Абдувалӣ Шарифзода

олим, {{таърихнигор|Тоҷикистон}}, номзади илмҳои таърих

Абдувалӣ Қурбоналӣ Шарифзода (Тав. 12 июни соли 1968, дар ноҳияи Кӯлоби) – олим, таърихнигор, номзади илмҳои таърих. Дорандаи медали «Хидмати шоиста» ва нишони тилоии ЭКО. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.

Абдувалӣ Шарифзода
Абдувалӣ Қурбоналӣ Шарифзода
Таърихи таваллуд 12 июн 1968(1968-06-12) (56 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992), Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро (2013)
Ҷоизаҳо медали «Хидмати шоиста» ва нишони тилоии ЭКО. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.

Зиндагинома

вироиш

Абдувалӣ Қурбоналӣ Шарифзода соли 1992 факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2013 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1993-1994 дар кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 1994-2011 дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, аз ходими хурди илмӣ то директори ин муассиса. Солҳои 2011-2021 директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз моҳи апрели соли 2021 мудири Шуъбаи таърихи илм ва техника дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сардабири нашрияи «Ахбори Осорхонаи миллии Тоҷикистон», раиси Шӯрои илмӣ ва Комиссияи экспертии Осорхонаи миллии Тоҷикистон(то соли 2021) ва узви Комисияи ҷумҳуриявии экспертизаи бадеӣ ва коршиноси дараҷаи байналмилалист. Дар чандин ҳафриёти бостоншиносии ҳудуди Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок кардааст. Хатмкардаи курсҳои такмили ихтисос дар Академияи фарҳанг ва санъати Федератсияи Россия дар ш. Челябинск (2008), Пажӯҳишгоҳи байналмилалии реставратсия ва консерватсияи шаҳри Теҳрон (2004) ва барномаи байналмилалии «Идоракунии осорхонаҳо дар асри XXI» дар кишварҳои Федератсияи Русия, Украина ва Белорусия (2007-2010). Муаллифи Нақшаи мавзӯӣ-экспозитсионии Осорхонаи мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Осорхонаи вилоятии ба номи «Авасто»-и ш. Қурғонтеппа ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ аксбардори ҳирфаист ва асарҳояш дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон чоп шудаанд.[1]

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Мавӯъҳои илмӣ-тадқиқотӣ: сиккашиносӣ, катибашиносӣ, манбаъшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ. Чандин катибаҳои аҳамияти калони илмӣ доштаи Тоҷикистон, аз ҷумла катибаи куфии Меҳроби Искодар (асри X), катибаҳои куфии мақбараи Ҳазрати Шоҳ (асри X), катибаҳои куфӣ, насх ва сулси мақбараи Муҳаммад Башоро (асрҳои X-XIV) ва катибаҳои аксари ёдгориҳои меъмории асрҳои XIX-XX-и вилоятҳои Хатлону Суғд нахустин бор аз ҷониби ӯ таҳқиқ ва хонда шудаанд.

Мақолаҳои илмӣ

вироиш

Муаллифи китобҳои «Клад кушанских монет из Вахшской долины» (Душанбе, 2010), «Клады средневековых монет» (Душанбе, 2011), «Экспозитсия ва экскурсияи осорхона» (Душанбе, 2012); «Шаҳраки кушонии Сайёд», (Душанбе, 2017), “Ганҷинаи Кӯлоб ” (Дирҳамҳои сомонӣ) (2019) ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.«Китобу-л-фароиз»-и Мавлоно Яъқуби Чархиро баргардон ва нашр намудааст.[1]