А́НЗЮС (англ. ANZUS Security Treaty — Australia, New Zealand, United States) — иттиҳоди (блок)-и ҳарбии се давлат:

АНЗЮС

Таърих

вироиш

Ҳамкории ҳарбии ИМА бо Австралия ва Зеландияи Нав дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 – 45) рушд намуда, бо оғози «Ҷанги сард» (1945 – 90) шакли созмонро гирифт. Аҳднома («Аҳдномаи бехатарии АНЗЮС», «Пакти бехатарии Уқёнуси Ором») 1 сентябри 1952 дар Сан-Франсиско имзо шуда, 29 апрели 1952 ба ҳукми қонун даромад. Мӯҳлаташ доимӣ буда, дертар созишномаҳои ҷудогона оид ба ҳамкории ҳарбӣ байни ин давлатҳо баста шуданд. Органи олии Азюс – Шӯро, ки аз вазирони корҳои хориҷӣ ё ҷонишинони онҳо иборат аст. Инчунин Комитети ҳарбӣ аз ҳисоби намояндагони олирутбаи ситодҳои ҳарбии аъзои иттиҳод таъсис дода шудааст. Азюс фармондеҳии олӣ, қувваҳои мусаллаҳи дастаҷамъӣ ва қароргоҳи доимии худро надорад. Забони расмии мақомоти кории Азюс англисӣ аст. Иттиҳод бо ташаббуси ИМА бо мақсади «мутобиқати кӯшишҳо оид ба мудофиа» дар минтақаи Уқёнуси Ором созмон дода шуда, соли 1978 ба соҳаи фаъолияташ Уқёнуси Ҳинд низ ҳамроҳ карда шуд. Дар ибтидо фаъолияти Азюс бар зидди ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором, инчунин ба муқобили СССР ва иттифоқчиёни вай дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ равона шуда буд. Аъзои Азюс дар ҷангҳои Корея (1950 – 53) ва Вйетнам (1955 – 75) иштирок намуда, ба корҳои Камбоҷа ва Лаос дахолат мекарданд. Пас аз таъсиси Азюс аъзои он дар созмони иттиҳоди ҳарбию сиёсии СЕАТО (1956 – 77) иштирок намуда, ба ҳайати он шомил шуданд. Соли 1987 ИМА созишномаи ҳамкории ҳарбиашро бо Зеландияи Нав қатъ намуд, лекин ҳамкорӣ байни дигар аъзо боқӣ монд. Аъзои Азюс соли 1991 дар ҳайати иттифоқи байналмилалии СММ дар ҷанги халиҷи Форс (ба муқобили Ироқ) ва амалиёти сулҳҷӯёна дар Тимори Шарқӣ (1999 – 2002) иштирок доштанд. Солҳои охир ИМА қувваҳои иттиҳодро бо мақсади мубориза зидди терроризми байналхалқӣ дар минтақа (дар ҳодисаҳои Афғонистон ва Ироқ) истифода мебарад..

Сарчашма

вироиш