Гурза
Гурза (лот. Macrovipera lebetina) — як навъ мори заҳрдор.
Гурза | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Macrovipera.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Macrovipera lebetina (Linnaeus, 1758) |
||||||||||
Мутародифот | ||||||||||
|
||||||||||
|
Дарозии модинааш то 1,3 м, наринааш то 1,7 м; рангаш дорчинии сурхтоб ё хокистарӣ буда, дар пушт холҳои сиёҳ дорад; танаш ғафс, думаш кӯтоҳ, сараш калони секунҷа. Гурза дар Африқои Шимолӣ. ғарби Осиё, Закавказия (ба ғайр аз Абхозистон), Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон як зернамуди гурза (V. L. turanica) дучор мешавад. Онро қариб дар ҳама ҷо — ҳамвориҳо, кӯҳу доманакӯҳ, даруни ғорҳо, соҳили дарёву найзор (то баландии 2400 м аз с. б.) метавон дучор омад. Баъзан дар боғу киштзор ва харобаҳо низ пайдо мешавад. Гурза ҳангоми таҳдиди хатар зери буттаҳо, кафидагии шах, даруни сангтӯдаву лонаи ҷонварон панаҳ мебарад. Ғизои гурза мушу калламуш ва парандаву тухми онҳост; баъзан харгӯш ва дигар ҳайвонотро низ мехӯрад. Заҳри гурза барои одам марговар аст. Аз он марҳами «Випросал» (Unguentum «Viprosalum») истеҳсол мекунанд, ки давои хеле муфид мебошад (ба пӯст рӯзе 1-2 бор 5-10 граммӣ мемоланд).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гурза / А. Саидов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.