Аббос ибни Фирнос
Абулқосим Аббос ибни Фирнос (ар. عباس بن فرناس; 810, Рундо — 887, Қуртуба) — донишманди маъруфи мусулмон, ихтироъкор, муҳандис, аввалин нафари дар фазо парвозкарда, табиб, шоир ва мусиқашинос буд.
Аббос ибни Фирнос | |
---|---|
араб. ар. عباس بن فرناس | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | ар. عبَّاس بن فِرناس بن وِرداس التاكِرني |
Касб, шуғл: | ихтироъкор, пизишк, шимидон, мусиқидон, шоир, ахтаршинос |
Таърихи таваллуд: | 810[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 887[2] |
Маҳалли даргузашт: | |
Эътиқод: | ислом |
Самти фаъолият: | физик |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор Викигуфтовард |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишӮ дар Андалусия дар шаҳри Ронда соли 810 дар оилаи Бербер ба дунё омадааст. Аббос ибни Фирнас соли 887 дар Кордоба дунёро тарк гуфтааст.
Аҷдодони ӯ, эҳтимолан, дар ғасби нимҷазираи Иберия ширкат кардаанд. Вай дар Кордоба зиндагӣ мекард, шоир ва олим буду аз улуми замонааш хеле хуб бархӯрдорӣ ҳам дошт ва аз сарпарастии халифаҳои Кордова Абдурраҳмони II ва Муҳаммад I низ баҳра бардоштааст. Ал-Андалусия як вақтҳо як маркази тайёр кардани муҳандисон, меъморон ва олимон буд. Кордоба ва Бағдод ду маркази фарҳангии санъат ва улуми исломӣ буданд. Аббоси ҷавон тиб ва астрологияро меомӯхт, аммо пеш аз ҳама ба муҳандисӣ ва эҷоди ихтирооти худ ҷалб мешуд. Вай инчунин мусиқии классикии Андалусия ва адабиёту шеъри арабиро дӯст медошт.
Вай бо омӯзишу таҳқиқи илмҳои мухталиф машғул буд, ки ба ин хотир барояш лақаби Ҳаким ал-Андалусро муносиб дидаанд ва ҳамин тур муроҷиат ҳам кардаанд. Дар ҳамон давра мусиқа ҳам бахше аз илми риёзиёт ҳисобида мешуд ва Ибни Фирнос дар ин ду улум хеле муваффақ шуда буд. Барои ниёзҳои мусиқӣ асбоберо бо номи метроном тарроҳӣ кард, инчунин соати обиеро ихтироъ кард, ки алмагота-магот ном гузошт. Аббос ибни Фирнос тамоми умри худро ба илм бахшидааст, китобҳои зиёде дар бораи математика, физика, астрономия ва муҳандисӣ навиштааст, ки барои муаллимони Донишгоҳи Ал-Андалусия китобҳои рӯйимизӣ будаанд.
Аббос ба технологияи истеҳсоли шиша аз қум машғул буд. Дар натиҷа, Испониё ба истеҳсоли шишаи худӣ шурӯъ намуд ва харидани шиша аз мисриёнро қатъ кард, ки технологияи истеҳсоли онро пинҳон медоштанд. Баъдтар заррабини бузургеро ихтироъ карда сайёра (планетария) сохт, ки дар ҳамон давра ин мӯъҷиза хеле машҳур шуда рафт. Дар планетария як модели механиконидашудаи системаи офтобӣ буд, инчунин абрҳо дар осмон шино мекарданд, раъду барқ ба вуҷуд меомаду дурахшон мешуд, вақто осмон айнан бо садо меғуррид.
Тибқи шаҳодату навиштори муаррихони ҳамзамонаш, хонаи Ибни Фирнос муъҷизаи ҳақиқӣ буд — дар сақфи ҳуҷраҳояш ситораҳо медурахшиданд, абрҳо буданд, раъду барқ ба вуҷуд меомад ва ҳамаи ин тавассути механизми мураккабе сохта шуда буд.
Дар бораи машҳуртарини ихтирооти ибни Фирнос маълумоти хеле кам мавҷуд аст. Танҳо як муаллиф, таърихшиноси асри 17-и марокашӣ Аҳмад Муҳаммад ал-Маккарӣ дар бораи кӯшиши Аббос ба парвоз дар ҳаво ва ҷузъиёти дастгоҳи парвозиаш хабар додааст. Мувофиқи навиштаҳои муаррих, Аббос Ибни Фирнос барои худ болҳое монанд ба боли ҳақиқии паррандагон ихтироъ кард, ки хеле воқеӣ ва ҷолиб менамуд. Дар пеши назари шоҳидон Ибни Фирнос масофаи муайянеро бо парвоз тай кард, аммо на он қадар муваффақ фуруд омад.
Бузургдошт
вироишБарои гиромидошти хотираи Аббос ибни Фирнос, имрӯз дар зодгоҳи олим шаҳри Ронда маркази астрономӣ ба номи Ибни Фирнос фаъол аст. Ба шарофати олим, фурудгоҳ дар шимоли Бағдод номгузорӣ шудааст ва дар роҳ ба фурудгоҳи байналмилалии Бағдод ҳайкали ӯ гузошта шудааст. Дар Либия бо тасвири Аббос ибни Фирнас маркаҳо чоп шудаанд. Дар Кордоба, Хосе Луис Манзанарес Ҳапон пули болои дарёи Гвадалкивирро сохтааст, ки дар маркази он ҳайкали ин олими шуҳратёр қомат афрохтааст.
Соли 1976 як кратер дар моҳ ба номи Ибни Фирнос гузошта шуд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://wikidata-externalid-url.toolforge.org/?p=8034&url_prefix=https://opac.vatlib.it/auth/detail/&id=495/346174 (ингл.)
- ↑ الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 3. — С. 264.