Бобонарак

(Тағйири масир аз Ephedra ciliata)

Бобонарак (лот. Ephedra ciliata), бандакрустаниест печактана.

Бобонарак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ephedra ciliata

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

вироиш

Танааш хокистарранг (қутраш то 10 см, баъзан зиёдтар), навдаҳояш банд-банди ресмоншакл, луч, сабзи кушод, дарозиашон то 6 м; ба буттаю дарахтони дигар (писта, бодом) мепечанд. Баргаш сегӯшаи хормонанд (дарозиаш то 4 см). Мевааш як ё дутухма. Тухмаш (дарозиаш то 0,8 см) паҳни барҷаста, байзашакл, ҷигарранги ҷилодор. Дар табиат аз тухм зиёд мешавад. Дар 3-солагӣ гул мекунад. Давраи гулшукуфташ 45 рӯз. Одатан дар бешазори гармсери қаторкӯҳи Зарафшон ва мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 400–1800 м аз с. б.) мерӯяд. Буттаи онро барои сабзкории шаҳру деҳот тавсия додаанд.

Гиёҳшиносӣ

вироиш

Бобонарак рустании доруист. Шохчаи сабзи онро ҳангоми дарди пой, тарбод ва касалиҳои пӯст тарбандӣ мекунанд. Бобонарак 0,2–0,4% алкалоид (эфедрин ва псевдоэфедрин), моддаҳои даббоғӣ ва ғ. дорад.

Сарчашма

вироиш