Ёдгор Файзов
Ёдгор Доёрович Файзов — сиёсатшинос, Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва VI. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Ёдгор Доёрович Файзов | |
Таърихи таваллуд: | 30 декабр 1961 (62 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Шуғнон , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва Мактаби Олии Комсомолии шаҳри Москва. |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва VI. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. |
Зиндагинома
вироишЁдгор Доёрович Файзов 30 декабри соли 1961 дар ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1984 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва соли 1990 Мактаби Олии Комсомолии шаҳри Москваро хатм кардааст. Ихтисос: ветеринарӣ ва сиёсатшиносӣ.
- Солҳои 1984-1986 — духтури ветеринарии Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Соли (07-10) 1986 — мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Соли (10-12) 1986 — инструктори Комитети комсомолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Солҳои 1986-1987 — мудири шуъбаи ташкилии Комитети комсомоли шаҳри Хоруғ;
- Солҳои 1987 -1990 — котиби якуми Комитети комсомоли шаҳри Хоруғ;
- Солҳои 1990-1992 — котиби якуми Комитети комсомоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Солҳои 1992-1994 — раиси Созмони ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Солҳои 1994-2001 — муовини менеҷери генералии Барномаи Рушди Деҳоти Фонди Оғохон;
- Солҳои 2001-2004 — менеҷери генералии Барномаи Рушди Деҳоти Фонди Оғохон;
- Солҳои 2004-2018 — директори Фонди Оғохони Тоҷикистон;
- Аз 1 октябри соли 2018 то 25 феврали соли 2019 — иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Аз 25 феврали соли 2019 ин ҷониб — раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- 29 марти соли 2019 - 16 апрели соли 2020 — муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V [1]
- Аз 17 апрели соли 2020 — Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI мебошад.[2]
Мукофот ва ҷойизаҳо
вироишСарчашма
вироиш- ↑ Роҳбарияти Маҷлиси миллии МО ҶТ(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати шашум иштирок намуданд(тоҷ.). www. khovar.tj. 22 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 май 2020.