Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ
Нахустин таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи илми физика дар системаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (то 20.03.2020 - Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба таъсисёбии Шуъбаи физикаю математика дар соли 1957, ки бевосита бо ташаббуси президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон Султон Умарович Умаров амалӣ гашта буд, вобаста аст. Дар як вақт омодакунии интенсивӣ ва мақсадноки кадрҳои илмӣ дар соҳаи физика оғоз меёбад – аксарияти мутахассисони ҷавон, ки ташнаи илм буданду онҳоро олами пурасрори ҷустуҷӯйҳо ба худ ҷалб мекард, ба марказҳои илмии бонуфузи Академияи илмҳои ИҶШС, Академияи илмҳои Белорусия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя фиристода шуданд.
Аввалин корҳои илмӣ-таҳқиқотии Шуъбаи физикаю математика ба омӯзиши хосиятҳои комплексии физикӣ, физикӣ-химиявӣ ва сохтории пайвастагиҳои нимноқилҳои бинарӣ ва мураккаб, таъсири мутақобилаи ионҳои манфӣ бо сатҳи металл, коркарди баланд бардоштани усулҳои эмиссонии спектралӣ ва баъзе аз масъалаҳои физикаи ҳаста бахшида шуда буданд. Аз 1-уми июни соли 1964 дар заминаи лабораторияи амалкунандаи Шуъбаи физикаю математика, ки дар сақфҳои он масъалаҳои номбаршудаи илми физика ҳал карда мешуданд, Институти физикаю техника ташкил карда шуд, ки номи ташкилкунандаи он – академик С.У.Умаров, ки дар ҳақиқат марди дорои истеъдоди фавқуллода буд, ба худ мегирад. Имрӯз олимон-физикон бо як фахри хоса ва бо ҳисси сипос номи ин инсони наҷиб, забардаст ва олими боистеъдоди энсиклопедӣ, яке аз аввалин физик-назариячии Осиёи Миёна, олими барҷаста ва ходими давлатиро ба ёд меоранд.
Маҳз таҳти роҳбарии академик С.У.Умаров дар Шуъбаи физикаю математика лабораторияи физикаи ҳаста, физикаи нимноқилҳо, физикаи мустаҳкамӣ, оптика, спектроскопия таъсис дода шуданд, ки пояҳои сохтори ташаккулёфтаистодаи Институти физикаю техникаро ташкил дода, роҳҳои афзалиятноки рушди илми физика муайян карда шуданд.
(ИФТ ба номи С. Умарови АМИТ) | |
---|---|
Номи байналмилалӣ | S.U. Umarov Physical – Technical Institute of the National Academy of Sciences of Tajikistan |
Таъсис | 1964 |
Директор | Афзалшоҳ Зарифзода |
Макон | Тоҷикистон, Душанбе |
Нишонии ҳуқуқӣ | кӯч. Айнӣ 299/1, 734063 |
Вебгоҳ | phti.tj |
Таърих
вироишДар суратҷаласаи нишасти Коллегияи комитети давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии ИҶШС аз 11 апрели соли 1964 таҳти №27 “Доир ба тартиб даровардани шабакаҳои муассисаҳои илмии Тоҷикистон” чунин омада буд: “Таклифи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Академияи илмҳои ИҶШС оид ба ташкили Институти физикаю техника дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар асоси пойгоҳи Шуъбаи физикаю математика қабул карда шавад”. Дар зери сатрҳои хушки иқтибос аз суратҷаласа энергияи бузурги академик С.У.Умаров, истеъдод ва қобилияти итминони мақомоти олиро ба даст оварда тавонистани ӯ, дар зарурати сохтани институтҳои нав дар системаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, сарфи назар аз норасогии кадрҳо, кам будани таҷҳизотҳои моддию техникӣ дар лабораторияҳо, эҳсос карда мешавад.
Дар Қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1964 таҳти №228 қайд карда шудааст: “Бо назардошти хидматҳои бузурги С.У.Умаров дар рушди илм ва таҳқиқотҳои физикӣ дар ҷумҳурӣ ва барои пос доштани хотираи неки ӯ, ба Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон номи академик С.У.Умаров дода шавад ва минбаъд чунин номгузорӣ карда шавад”: Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бунёди Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров ҳодисаи бузурге буд дар ҳаёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барои рушди ҳаматарафаи таҳқиқотҳои физикӣ-математикӣ дар ҷумҳурӣ, ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодиву миллӣ, коркард ва татбиқи технологияҳои нав дар саноати кишвар, замина гузошта шуд. Институт дар соҳаҳои масъалаҳои фундаменталӣ ва таҷрибавии физикаи ҳаста, физикаи ҷисмҳои сахт ва нимноқилҳо таҳқиқот мебурд.
