Бедгул

(Тағйири масир аз Nerium)

Бедгул, харзаҳра (лот. Nérium) — буттаест ҳамешасабз ва ороишӣ.

Бедгул
Nerium oleander
Гунаи умумии рустании шукуфта. Ҷазираҳои Бриони, Хорватия
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Nerium L. (1753)
Гунаи ягона
Nerium oleander L. (1753)

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

вироиш

Асосан дар минтақаҳои субтропикӣ мерӯяд. То 2-2,5 м қад мекашад. Баргаш ғафси дарозрӯя, ба барги бед монанд буда, дар танаи навдаҳо 3-4-тоӣ рӯ ба рӯйи якдигар ҷой гирифтааст. Гулаш сурх, гулобӣ, сафед ё зард, аз 5 гулбарг иборат мебошад. Мевааш баргмонанд, сертухм; тухмаш пӯпакдор. Танаи Бедгул шираи сафеди ширмонанд дорад.

Густариш

вироиш

Дар соҳилҳои ҷан. Қрим, соҳили Баҳри Сиёҳи Қафқоз, Моварои Қафқоз ва ноҳияҳои ҷан. Осиёи Марказӣ парвариш мекунанд. Баъзан дар хона ҳам мепарваранд.

Заҳрнокӣ

вироиш

Бедгул рустании заҳрнок аст. Ҳангоми заҳролуд шудан (дард кардани шикам, васеъ шудани гавҳарак, дилбеҳузурӣ, қай, тез задани дил, исҳол, галлютсинатсия) бояд бетаъхир ба табиб муроҷиат кард.

Ҳамаи узвҳои бедгул аз сабаби гликозидҳои олеандрин, корнерин, адинерин, нериантин, нериин ва ғ. доштанашон заҳрноканд. Бо доруҳое, ки аз барги бедгул мегиранд (нериолин ва корнерин), ихтилоли фаъолияти дилу рагҳоро бартараф менамоянд. Онҳоро фақат бо тавсияи духтур истифода бурдан мумкин аст.

Корбурди пизишкӣ

вироиш

Дар тибби халқӣ бо барги бедгул варам, дарди миён, рагкашӣ, тарбод ва бо гулаш назларо табобат мекунанд; бо оби гулаш муш, мӯрча ва дигар ҳашаротро аз хона гурезондан мумкин аст. Баргу гули бо равғани зайтун ҷӯшондаи бедгул шукуфа, сарсом ва хоришро нест мекунад. Ба ақидаи табибони мардумӣ, агар барги Бедгулро пухта ё кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад, дарди кӯҳнаи пушт ва зонуро таскин мебахшад, ирқуннисо (радикулит), хоришак, доғҳои пӯстро дафъ мекунад. Оби баргашро бимоланд, қӯтури пӯстро шифо мебахшад, барги хушкашро кӯфта бипошанд, захмҳоро ба ҳам оварда, сиҳҳат мекунад.

Адабиёт

вироиш