой микробиологии. М., 2003;
  • Гусев М. В., Минеева Л. А. Микробиология. М., 2004;
  • Современная микробиология. М., 2005.

Сарчашма

вироиш