Абдувоҷид Неъматович Ашӯров (14.02.1947, Самарқанд — 27.03.2002, Душанбе) — физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика (1992).

Абдувоҷид Ашӯров
Абдувоҷид Неъматович Ашӯров
Таърихи таваллуд 14 феврал 1947(1947-02-14)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 27 март 2002(2002-03-27) (55 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДТ ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Абдувоҷид Неъматович Ашӯров соли 1970 факултаи физикаи ДДТ ба номи В.И Ленин ба итмом расонда, дар Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон ба фаъолият пардохт ва то поёни умр ҷои кор дигар накард. Зинаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири лаборатория, сарходими илмиро дар Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон (1970—2002) паймудааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Ҳамчун мутахассиси физикаи назариявӣ перомуни системаҳои конденсионӣ, усули ба истилоҳ «таҷрибаи мошинӣ», роҳҳои гудозиши филиззоти оддию мураккаб, тағйирёбии динамикаи молекулярӣ, ҳисоби коэффисентҳои кондексионӣ ва ғайра таҳқиқот анҷом додааст. Теъдоди осори илмиаш ба шаст мерасад.

  • Расчёт кинетических коэффицентов методом малекулярной динамики. — Д., 1975;
  • Модифицированый метод молекулярной динамики и его применение при исследованиимоделей конденсированных тел при наличии дефектов. — Д., 1993;
  • Перепись 2000;
  • Разработка приложений в среде Visual FoxPro. — Д., 2000.

Адабиёт

вироиш