Xalq qəzeti
«Халг газети» (озарбойҷонӣ: Xalq qəzeti — «Рӯзномаи халқӣ») — рӯзномаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ бп забони озарбойҷонӣ, ки дар Озарбойҷон нашр мешавад ва воқеаҳои ҷамъиятиву сиёсии Озарбойҷон ва берун аз онро муҳокима мекунад.
Навъ | рӯзнома |
---|---|
|
|
Муҳаррир | Q20559716? |
Асосгузорӣ | 1919 |
Забон | озарбойҷонӣ |
Нарх | 40 gapik |
Дафтари марказӣ | |
Теъдод | 600 000[1] |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | xalqqazeti.com |
Рӯзнома аз 29 августи соли 1919 бо номи «Коммунист» нашр мешавад. То дар Боку барпо гардидани ҳокимияти Советӣ (соли 1920) пинҳонӣ нашр мешуд. Номи муосири худро дар шумораи 27 августи соли 1991 гирифтааст. Дар замони шӯравӣ ин органи матбуотии Ҳизби Коммунистии ҶШС Озарбойҷон буд. Ҷаъфар Ҷабборӣ, Маммад Саид Ордубодӣ, Наримон Наримонов мақолаҳои худро дар рӯзнома чоп кардаанд.
Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнати ҶШС Озарбойҷон (1923) ва «Нишони Фахрӣ» (1969)[2] сарфароз шудааст.