Куллиёти Кавкабӣ (рисола)
Унсури холии Викидода |
«Куллиёти Кавкабӣ» (с. таълифаш, тах. 1320—1326 ҳиҷрӣ, Бухоро, ба забони тоҷикӣ-форсӣ, настаълиқи хоно, «Куллиёти Дувоздаҳмақом», «Абёти Дувоздаҳмақом») — маҷмӯаи манзуми мусиқӣ, рисолаи манзуми мусиқист), мансуб ба Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ (с. ваф. 1535).
Таркиби рисола
вироишАввалин маҷмӯаи матнии мусиқӣ (Дувоздаҳмақом) ба тавсифи таркиботи мақомҳо, иборат аз ду китоб (ҷилд) буда, бинобар ба қаламдоди муалиф «Куллиёти Кавкабӣ» дастури таълимии мусиқӣ барои аҳли созу овоз аст. Кавкабии Бухороӣ ин асарро бо тавсияи ҳокимони Шайбонӣ (Убайдуллохон 1530—1539) нигошта, сохт ва тартиби нигориши «Куллиёти Кавкабӣ» анъанавӣ буда, ибтидо сухан аз ҳадафи таълиф, тавсифи таркиботи мақомҳо (12-мақом, 24-шӯъба, 6-овоза, гӯшаҳо, мавқеи ҷойгиршавӣ, моҳияти мавзӯӣ-бадеӣ ва ниҳоят замони иҷро ва ғайра) омада, матни шохаҳои овозии «Дувоздаҳмақом» аз ашъори саромадони назми форсии тоҷикӣ (Рӯдакӣ, Ибни Сино, Анварӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Камол, Амир Хусрав ва диг.), суханварони замонааш истифода ва мураттаб гардидааст. Дар «Куллиёти Кавкабӣ» на фақат жанрҳои маъмули шеърию мусиқӣ (ғазал, рубоӣ, тарона), инчунин аз қитъа, соқинома, мусаддасу мустазод, фард ва ғ. инти-хоб шудаанд. Яке аз махсусиёти «Куллиёти Кавкабӣ» он аст, ки дар он матни аслӣ ва маъмули мақомҳо (он мақомҳое, ки то замони муаллиф маъмул будаанд), маҳфуз монда, дар ҳар фасл чун оғоз ашъори тавсифии ба мақомҳо нисбатдошта ва ифодагари образ, ифодаҳои бадеию зебоишиносии ин ё он мақом, овоза, шӯъба, гӯшаҳо омадаанд, корбаст шудаанд. «Куллиёти Кавкабӣ» воқеан падидаи бузурги бадеию зебоишиносии мусиқӣ дар таърихи тамаддуни Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳиндустон эътибор дошта, минбаъд такя ба ин асар дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухорою Самарқанд, Ҳирот, Марв, Деҳлӣ, Табриз, Рай, Шероз ва ғ. манзума, рисолаҳои зиёде тавассути мусиқидонон рӯи саҳ-на омадаанд. Мусиқидонон — Муҳаммади Хуросонӣ, Боқиёи Ноинӣ, Сайфуддини Ғазнавӣ, Абӯлмӯъмин Сафиуддини Гургонӣ (Ҷурҷонӣ), Фурсати Шерозӣ, Туғрои Машҳадӣ аз ин асар мустафид будаанд. Силсилаи рисолаҳою манзумаҳои мусиқии «Тарона ва мақом», «Мақомоти мусиқӣ», «Рисолаи Дувоздаҳмақом» (муаллифо-нашон номаълум) ва ғ. маҳз таҳти таъсири «Куллиёти Кавкабӣ» таҳия, тадвин шудаанд. «Куллиёти Кавкабӣ» чун манбаъи муҳими хаттии мусиқӣ дар таҳияи матнии «Шашмақом» ҳам нақши арзишманде дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Назми Мавлоно Кавкабӣ, Р:5793-9264-1, ИВАН Уз. ССР;
- Дар баёни мақомҳо, Р:728-415-VIII., ИВАН Уз. ССР;
- Дар баёни Дувоздаҳмақом Р:5792-9264-1., ИВАН Уз. ССР;
- Рисолаи Дувоздаҳмақом, Р:724, ИВАН Уз. ССР;
- Рисолаи Дувоздаҳмақом, Р:1466-1, ИВАН Уз. ССР;
- Абёти Дувоздаҳмақом, Р:4544-VII, ИВАН Уз. ССР;
- Рисолаи Дувоздаҳмақом, Р:1467-11, ИВАН УЗ.ССР;
- Рисолаи мақомот, Р:2408-22л-ЛОИВАН СССР;
- Тарона ва мақом, Р:С 693 (842д), ЛОИВАН СССР;
- Сайфуддини Ғазнавӣ, Рисолаи мусиқӣ, Теҳрон, 1883.[1]
- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 103—104 ISBN 978-99947-49-13-3