Дар саргаҳи ташаккул ва рушди илми физика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои физикаю математика, профессор, Корманди шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон Акобир Адҳамович Адҳамов – нахуст директори институт, ки то соли 1991 сарварии ин муассисаро ба уҳда дошт, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Латиф Шарифович Хоҷаев ва Баҳрулло Нарзуллоев, номзади илмҳои физикаю математика Н.М. Ҳошимов истода буданд.
Таҳти роҳбарии бевоситаи академик А.А. Адҳамов тамоми самтҳои асосии таҳқиқоти илмии ташаккулёфтаистода дар институт, ташкил карда шуданд. Академик А.А.Адҳамов кори Шуъбаи физикаи назариявӣ ва лабораторияи акустикаи физикиро ташкил ва роҳбарӣ мекард. Таҳти роҳбарии ӯ лабораторияҳои маводи диэлектрикӣ, электроникаи квантӣ, технологияи криогенӣ ва озмоишгоҳи технологияҳои офтобӣ ташкил карда шуданд. Ӯ роҳбарии мавзӯҳои илмӣ-таҳқиқотии физикаи назариявӣ, масъалаҳои физикаи акустика ва физикаи маводи сегнетоэлектрикро ба зимма гирифта буд.
Академик А.А.Адҳамов мутахассиси бузурги соҳаи физикаи назариявӣ буда, самтҳои асосии таҳқиқоти ӯ дар соҳаи назарияи молекулавӣ-кинетикии газҳо ва моеъҳо, акустикаи молекулавӣ ва назарияи гузаришҳои фазавиро ташкил медоданд. Назарияи кинетикии ҷараёнҳои номувозинатии моеъҳо, аз ҷумла паҳншавии мавҷҳои ултрасадо дар моеъҳо, назарияи молекулавии хосиятҳои часпакӣ-чандирии моеъҳо ва назарияи фурӯбарии резонанси ултрасадо дар муҳити конденсӣ бо ташаббуси ӯ рушд намуданд. Назарияи кинетикии равандҳо ва зуҳуроти флуктуатсионии моеъҳоро дар назди нуқтаи критикӣ пешниҳод кард, хусусиятҳои термофизикӣ, динамикӣ ва оптикии кристаллҳои ноқис омӯхта шуданд. Ин корҳои илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ дар соҳаи назарияи омори муҳитҳои конденсӣ ва акустикаи молекулавӣ барои рушди як қатор самтҳои таҳқиқоти назариявӣ дар мактаби назариячиҳои ташкил кардаи ӯ асосӣ буданд. Яке аз зумраи арбобони боистеъдоди мактаби физик-назариячиёни А.А.Адҳамов ба шумул мераванд: академик С.Одинаев, узви вобастаи АИҶТ Т.Х.Салихов, профессорон М.И.Салахутдинов, А.Асоев, В.И.Лебедев, А.Ашуров, номзадони илмҳои физикаю математика, дотсентон А.А.Абдурасулов, Ҳ.Насруллоев ва як қатор олимони дигар, ки ба рушди илми физика дар ҷумҳурӣ саҳм гузоштанд.
Академик А.А.Адҳамов яке аз ташкилкунандагони асосии илм дар Тоҷикистон буд. Таҳти роҳбарии ӯ, Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИФТ АМИТ) ба як маркази калони таҳқиқоти бунёдӣ табдил ёфта буд, ки бо асбобҳо ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шуда, оид ба масъалаҳои гуногуни физикаи муосир таҳқиқоти ҳамаҷонибаи физикӣ гузаронида мешуд. Таҳти роҳбарии ӯ институт оид ба ворид намудани дастовардҳои андешаҳои илмию техникӣ ба иқтисодиёти хоҷагии халқ корҳои зиёде анҷом дода, ба маркази тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос барои соҳаҳои гуногуни саноати Тоҷикистон табдил ёфт.
Бо дастгирӣ ва роҳнишондиҳии академик А.А.Адҳамов кадрҳои баландихтисос ба монанди академик Р.М. Марупов, узви вобастаи АИҶТ И.И.Исмоилов, профессорҳо Б.С. Умаров, Ш.С.Мазитов, Ш.М.Мавлонов, Х.М.Қурбанов, М.А.Султанов омода карда шуданд. Насли ояндаи физикҳо ба монанди академик С.Одинаев, академик Х.М.Ахмедов, узви вобаста Т.Х.Салихов, У.Мадвалиев, профессорҳо М.И.Салоҳутдинов, Ш.Аҳмедов, Ф.Нормуродов; докторони илмҳои физикаю математика: Н.Мухторов, С.Ф. Абдуллоев, Н.Шкляр, Ю.М.Шукринов; доктори илмҳои химия Т.Шукуров, номзади илмҳои физикаю математика И.Б.Бобоҷонов, А.А.Ҷураев, С.Н.Сакиев, А.Холов, Р.А.Кариева, К.Кабутов, И.Раҳимов, Б.Назаров, В.Салимов, Ш.Ш.Азимов, М.Н.Цеитлин, В.М.Николаев ва бисёр дигарон бо таҳқиқоти илмии худ ва натиҷаҳои бадастомада дар рушди институт саҳми назаррас гузоштанд.
