Ёдгор Нуралиев

муаллими фанни математика

Ёдгор Гурезович Нуралиев (тав. 7.11.1958, д. Пурзободи н. Варзоб) — муаллими фанни математика. номзади илмҳои педагогика (2013), дотсент (2017). «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Ёдгор Нуралиев
Ёдгор Гурезович Нуралиев
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1958(1958-11-07) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Варзоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Зиндагинома

вироиш

Ёдгор Нуралиев солҳои 1977-1983 дар факултети механика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил карда, аз соли 1983 ҳамчун ассистенти кафедраи математикаи олӣ, муаллими калони кафедраи анализи математикӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Соли 2013 дар мавзуи «Роҳҳои фаъолгардонии донишҳои экологӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ» (дар мисоли математика) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1997-2015 муовини декан оид ба кори тарбия ва таълим, 2015-2017 мудири кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ ва аз соли 2017 мудири кафедраи геометрия ва математикаи олии факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аст. Муаллифи зиёда аз 40 мақолаи илмӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» мукофонида шудааст.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