DAAD
Дойче Академише Аустаушдинст (DAAD олмонӣ: Deutscher Akademischer Austauschdienst) ё худ Хадамоти Мубодилаи Академикии Олмон). Ташкилоти Олмони буда, дар тамоми ҷаҳон бахшҳои худро дорад. Танҳо дар нимсолаи баҳории соли 2004 ин ташкилот 457 омӯзгори забони олмониро ба 89 кишвар фиристодааст. Гузашта аз ин мубодилаи донишҷӯён, таҳсилҳои нимсола то сесола ва ҳимояи номзадӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ аз тарафи ин ташкилот маблағгузорӣ мешаванд.