Бахмалгул
Бахмалгул, гули бахмал, аббосӣ (лот. Tagétes pátula) — як навъ гули маъмул, ки бӯи хосса дорад; гиёҳи яксола аст.
Бахмалгул | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Tagetes.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Tagetes patula L. | ||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||
|
Пояаш сербаргу сершох (30-80 см қад мекашад), баргаш базеби паршакл. Хӯшагул (сабадак)-аш майда (қутраш 3-6 см); гулаш махмалӣ, зард, норанҷӣ ё сурхтоб. Тухмаш сиёҳ, то 3 сол қобили сабзиш аст. Бахмалгул вобаста ба шароити маҳал баъди 4-18 рӯзи кишт нашъунамо ёфта, аз моҳи июл то сармои аввал гул мекунад. Дар ҳама гуна замини намаш муътадил ва қатъаи кушод, инчунин сояҷо хуб месабзад. Бахмалгулро, одатан, барои барпо кардани гулзору гулгашт, гулхат, гулнақш ва ғ. истифода мебаранд.
Табибони халқӣ ҷӯшоби «сабадак»-и Бахмалгулро чун доруи арақовару пешоброн ва киҷҷакуш тавсия медиҳанд. Дар баъзе кишварҳо баргашро ба таом меандозанд. Моддаи рангбахш ва равғани эфири гулбаргҳои Бахмалгул (0,1 %) низ дар хӯрокворӣ ба кор меояд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 USDA Natural Resources Conservation Service. PLANTS Database. 4 сентябри 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.
- ↑ USDA, ARS, National Genetic Resources Program. Germplasm Resources Information Network - (GRIN) Online Database, National Germplasm Resources Laboratory, Beltsville, Maryland.. 4 сентябри 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.
Адабиёт
вироиш- Бахмалгул // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.