Cоли Ҳамдуна (маймун)

Cоли Ҳамдуна (маймун) (Тақвими Мучал) - 21 марти соли 201621 марти соли 2017.

« :Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор,
З-он баъд ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.
»

Мувофиқи солшумории қадимаи даврӣ, ки аз рӯйи он ба ҳар як сол номи ҷонвар дода шудааст, соли 2016 номи ҳамдуна (маймун, бӯзина)-ро мегирад, ки ин соли нуҳуми мучал мебошад.

« Бахти маймуни маро бин, ки фалак чун лӯлӣ,
Медиҳад рақс ба ҳар маърака чун маймунам.
»

Cоли Ҳамдуна (маймун)

вироиш

Ҳамдуна яке аз дувоздаҳ бурҷи фалак аст. Ҳамдуна дар чор қитъа зиндагӣ мекунад ва танҳо дар Австралия во намехӯрад. Дар баъзе давлатҳо ҳамдунаро ҳамчун ҷонвари муқаддас (масалан, дар Ҳиндустон баъд аз гов) меҳисобанд. Аз ширхӯрон, ғайр аз одам, танҳо маймун ва фил бо сараш дар замин рост истода метавонад. Маймунҳо дар ҷангалзорҳо зиндагӣ мекунанд, баъзе намудҳояшон дар шаҳр зиста метавонанд. Орангутанро баъзе мутахассисон, гӯё одамони аз ҷангал овардашуда, меҳисобанд. Таснифоти зоологӣ аз К.Линней оғоз ёфта, то ҳол чунин ранг гирифтааст: дар қатори приматҳо: маймунҳо ба оилаи одам дохил мешаванд. Калимаи примат лотинӣ буда, маънои муҳимтарин, асоситарин, афзалтарин, сарварӣ, бартарӣ, риёсатро мефаҳмонад. Приматҳо (илм барои омӯзиши маймунҳо) дар қуллаи баланди пирамидаи ҳайвонот ҷой гирифтаанд. Аз ҷиҳати биологӣ, анатомӣ, иммунологӣ, физиологӣ намояндаи ин ду қатори ҷонзотҳо ба якдигар хеле наздик мебошанд. Ҳанӯз, Аристотел (асри IV пеш аз милод) дар асараш ба ин хусусиятҳои онҳо эътибор додааст. Приматҳо гурӯҳи ширхӯрон, аз қабили ҳамдуна ва одам иборат аст. Таркиби хуни одам ва шимпанзе, горилла бо ҳамдигар монанд аст, таркиби сафедаи хунҳои онҳо қариб 99 фоиз як хел ме бошанд. Шумораи ҳуҷайраҳои хромосомаи одам ва баъзе намудҳои ҳамдуна 46 ададро ташкил мекунанд. Хелҳои приматҳо 210 намудро ташкил мекунад. Қади онҳо аз 8 см. то 2 метр ва вазнашон аз 60 гр. то ба 300 кг. мерасанд. Онҳо то 50 сол зиндагӣ мекунанд. Думи баъзе намуди маймунҳои мевахӯр роли пойи панҷумро мебозад. Маймунҳои одамшакл орангутан, гиббон дар Осиё, горилла, шимпанзе дар Африка паҳн гаштаанд. Мушоҳидаи академик К.И.Скрябин намудҳои муфтхӯрони дарунию берунии бӯзинаю одам монанд буданашро исбот намуд. Маймунҳои одамшакл зуд бо бемориҳои инфексионӣ ва инвазионии одам сироят меёбанд. Дар таҳаввулоти онҳо решаи умумӣ мавҷуд буда, аз рӯйи таснифот маймун ва одам аз ҷиҳати монандӣ, хешу таборӣ ба якдигар хеле наздиканд.

Хислати одамони тавлидшуда

вироиш

Одамоне, ки дар соли ҳамдуна таваллуд меёбанд, доно, зирак, чолок, ҳар як масъалаи мушкилро бо осонӣ ва тезӣ ҳал мекунанд. Онҳо оташмизоҷ, бофаҳм ва якрав мешаванд, юмор доранд, бисёр вақт дар маркази диққати маърака мешаванд, ҷамоа онҳоро дӯст медорад. Лекин онҳо худпарастанд, аз дигарон шахсияти худро боло мемонанд. Дониши васеъ доранд, аз навигариҳо ҳама вақт бохабар ҳастанд. Маймунҳо хотираи мустаҳкам доранд, воқеаҳои шудагузаштаро аз ёд намебароранд. Масъалаҳои душворро ба осонӣ ҳал мекунанд. Аз мушкилиҳо бо дипломатӣ мебароянд, хулосаро танҳо худашон мебароранд. Онҳо бисёр бофаҳм, айёр, серҳаракат ва серғайратанд. Мехоҳанд ҳалли корро дарҳол ба тарзи хос иҷро кунанд. Вале онҳоро аз машғулоташон ба осонӣ дур кардан ва фикри дигареро ба шуурашон талқин кардан мумкин аст. Дар масъалаи оиладорӣ ба оилаашон чандон содиқ нестанд. Характери маймунҳо ноустувор ва тағйирёбанда аст.[1]

Нигаред низ

вироиш