Балила
Балила (лот. Terminalia chebula) — дарахтест хазонрез.
Балила | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
|
||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишБаргаш байза ё нештаршакли нӯгтез (муқобили якдигар ҷойгир шудаанд), гулаш майда, мевааш байзашакл; 20–46% моддаҳои даббоғӣ, туршӣ ва зифт дорад. Дар тибби халқӣ меваи Б.-ро чун давои рафъи ихтилоли меъдаву рӯда ва исҳоли хунин истифода мебаранд. Дар китобҳои тибби қадим (мас., аюрведӣ, тибетӣ ва ғайра) оид ба пайдоиши Б. (ба санскритӣ – харитакӣ) қиссаҳои гуногун ҷой доранд. Табибони ҳиндию тибетӣ бо меваи Б. сурфа, зиқи нафас, гирифтагии овоз, ҳикак, қай, бавосир, исҳол, бадгуворишӣ, қабзият, дамиши шикам, амрози ангалӣ, омосҳои гуногун, бемориҳои дил ва сипурз, пӯст, варам, ихтилоли асабия ва ғ-ро табобат мекунанд. Б. дар тибби аюрведию тибетӣ «шоҳи доруҳо» номида шудааст. Мувофиқи таълимоти онҳо, дар кадом қисми организм чӣ гуна беморие, ки пайдо шавад, Б. табобат мекунад, ба ҷисму рӯҳ қувват мебахшад, кори мағзи сарро беҳтар мекунад, хотираро қавӣ мегардонад. Дар таркиби Б. антиоксидантҳои табиии пурзӯре мавҷуданд, ки ба рагҳо устуворӣ бахшида, хунравиро бозмедоранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Балила // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.