Burger King Corporation («Бургер Кинг») — ширкати амрикоӣ, соҳиби шабакаи ҷаҳонии қаҳвахонаҳои «Бургер Кинг». Монанди Макдоналдс, Бургер Кинг дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон шуъба дорад. Аввалин шуъбаи ин қаҳвахона соли 1954 дар шаҳри Майамии иёлати Флорида ифтитоҳ шуд ва дафтари марказии он низ дар ҳаминҷо воқеъ аст. Дар ҷаҳон ҳамарӯза зиёда аз 11 млн меҳмон аз қаҳвахонаҳои «Бургер Кинг» маводи ғизоӣ харидорӣ менамоянд.[2]

Burger King Corporation
Навъ Ширкати хусусӣ
Таъсисёбӣ

Insta-Burger King - соли 1953

Burger King Corporation - 28 июли 1954
Номҳои пештара Insta-Burger King
Бунёнгузорон

Insta-Burger King - Кейт Ҷ. Крамер ва Матю Барнс

Burger King Corporation - Ҷеймс Маклэмор ва Дэвид Эҷертон
Макон

Insta-Burger King - Ҷексонвилл, Флорида

Burger King Corporation - Майами, Флорида
Афроди калидӣ Александр Беринг (роҳбари шӯрои мудирон), Даниил С. Швартс (директори генералӣ), Хосе Э. Чил (президент), Ҷошуа Кобза (директори молиявӣ)
Бахш хидматрасонии ғизоӣ
Маҳсулот ҳамбургер, картошкаи бирён, нӯшоба, яхмос, коктейли ширӣ, наггетҳо
Гардиш $1,97 млрд (соли 2012)[1]
Даромади амалиётӣ 18 000 000 (соли 2012)[1]
Фоидаи соф $2,5 млрд (соли 2016)
Шумораи кормандон 34 248 (соли 2011)
Ширкати модарӣ Restaurant Brands International[d]
Сайт www.bk.com

Таърих

вироиш

Соли 1953 дар шаҳри Ҷексонвилли иёлати Флорида шабакаи қаҳвахонаҳои Insta-Burger King ба фаъолият оғоз карданд. Баъди ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани Insta-Burger King дар соли 1954, онро франшизони маҳаллӣ Ҷеймс Маклэмор ва Дэвид Эҷертон харидорӣ намуда, «Бургер Кинг» номгузорӣ карданд. Дар тӯли ним асри оянда ширкат чор маротиба соҳибонашро иваз кард. Соҳибони сеюм, TPG Capital, Bain Capital ва Goldman Sachs Capital Partners дар соли 2002 ширкатро мардумӣ эълон карданд. Дар охири соли 2010, ширкати бразилии 3G Capital ҳиссаи назоратии «Бургер Кинг»-ро ба маблағи 3,26 миллиард доллар ба даст овард. Соҳибони нав барои хубтар намудани вазъият, фавран ба таҷдиди ширкат шурӯъ карданд. Дар натиҷа, 3G дар ҳамроҳӣ бо шарики худ Berkshire Hathaway, «Бургер Кинг»-ро бо шабакаи ғизои фаврии Канада Tim Hortons муттаҳид намуданд. Дар охирин ҳисоботи молиявии соли 2013 «Бургер Кинг» гузориш дод, ки онҳо дар 79 кишвари ҷаҳон 13,000 қаҳвахона доранд, ки аз он 66%-аш дар ИМА ҷойгир аст.

Пайвандҳо

вироиш
  1. 1.0 1.1 Ҳисоботи солона 2012(пайванди дастнорас)
  2. [1]