Дар тӯли 15 соли таъсисёбии институт, аллакай дар соли 1979, дар сохтори институт зершуъбаҳои зерини илмӣ ташкил карда шуданд:
- Лабораторияи физикаи ҳаста, ки соли 1962 таъсис ёфтааст, ба таҳияи масъалаҳои амалии физикаи ҳаста, омӯхтани таъсири мутақобилаи зарраҳои космикӣ бо ҳастаҳои унсурҳои мухталиф ҳангоми энергияи баланд ва фавқулбаланд машғул аст (эксперименти “Помир”);
- Лабораторияи физикаи нимноқилҳо, ки соли 1962 таъсис ёфтааст, бо омӯзиши зуҳуроти кинетикӣ дар нимноқилҳо машғул аст;
- Лабораторияи физикаи мустаҳкамӣ, ки соли 1962 таъсис дода шудааст, бо таҳқиқот дар соҳаи физикаи мустаҳкамии металлҳо машғул аст;
- Лабораторияи оптика ва спектроскопия, ки соли 1964 таъсис ёфтааст, оид ба спектроскопияи молекулавии моддаҳо таҳқиқот мегузаронад;
- Лабораторияи таҳлили активатсионӣ, ки соли 1966 таъсис ёфтааст, масъалаҳои амалии физикаи ҳаста ва методҳои таҳқиқоти физикӣ- ҳаставӣ барои омӯзиши таркиб ва сохтори элементҳо барои таҳқиқот дар соҳаҳои вобастаи илм ва хоҷагии халқ таҳия ва коркард менамояд;
- Сектори физикаи назариявӣ, ки соли 1967 таъсис ёфтааст, назарияи молекулавӣ-кинетикии системаҳои конденсӣ, равандҳои бебозгашт дар муҳитҳои конденсӣ, гузаришҳои фазавӣ ва падидаҳои критикӣ, усулҳои майдон-назариявии омӯзиши системаҳои квантиро таҳия менамояд;
- Лабораторияи ултрасадо, ки соли 1967 таъсис ёфтааст, мушкилоти акустикаи молекулӣ, хосиятҳои акустикии кристаллҳои молекулавӣ ва моеъгӣ ва инчунин усулҳои безараргардонии назоратро барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқ таҳия менамуд;
- Лабораторияи таҳлили рентгено-сохторӣ, ки соли 1968 таъсис ёфтааст, ба парвариши кристаллҳои нав ва омӯзиши сохтори онҳо машғул аст;
- Лабораторияи электроникаи квантӣ, ки соли 1971 таъсис ёфтааст, масъалаҳои ба даст овардан ва истифодаи афканишоти лазерии нимноқилҳоро коркард мекунад;
- Лабораторияи криогенӣ, ки соли 1972 таъсис ёфтааст, хосиятҳои физикии ноқилҳоро дар ҳарорати паст омӯхта, дар айни замон сохтани асбобҳои крио-магнитотерапиро барои эҳтиёҷоти соҳаи тибб таҳия карда истодааст;
- Лабораторияи оптоакустика, ки соли 1976 таъсис ёфтааст, дар соҳаи спектроскопияи ҷисми сахт ва пароканиши мувофиқи нурҳои рӯшноӣ кор мебарад.
Дар 15 соли оянда, то соли 1994, дар институт 11 лаборатория, 2 кафедра ва 4 гурӯҳ фаъолият мубурданд, ки дар шаш самти асосӣ, ки 17 мавзӯъро дарбар мегирад таҳқиқоти илмӣ бурда мешуд.
Аз соли 1991 то 1999 институтро олими маъруф дар соҳаи спектроскопияи пайвастаҳои фаромолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, академик Р. М. Марупов сарварӣ мекард.
Академик Р.Марупов усулҳои махсусро кор карда баромад, ки имкон дод бори аввал хусусиятҳои спектроскопиро системанок гардонад ва хусусиятҳои нозуки сохтории нахҳои пахтаи пайдоиши гуногун, нахҳои рустаниҳои солим ва доғдорро ошкор кунад. Хусусиятҳои сохтори молекулавии целлюлозаи пахта дар вақти биосинтези он, нахҳои пахта ва зағир, нитратҳои селлюлоза омӯхта шуда, қонуниятҳои молекулавӣ-динамикии спектрҳои РПЭ коркард карда шуда, робитаи онҳо бо хосиятҳои физикӣ ва механикӣ муқаррар карда шудаанд.
