Ёвонрӯд
Ёвонрӯд[1] (то 31 июли 2023 ҳамчун Ёвонсӯ) — дарёчаест, ки аз қаламрави ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлони Тоҷикистон мегузарад. Соҳили рости дарёи Вахш мебошад. Бузургтарин шохобҳо Ишмасой, Норинсӯ, Даҳанасӯ, Меркесӯ, Қайнарбулоқ мебошанд. Дар поёноб дарёро Шурдарё меноманд.
Ҷараёни об | |
---|---|
Сарчашма | |
• Координатаҳо | 38°28′36″ с. ш. 69°09′29″ в. д.HGЯO |
Резишгоҳ[?] | Вахш |
Нишебии дарё |
Вахш Омударё Баҳри Арали Бузург м/км |
Мавқеъ | |
Кишварҳо | Тоҷикистон |
Минтақаҳо |
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Вилояти Хатлон |
Дарозӣ - 102 км. Масоҳати обанбор 1190 км² мебошад. Шумораи шохобҳои дарозиашон камтар аз 10 км, ки дар ҳавзаи Ёвонрӯд ҷойгиранд, 66 адад, дарозии умумии онҳо 147 км мебошад. Баландии миёнавазни обкашӣ 1400 м. Коэффитсиенти ҷараёни дохили солона 0,04 мебошад. Моҳе, ки даври аз ҳама калонро мегирад, апрел аст. 3% ҷараёни солона дар давраи аз июл то сентябр рост меояд. Намуди ғизогирӣ - барфу борон. Дар соҳили дарё маҳалҳои аҳолинишин - Чорроҳа, Қуймот, Ҳасанӣ, Чароғчӣ, Оҳуҷар, Озодӣ, Ёвон, Чоргул, Тағойобод ва Озодии Шарқ ҷойгиранд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Озодагон — Ғарқшавии 9 шаҳрванд дар як рӯз ва ҳушдори ВКД Бойгонӣ шудааст 24 июли 2018 сол.(тоҷ.)