АЙРЕКС
АЙРЕКС (англ. IREX International Research and Exchange Board) — ташкилоти байналхалқии ғайримолиявиест, ки роҳбарӣ ва таъминкунии барномаҳои навтаринро ҷиҳати беҳтар гардонидани соҳаи маориф бар дӯш дорад ва бо масъалаҳои мустаҳкам гардонидани матбуоти озод ва омӯзонидани таълимоти рушди плюралистии ҷомеаи шаҳрвандӣ сару кор дорад. Идораи марказии АЙРЕКС дар Вашингтон, ИМА ҷойгир аст.
Маркази маъмурӣ | |
---|---|
Санаи таъсис | 1968[1] |
Оборот |
|
Число сотрудников |
|
Веб-сайт | irex.org(англ.) |
АЙРЕКС соли 1968 созмон ёфтааст[4]. Буҷаи солонаи барномаҳояш 50 миллион долларро ташкил медиҳад ва 500 кормандро дар тамом, ҷаҳон фарогир аст. АЙРЕКС ва шарики ӯ АЙРЕКС Европа барномаҳои гуногун ва таҷрибаи машваратиро дар зиёда аз 50 кишвари олам пешниҳод месозанд.
Маориф
вироишМаориф рушди иқтисод, дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти ҷамъият таъмин карда, барои пешвоёни (лидерони) оянда заминаи устувор мегузорад. АЙРЕКС бо фардиятҳои ҷудогона, институтҳо ва давлат ҷиҳати беҳтару дастрас гардонидани маориф дар тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад.
АЙРЕКС барномаҳоро дар ин замина лоиҳагузорӣ карда, консалтингро таъмин мекунад, то ин ки таълимоти ибтидоии доимӣ дар сатҳи аввала ва миёна мавҷуд бошад. Идомаи ин ҳама метавонад таълимоти олӣ гардад, ки тренинги касбиро фарогир аст.
Ташаккули институти таълимотӣ; Омӯзгорон ва тренинги факултативӣ; Рушди барномаи таълимӣ; Таҳқиқи байналхалқӣ ва аъзоигии касбӣ; Магистратура ва таҳсили донишҷӯён дар хориҷа; Технология барои таълим аз ҷумлаи барномаҳоянд.
Матбуоти мустақил
вироишМатбуоти мустақил шаҳрвандонро ба равзанаи иттилоот ҷалб ва ошно месозад, ки тараққиёти демократӣ ва экологиро пешбарӣ менамояд. Сохтори касбии матбуот ба ҳокимияти шаффофу мустақил бунёд мегузорад, адолату иқтисодро пешбарӣ мекунад ва муҳокимаю баҳси воқеиро дар бобати масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ ташкил мекунад.
АЙРЕКС бо ҳамкорони маҳаллӣ фаъолият менамояд, то эътимодияти комили касбӣ ва мустаҳкамии иқтисодро дар нашрияҳо, радио, телевизион ва Интернет таблиғ кунад. Барномаҳои махсусгардонидашуда ва грантҳои хурд заминаи мусоидро барои таҳқиқи босуботи ҳисобот мегузоранд ва роҳбарикуниро дар сохтори ВАО хубтар карда, ҳимояи матбуоти мустқилро таъмин мекунанд.
Доираи фарогирии барномаҳо:
- Журналистикаи тренингӣ (таълимӣ), Журналистикаи шаҳрвандӣ ва маориф;
- Стратегияи матбуот ва менеҷмент;
- Инкишофи савдо (бизнес) ва реклама;
- Иттилоъ ва коркарди корҳои ҷамъиятӣ;
- Матбуот, таҷдиди қонун ва ҳимоя;
- Технология ва инкишофи инфраструктура;
РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
вироишРушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи шаҳрвандон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва кормандони ҳокимияти маҳаллиро бобати дар ҳамкорӣ фаъолият доштан ҷиҳати беҳтар тарбия намудани давлати пурқудрат ҷалб мекунад.
АЙРЕКС аз усули хос ва тренингҳояш истифода мекунад, то аз мӯҳтоҷоти ҷомеа хабардор бошаду шахсиятҳои иштиёқмандро барои беҳтару хубтар ба давлат хидмат кардан ҷалб созад. АЙРЕКС фаъолияти мақсадноки худро барои аҳолӣ пешкаш мекунад, ки миёни онҳо занон, ҷавонон, аққалиятҳои миллӣ, гирифторони бемории ВИЧ/СПИД ва маъюбон мавҷуданд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ https://books.google.com/books?id=HCMeAwAAQBAJ&pg=PA213&dq=irex+1968&hl=en&sa=X&ved=0ahUKEwiuluff6K_WAhUh34MKHe8tBr44ChDoAQgqMAE#v=onepage&q=irex%201968&f=false
- ↑ https://web.archive.org/web/20210512053010/https://990s.foundationcenter.org/990_pdf_archive/223/223087809/223087809_201506_990.pdf
- ↑ https://web.archive.org/web/20210515233447/https://www.guidestar.org/profile/22-3087809
- ↑ АЙРЕКС Тоҷикистон — Дар бораи АЙРЕКС http://www.irex.tj/taj/about.php Бойгонӣ шудааст 10 апрели 2010 сол.
Пайвандҳо
вироиш- Сомонаи расмии АЙРЕКС — IREX
- Сомонаи расмии АЙРЕКС дар Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 13 Декабри 2012 сол.