Аз соли 1999 то 2001 институтро доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики АИ ҶТ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон С.О Одинаев, мутахассиси варзида дар соҳаи назарияи молекулӣ- кинетикии моеъҳо роҳбарӣ мекард. Аз ҷониби ӯ назарияи релаксатсияи сохтории моеъҳои классикӣ, истифодаи он дар омӯзиши электролитҳо, моеъҳои магнитӣ ва дигар намуд моеъҳои классикӣ таҳия шудаанд. Академик С. Одинаев дар тарбияи кадрҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузург гузошта, таҳти роҳбарии ӯ як қатор рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ карда шудааст.
Академик С.О Одинаев дар рушди таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузург гузошта, баъдтар роҳбари Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки маъхази асосии кадрҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиӣ ва техникиро ташкил медиҳанд, ба уҳда дошт. Ба туфайли фаъолияти ӯ, робитаи институт бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ хеле мустаҳкам гардид ва тамоюли мусбати воридшавии мутахассисони ҷавон ба илми академӣ ба назар расид. Дар вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳо, академик С.О Одинаев кори пурсамари ташкили воридшавии илм ва техникаро дар корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе иҷро карда, ба эҳтиёҷоти таъхирнопазири институтҳои Шуъбаҳои физика, математика, химия, геология ва илмҳои техникӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.
Дар солҳои 2001 - 2005 институтро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Анвар Абдурасулович Абдурасулов, вориси мактаби академик А.А.Адҳамов ва академик С.Одинаев, мутахассиси маъруф дар соҳаи назарияи молекулавии кинетикии моеъҳои асимметрӣ, электролитҳо ва кристаллҳои моеъ роҳбарӣ мекарданд. А.А.Абдурасулов дар рушди муносибатҳои институт бо Маркази байналмилалии илмӣ ва техникӣ, иштироки фаъоли кормандони институт ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва техникӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Канада саҳми бузург гузошт. Ба туфайли лоиҳаҳои Маркази байналмилалии илм ва техника дастрасӣ ба шабакаҳои глобалӣ, ба пойгоҳҳои электронии муосири интишороти илмӣ ва ғайра таъмин карда шуд. Ҳамчун ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, А.А.Абдурасулов ба таҳкими робитаҳои илмҳои академӣ ва донишгоҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба илмҳои бунёдӣ ва амалӣ мусоидат намуд.
Аз соли 2006 то 2017 институтро Ҳ.Ҳ. Муминов, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси маъруф дар соҳаи физикаи математикии ғайрихаттӣ ва назарияи муҳитҳои конденсӣ, роҳбарӣ кардааст.[1]
Ҳоло директори институт номзади илмҳои физикаю математика Фарҳод Шокир мебошад.[2]
Шуъбаҳо ва озмоишгоҳҳои институт
вироишАйни ҳол дар институт зерсохторҳои зерин фаъолият мебаранд:
1) Шуъбаи наноматериалҳо ва нанотехнология
- Сектори физикаи назариявӣ
- Лабораторияи физикаи кристаллҳо
- Лабораторияи акустикаи физикӣ
- Лабораторияи физикаи фаросардӣ ва фавқуллноқилият
2) Маркази байналхалқии таҳқиқоти физикӣ-ядроӣ
3) Маркази омӯзиш ва тадбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
4) Лабораторияи физикаи атмосфера
5) Лабораторияи электроникаи квантӣ
6) Лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ
7) Кластери ҳисоббарор
8) Шуъбаи иттилоотонӣ
9) Шуъбаи пайвасти илм бо истеҳсолот
10) Пойгоҳи истеҳсоли нитрогени моеъ
Самтҳои фаъолият ва натиҷаҳои асосӣ
вироишКорҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар зерсохтори институт самтҳои асосии зеринро дар бар мегиранд:
- физикаи ядроӣ;
- физикаи назариявӣ;
- физикаи муҳити конденсӣ;
- оптика, электроникаи квантӣ;
- масъалаҳои физикӣ ва техникии энергетика;
- физикаи атмосфера;
- истифодаи усулҳои таҳқиқотии физикӣ дар тиб,
ки мувофиқи он масъалаҳои зерин ҳал карда мешаванд:
- усулҳои таҳқиқоти физикӣ- ядроӣ;
- нурҳои кайҳонӣ ва физикаи энергияҳои фавқулбаланд;
- физикаи нимноқилҳо;
- ташаккул ва сохтори кристаллҳо;
- физикаи сегнетоэлектрикҳо ва диэлектрикҳо;
- физикаи муҳити конденсӣ дар ҳарорати паст;
- спектроскопия;
- оптикаи коҳерентии ғайрихаттӣ (электроникаи квантӣ);
- акустика;
- омӯзиши равандҳои физикӣ дар атмосфера;
- манбаъҳои барқароршавандаи энергия.
Дар самти «Физикаи ҳаста» муаммоҳои усулҳои таҳқиқоти ядроӣ-физикӣ ҳал карда шуда, инчунин дар соҳаи физикаи нурҳои кайҳонӣ ва физикаи энегияҳои фавқулбаланд таҳқиқот гузаронида мешаванд. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини институт - барқарор ва ба кор даровардани реактори Аргус мебошад, ки дар ҳолати нигоҳдорӣ (консерватсия) қарор дорад. Бо ба кор даровардани реактори Аргус, таҳлилҳои нейтроно-активатсионӣ ва нейтронно-графикӣ рушд меёбанд ва истеҳсоли радиодоруҳо барои тибби ҳастаӣ оғоз меёбад.
Эксперименти "Помир" ва таҳқиқи нурҳои кайҳонӣ
вироишТаҳқиқоти нурҳои кайҳонӣ ҳанӯз дар Шуъбаи физика ва математика бо таҳқиқоти нигоҳ дошта нашудани ҷуфтӣ, ҳангоми иҳотаи мю-мезонҳои нурҳои кайҳонӣ аз тарафи ядроҳои моддаҳо, бо мақсади омӯзиши асимметрияи паридани нейтрон вобаста ба спини ядро, оғоз шуда буданд. Таҳқиқотҳо ба натиҷаҳои ба даст омада дар баландии 3860 м аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон асоснок шуда буданд.
Соли 1971 бо ташаббуси Институти физикаи Академияи илмҳои ИҶШС (ИФАИ ба номи П.Н. Лебедев, «ФИАН») дар Помир дар мавзеи Ак-Архар дар баландии 4360 м аз сатҳи баҳр таҳқиқоти муштарак бо олимони ИФТ АИ ҶТ, оид ба омӯхтани таъсири зарраҳои элементарӣ ва нуклонҳо бо нуклонҳо ва ядроҳо дар энергияи аз 10^12 эВ баланд (эксперименти Помир) оғоз шуданд. Дар ташкили Пойгоҳи омӯзиши нурҳои кайҳонии “Помир” низ саҳми устод М.С.Осимӣ кам нест, зеро маҳз он кас ҳамчун президенти Академияи илмҳо масъули қабули қарор дар бораи гузаронидани экспериментҳо буданд. Ин чиз махсусан аз мукотибаи байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Институти физикаи АИ ИҶШС (ФИАН) баръало намоён мегардад. Доир ба гузаронидани таҷрибаҳои якҷоя дар Помир аз тарафи роҳбарияти ФИАН ба номи М.С.Осимӣ мактуб меояд (мактуби №112-445 кл-408 аз 15 январи соли 1971), ки дар он вобаста ба таҳқиқоти якҷояи олимони Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров ва ФИАН дархост фиристода мешавад. Устод М.С.Осимӣ дар мактуби ҷавобӣ (№1/515 аз 18 марти 1971) дархости олимони Маскавро қабул карда, барои муайян сохтани барнома ва нақшаҳои таҳқиқот пешниҳод намуданд, ки мудири лабораторияи физикаи ҳастаии Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров (ИФТ ба номи С.У.Умаров) Ином Бобоҷонов ба Маскав сафар намоянд. Ҳамин тариқ, худи ҳамон сол макети камераи рентгениву эмулсионӣ дар масоҳати 20 м2 сохта шуда, таҳқиқот оғоз гардид. Фаъолияти ин дастгоҳ нишон дод, ки дар он метавон таҳқиқоти муҳими илмӣ анҷом дода, дар натиҷа ба хулоса омада шуд, ки масоҳати онро зиёд намоянд. Дар ин бора директори ФИАН академик Д.В.Скобелтсин ба номи устод М.С.Осимӣ мактуб менависад (№112-634-6772 аз 21 октябри 1971), ки аз он ҷумла чунин омадааст: “Қайд кардан бамаврид аст, ки дар марҳилаи аввали кор лабораторияи физикаи ҳастаи Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Бе иштироки ин лаборатория насби камераи эмулсионӣ дар Помир ғайриимкон мебуд. Умедворам, ки ҳамкории бомуваффақият оғозгардида байни ФИАН ва ИФТ ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон тавсеа ёфта, дар солҳои наздик дар Помир дар баландии зиёдтарини дастрас дастгоҳҳои рентгениву эмулсионии масоҳаташон калон насб карда мешаванд, ки барои таҳқиқи таъсири мутақобилаи зарраҳои баландэнергия имкон медиҳанд.”
Дар мактуби ҷавобӣ бошад (аз 12 ноябри 1971), устод М.С.Осимӣ аз ҷумла менависанд: “Раёсати Академия илмҳои Тоҷикистон умед мекунад, ки ҳамкории байни Институти Шумо ва ИФТ ба номи С.У.Умаров оғоз гардида, барои лабораторияи ҷавони физикаи ҳастаӣ мактаби хубе гардида, онро бо гурӯҳҳои бонуфузи илмӣ дар як радиф қарор медиҳад.”
Дар иҷроиши вазифаҳои эксперименти “Помир” Институти физикаю техникии ба номи С.В. Стародубцев А.И. ҶШС Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи ҳастаи Академияи илмҳои ИҶШС, Институти таҳқиқоти физикаи ҳастаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Д.В. Скобелцин, Институти физикаи энергияҳои фавқулбаланди Академияи илмҳои ҶШС Қазоқистон, Институти физикаи Академияи илмҳои ҶШС Гурҷистон ширкат варзиданд. Соли 1987, дар Париж, дар Конференсияи XVII Байналмилалӣ оид ба нурҳои кайҳонӣ, созишнома дар бораи ташкили ҳамкориҳои “Помир-Чақалтой” ба имзо расид, ки кӯшишҳои физикони ҳашт кишвар: Русия, Ҷопон, Лаҳистон, Бразилия, Боливия, Гурҷистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро муттаҳид кард[3].
Гуфтан бамаврид аст, ки дар доираи Эксперименти “Помир” дар минтақаи Ак-Архари ноҳияи Мурғоб камераи рентгениву эмулсионии калонтарин насб карда шуд, ки масоҳати 1000 м2-ро дар бар мегирифт.
Дар таҷрибаҳои Помир як қатор зуҳуроти нотакрор ва нодир ба мисли супероилаи “Ситора”, ки аз заррае бо энергияи тартиби 10^17 эВ ташаккул ёфтааст, мушоҳида карда шуд. Энергияи мутақобилаи нурҳои аввалияи кайҳонии супероилаи “Тоҷикистон” 10^18 эВ буд - ин бузургтарин энергияи мутақобилаи зарраҳои қайдкардашуда нисбат ба тамоми таҷрибаҳои ҷаҳонӣ бо истифодаи камераҳои калони рентгено-эмулсионӣ мебошад.
Эксперименти Помир, ки соли 1971 оғоз ёфта буд, ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии Помир-Чакалтай (МБИТ-ПЧ), ки моҳи августи соли 2008, барои баргузории таҳқиқоти муштараки ҳастаӣ ва астрофизикии нурҳои кайҳонии дорои энергияи баланд ба имзо расид, дохил карда шуд.
Дар моҳҳои июл-августи соли 2009, пас аз танаффуси тӯлонӣ, МБИТ-ПЧ экспедитсияи Помирро дар соли 2009 ташкил намуд. Мақсади асосии экспедитсия бо қувваҳои аъзоёни экспидитсия аз Россия ва Тоҷикистон, инчунин як гурӯҳи ихтиёриён аз Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Фаронса, барқарор намудани биноҳои истеҳсолӣ ва истиқоматӣ, инчунин инфрасохтори пойгоҳи илмӣ дар баландии 4360 м воқеъ дар мавзеи Ак-Архари ноҳияи Мурғоби ВМКБ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир бударо ташкил медод. Ин имкон дод, ки таҳқиқоти таҷрибавии нурҳои кайҳонии дорои энергияи фавқулбаланд дар баландкӯҳҳо, тибқи барномаи илмии МБИТ-ПЧ дар доираи ҳамкориҳои васеъи байналмилалӣ барқарор карда шавад. Дар ҷараёни ин экспедитсия таҳияи як камераи рентгено-эмулсионии дуқабатаи амиқ бо қабати ҳавогии 2,5 м ва масоҳати 36 м2 ҷамъоварӣ ва оғоз карда шуд.
Ҳадафи асосии илмии эксперимент омӯхтани ҷузъи ядроӣ-фаъоли гузариши нурҳои кайҳонӣ дар баландкӯҳҳо ва муайян кардани хусусияти онҳо, ки эҳтимолан бо зарраҳои дорои хосиятҳои махсус (charmed) ва афзоиши босуръати ҳиссаи онҳо дар бурриши пурраи ғайричандир бо зиёд шудани энергия ва ё дар таркиби онҳо мавҷудияти зарраҳои аҷиби моддаҳои кваркӣ – странглетҳо вобаста аст, ташкил медиҳад.
