Абдувоҳид Розиқов
Абдувоҳид Абдуқаҳҳорович Розиқов — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1984), профессор (1987).
Абдувоҳид Абдуқаҳҳорович Розиқов | |
Таърихи таваллуд | 2 август 1942 (82 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон, мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, ДДОЛ ба номи С.М.Киров, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров |
Зиндагинома
вироишДастпарвари Институти политехникии Тоҷикистон (1965). Ассистенти кафедраи Институти политехникии Тоҷикистон (1965-1967), муҳандис-муҳаққиқ ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи марказии иқтисодиёту математикаи АИ ИҶШС (1967-1972), мудири шуъбаи Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон (1972-1976), мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (1976-1994). Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1994-1995). Муассис ва аввалин декани факултаи бизнеси муҳандисӣ ва менеҷменти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1995-1997). Мудири кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти истеҳсолии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (аз с.1997). Солҳои 1983-1990 дар таҳияи барномаи комплексии прогресси илму техникаи ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1986-2005 ва 1990-2010 фаъолона ширкат варзидааст. Дар ин барнома таҳияи қисматҳои ҳифзи табиат, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои табиӣ ба зиммаи ӯ гузошта шуда буд. Солҳои охир роҳбарии самти нави илмӣ оид ба ислоҳоти низоми инфрасохтори истеҳсолӣ дар шароити бозор, масоили сармоягузории миёнамӯҳлат ва назарияи қабули қарорҳои идоракуниро ба зимма дошт.[1]
Адабиёт
вироиш- А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.