Абдувалӣ Давронов
Абдувалӣ Давронов (29 май 1957, Ворух, вилояти Суғд — 5 январ 2013, Душанбе) — мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик, тарҷумон, доктори илмҳои филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1995), узви Иттифоқи нависандагони Арманистон (2003), узви Иттифоқи тарҷумонҳои мамолики ИДМ ва Балтик(2009), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997)
Абдувалӣ Давронов | |
Таърихи таваллуд | 29 май 1957 |
Зодгоҳ | ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 5 январ 2013 (55 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Ҷоизаҳо |
Барандаи озмуни байналхалқии "Барои тарҷумаи беҳтарин" дар номгӯи МЭТР-и мамолики ИДМ ва Балтик (2007) ва ҷоизаи дараҷаи дуюми Озмуни VI-уми байналмилалии "Ҳусни китоб"-и кишварҳои узви ИДМ (2009), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997) |
Зиндагинома
вироишАбдувалӣ Давронов 29 майи соли 1957 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Ленинободи (ҳоло Суғд) Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1974 пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш ба факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонидааст. Солҳои 1978—1980 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат ва дар тӯли солҳои 1981—1985 курси дусолаи муҳаққиқ-коромӯз ва баъдан аспирантураи Институти адабиёти ба номи Манук Абегяни АИ Арманистонро дар шаҳри Ереван хатм намуда, солҳои 1985—1996 дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик фаъолият карда, соли 1988 курси такмили ихтисосро дар кафедраҳои адабиёти советии рус ва адабиёти халқҳои ИҶШС-и факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов бо ихтисоси «Адабиёти муосири рус» гузаштааст. Дар тӯли фаъолияташ дар донишгоҳи мазкур ӯ солҳои 1988—1996 ба ҳайси муовини сарвари факулта ифои вазифа намудааст. Солҳои 1996—2009 раиси бахши забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. 5 январи соли 2013 Абдувалӣ Давронов аз олам гузашт.
Фаъолияти илмӣ
вироишРиштаи тадқиқоти Абдувалӣ Давронов масьалаҳои гуногуни таърихи адабиёт, равобити адабӣ,назария ва танқиди тарҷума, адабиётшиносии муқоисавӣ, мушкилоти назму насри муосири тоҷик, нақди адабиро фаро мегирад. Абдувалӣ Давронов аз ибтидои фаъолияти илмии худ ба масъалаҳои пайвандҳои адабии халқи тоҷик таваҷҷуҳ намуда, тоҷикӣ ва русӣ таълиф кардааст ва асару мақолаҳояш дар сахифаҳои нашрияҳои Тоҷикистон, Арманистон, Фаронса, Эрон ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон китобу маҷмӯаи мақолот ва монографияҳо мебошад.
Осор
вироиш- «Пайванди замонҳо ва қисмати адабиёт»(1994);
- «Адабиёт ва замон»(1996);
- «Мушкилоти пайвандҳои адабӣ» (1999);
- «Рубоиёти Хоқонии Шарвонӣ» (1999, бо М.Солеҳов);
- «Горизонты литературных связей» (2000);
- «Адабиёт ва воқеият» (2003);
- «Пайвандҳои адабии халқи тоҷик» (2003, бо Х.Шодиқулов);
- «Адабиёт ва маърифати инсон» (2006);
- «Издревле сладостный союз…» (Краткие очерки истории таджикско-русских литературных связей, 2006, бо Ҳ. Шодиқулов);
- «Дурдонаҳои адабиёти арман» (2008);
- «Орбита взаимодействия литератур» (2009);
- «Адабиёти марзҳо ва ҳунар» (2011).
Ҷоизаҳо
вироиш- Барандаи озмуни байналхалқии «Барои тарҷумаи беҳтарин» дар номгӯи МЭТР-и мамолики ИДМ ва Балтик(2007);
- Барандаи ҷоизаи дараҷаи дуюми Озмуни VI-уми байналмилалии «Ҳусни китоб»-и кишварҳои узви ИДМ (2009).[1]
- Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997)
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишИн мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |