Boeing
The Boeing Company («Бо́инг») — ширкати амрикоӣ, яке аз бузургтарин дар ҷаҳон истеҳсолкунандаи техникаи авиатсионӣ, кайҳонӣ ва низомӣ. Қароргоҳаш дар шаҳри Чикагои иёлати Иллинойс. Аз ду бахши асосӣ иборат аст: маҳсулоти гражданӣ (Boeing Commercial Airplanes) ва ҳарбӣ (Integrated Defense Systems). Ширкат ҳамчунин бахшҳои маблағгузории лоиҳаҳо (Boeing Capital Corporation), дастгирии инфрасохторӣ (Shared Services Group) ва коркард, дарёфт ва дар амал истифода намудани технологияи навин (Boeing Engineering, Operations & Technology)-ро дар бар мегирад. Корхонаҳои асосии истеҳсолии ширкат дар ш-ҳои Эверетт (иёлати Вашингтон), Калифорния ва Сент-Луис (иёлати Миссури) ҷойгиранд.
англ. Boeing | |
Навъ | ширкати саҳҳомии ом[d], ширкати тиҷорӣ, корхонаи кайҳонӣ[d], ширкат[d], weapons manufacturing company[d] ва rail vehicle manufacturer[d] |
Таъсисёбӣ | 15 июл 1916[1][2] |
Бунёнгузорон | William Boeing[d] |
Макон | |
Бахш | саноати кайҳонӣ[d][3], aircraft industry[d], space-based economy[d], Саноати ҷангафзорӣ, aircraft construction[d] ва space industry[d] |
Сармояҳои хусусӣ |
|
Гардиш |
|
Шумораи кормандон | |
Ширкатҳои духтарӣ | Boeing Canada[d], Boeing International Corporation India Private Limited[d], Boeing UK[d], Boeing Rotorcraft Systems[d], Boeing Capital[d], Boeing Commercial Airplanes[d], Boeing Phantom Works[d], Boeing Australia[d], Boeing Defense, Space & Security[d], McDonnell Douglas[d], Boeing Spain[d], Alteon Training[d], Boeing Aircraft Holding Company[d] ва Jeppesen[d] |
Сайт | boeing.com(англ.) |
Аввалин тайёраро соли 1916 У. Боинг ва Ҷ. К. Вестервелт сохтаанд. Худи ҳамон сол дар ш. Сиэтл У. Боинг ширкати «The Pacific Aero Products Company»-ро ташкил кард, ки соли 1917 номи «Boeing Airlane Company»-ро гирифт. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Boeing тайёраҳои бомбаандоз истеҳсол мекард. Соли 1944 истеҳсоли тайёраҳо моҳе ба 350 адад расид. Дар тӯли солҳои ҷанг бисёр ширкатҳои авиатсионии ИМА муттаҳид гаштанд. Тайёраҳои бомбаандози «В-17» ва «В-29», ки ширкати Boeing ихтироъ карда буд, дар чандин завод сохта мешуданд. Солҳои 50 асри 20 ширкати Boeing тайёраҳои бомбаандози нав, мас., «В-47» («Стратоҷет»), «В-52» («Стратофортесс»)-ро ихтироъ ва истеҳсол кард. Соли 1954 аввалин тайёраи таҷрибавии «Боинг 367-80» ба ҳаво хест, ки минбаъд ба истеҳсоли силсилаи лайнерҳои машҳури «Боинг-700» заминаи мусоид гузошт.
Ширкати Boeing тайёраҳои гражданию ҳарбӣ, техникаи авиатсионию кайҳонӣ, аз ҷумла чархбол истеҳсол мекунад, барномаҳои фарохи кайҳониро рӯи кор меорад (мас., киштии кайҳонии CST-100). Заводҳои ширкат дар 67 мамлакати дунё ҷойгир мебошанд. Ширкати Boeing маҳсулоти худро ба 145 давлат мефурӯшад. Маҳсулоти ширкат: тайёраҳои граждании «Boeing-377», «Boeing-707», «Boeing-717», «Boeing-727», «Boeing-737», «Boeing-747», «Boeing-757», «Boeing-767», «Boeing-777», «Boeing-787» ва ғ.; тайёраҳои ҳарбии «Boeing СН-47 Chinook», «Boeing EA-18 Growler», «Boeing YAL-1»; мушакҳои AGM-69 SRAM, AGM-86. Тайёраҳои Boeing дар ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик-Айр» ва «Сомон-Эйр» низ мавҷуданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Bowers P. M. (unspecified title) / зери таҳрири J. Christy — Sports Car Press, 1965. — С. 16.
- ↑ https://www.britannica.com/topic/Boeing-Company
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #4783-1 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ https://www.sec.gov/ixviewer/ix.html?doc=/Archives/edgar/data/12927/000001292724000010/ba-20231231.htm
Адабиёт
вироиш- Боинг // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.