29-30 сентябри соли 2010 дар Душанбе ва мавзеи Чечектӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ "Дурнамои таҳқиқоти байнисоҳавии омилҳои астро-космикии ба системаҳои табиӣ ва равандҳои глобалии табиӣ таъсиркунанда" баргузор гардид. Конференсия аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ИДМ гузаронида шудааст. 21-22 апрели соли 2011 дар Душанбе (Ҷумҳурии Тоҷикистон) Семинари байналмилалии илмӣ "Вазифаҳои актуалӣ ва натиҷаҳои аввали Маркази байналмилалии таҳқиқотии Помир-Чақалтой" баргузор гардид. Семинари бомуваффақият анҷом ёфта ба ҳамкориҳои олимони кишварҳои ИДМ дар доираи Маркази байналмилалии таҳқиқотии Помир-Чақалтой такони тоза бахшид. Он имкон дод, ки самтҳои пешомадноки пешрафти омӯзиши нурҳои кайҳонӣ дар баландкӯҳҳо дар заминаи натиҷаҳои ба наздикӣ бадастомада ҳам дар соҳаи физикаи нурҳои кайҳонӣ ва ҳам физикаи энергияи фавқулбаланд, ки бо шарофати коллайдери калони ҳадронии ба кор оғозкарда, босуръат рушд ёбад. Аз ҷумла, семинар масъалаҳои мубодила ва муқоисаи натиҷаҳои таҳқиқоти физикҳо ва физик-космикҳо, ки бо суръатбахшҳо кор мекунанд баррасӣ намуд ва роҳҳои ҳалли онҳо, ки мутақобилан самаранокии ҷустуҷӯи зуҳурот ва эффектҳои нав, ки пайдоиши физикаи «нав» -ро дар энергияҳои баланд нишон медиҳанд, муҳокима карданд.
Вобаста ба омӯзиши нурҳои кайҳонии баландэнергия ходими пешбари илмии институт Ризо Баҳромзод дар мавзӯи «Рушди усулҳои ҷудосозии селҳо аз γ-квантҳои энергияашон беҳад баланд аз рӯи маълумоти детекторҳои черенковии таҷҳизоти баландкӯҳӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.[4]
Самтҳои дигари фаъолият
вироишДар ҷараёни таҳқиқоти радиоэкологӣ дар самти "Физикаи ядроӣ" олимони институт як таҷҳизотро барои ташхис ва омӯзиши намунаҳои афтиши радиоактивӣ дар доираи аэрозоли ҳавоӣ сохтанд ва озмоиш карданд. Ин таҷҳизот барои ҷустуҷӯи минтақаҳои аномалии талафоти радиоизотопи космогении Be-7 ва шарҳ додани яке аз мигратсияи эҳтимолии изотопи Be-7 ба сатҳи хок, наботот ва об тавассути ҷараёни амудии массаҳои ҳаво аз қабатҳои болоии атмосфера ва тропопауза, пешбинӣ шудааст.
Таҳияи усулҳои нави омӯзиши таркиби радон дар ҳаво, хок, об ва бориш, инчунин усулҳои таҳлили вазъи радиатсионӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ пешниҳод шуд. Дар ҷараёни иҷрои корҳо дар асоси усулҳои физикӣ-ядроӣ, самти таҳқиқоти минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон дар бораи мавҷудияти олудагиҳои техногенӣ асоснок карда шуд.
Тақсимоти уран ва торий дар намунаҳои хокии дарёи Варзоб ба даст оварда шудаанд. Зиёдшавии консентратсияи ин элементҳо дар дараи дарёи Оҷуг, деҳаи Варзоб, муқаррар карда шуд. Бори аввал релефи муосири обанбори Қайроққум, бо усули ҷойгиркунии ултрасадо муайян карда шудааст. Натиҷаҳои ин таҳқиқот барои ҳалли масъалаҳои экологӣ ва дигар масъалаҳои хоҷагии қишлоқ муҳим мебошанд.
Моделсозии самаранокии конвертерҳои гадолиний барои детекторҳои афканишоти нейтронӣ гузаронида шуд. Барои муайян кардани таъсироти табдилдиҳандаҳои нейтронии қабатҳояшон наноандоза ба самаранокии умумии бақайдгирии нейтронҳои гармӣ, ҳисобкуниҳо гузаронида шуданд. Бо назардошти саҳми электронҳои камэнергияи Оже самараи умумии табдилдиҳандаҳо меафзояд. Барои конвертерҳо аз изотопи гадолиний-157, самараи умумӣ беш аз 10% зиёд мешавад. Нишон дода шуд, ки ҳангоми ҳисоб кардани самаранокии конвертерҳо дар асоси изотопи гадолиний-157, қабатҳои наноандозаро ба назар гирифтан лозим аст, қадами ҳадди ақали интихоб набояд аз 10 нанометр зиёд бошад. Натиҷаҳои бадастомада бо маълумоти таҷрибавӣ мувофиқанд.
Самти «Физикаи ҳолати конденсӣ» доираи васеи таҳқиқотро дар бар мегирад, ки ба ҳалли масъалаҳои бунёдии омӯзиши ҳолат ва таркиби модда, хосият ва параметрҳои он, вобаста аз таъсири омилҳои гуногун вобастаанд. Ҳалли ин мушкилот метавонад барои таҳияи технологияи истеҳсоли маводи нави ояндадор, аз ҷумла маводи композитсионӣ дар асоси пайвастагиҳои нимноқилии дорои хусусиятҳои пешакӣ нишондодашуда, усулҳои нави таҳлил ва назорати мавод дар раванди ба даст овардани онҳо ва ҳамбастагии минбаъда бо омехтаҳо, ки сифатҳои физикию химиявии онҳоро сифатан беҳтар мекунанд ва қобилияти сохтани дастгоҳҳо дар асоси онҳо ба миён меоварад, асос карда шавад. Барои ба даст овардани пленкаҳо ва гетеросохторҳо дар асоси нимноқилҳои органикӣ таҳқиқотҳо гузаронида мешаванд.
Дар институт технологияи парвариши кристаллҳои боратҳои литий-висмут дар шароити градиенти ҳарорати паст таҳия шудааст. Ҳангоми кристаллизатсияи боратҳои сегона ноқисиҳои марбут ба механизмҳои афзоиши кристалл муайян шуданд. Таҳқиқи табиат ва сабабҳои чунин камбудиҳо имкон медиҳад, ки ҳам морфологияи пеши кристаллизатсия ва ҳам устувории он, инчунин ҳудудҳо ва блокҳои кунҷии марбут ба тағйирёбии стехиометрияи гудохта ва пайдоиши омехтагиҳои газӣ муайян шавад. Бори аввал озмоишҳо дар бораи ба даст овардани боратҳои сегона тавассути механосинтез анҷом дода шуданд, ки усули нав дар технологияи истеҳсоли чунин пайвастагиҳо мебошанд.
Таҳқиқот дар ин самт асосан аз ҷониби Шуъбаи наномавод ва нанотехнологияҳо бурда мешаванд, ки соли 2008 дар сохтори чаҳор ҷузъҳои мавҷуда таъсис ёфтааст: сектори физикаи назариявӣ, лабораторияҳои физикаи кристаллӣ, акустикаи физикӣ (2008–2018) ва лабораторияи физикаи фаросардӣ ва фавқулноқилият (аз соли 2019). Шуъба вазифадор карда шудааст, ки таҳқиқоти мавҷудбударо дар соҳаи назария, таҳияи технологияҳои сохтан ва омӯзиши таҷрибавӣ ва назариявии маводи нав, кристаллҳои дорои хосиятҳои фоиданоки физикӣ, ки дар сохтани дастгоҳҳои технологияи баланд истифодаи васеи худро пайдо мекунанд (лазерҳо, микроэлектроника, детекторҳои намудҳои гуногуни радиатсия ва ғайра) давом диҳад.
Дар робита бо рушди босуръати нанотехнология, дар назди шуъба вазифаҳо оид ба рушди самтимазкур гузошта шуданд, ба монанди ташкили маводи нав (монокристаллҳо ва наномавод), ки дорои хосиятҳои фоиданоки физикӣ, ки барои рушди инженерӣ ва технология аҳамияти бузург ва пойдор доранд, инчунин вазифаи омӯзиши хосиятҳо ва бунёди наномаводи нав, кристаллҳои наносохтор, наносатҳҳо ва дигар мавод, ки метавонанд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ васеъ истифода шаванд. Технологияи муосир маводи кристаллиро бо хусусиятҳои гуногуни физикӣ талаб мекунад. Рушди бисёр соҳаҳои илм ва технология бо дастовардҳо дар соҳаи пайдо кардани маводи нав алоқаманд аст, ки бо ёрии он на танҳо параметрҳои дастгоҳҳои мавҷуда такмил меёбанд, балки инчунин таҷҳизотҳои нав сохта мешаванд.
Таҳқиқи ҳамаҷонибаи синфҳои пайвастагиҳои молибдатҳои дукарата ва волфрам, ки дорои катионҳои яквалента ва дувалента мебошанд, имкон дод, ки бо истифода аз таҷрибаи физикӣ барои як қатор намудҳои сохторӣ хосиятҳои фоиданок, ба монанди лазерӣ, акустооптикӣ, пйезо ва сегнетоэлектрикӣ, электролитӣ, люминессентӣ, пироэлектрикӣ ва ғайра пешгӯӣ ва тасдиқ карда шавад.
Кристаллҳои фаъоли неодимии модификатсияи волфрамати калий-итрий дар ҳарорати паст ва дигар пайвастагиҳои изоструктурӣ дорои хосиятҳои беназири спектралӣ-генератсионӣ буда, дар асбобҳои махсус истифодаи худро пайдо кардаанд. Дар шуъбаи нанотехнология ва наномавод, дар лабораторияи физикаи кристаллҳо оилаи нави кристаллҳои пйезоэлектрикӣ ва сегнетоэлектрикӣ бо сохтори кристобалитӣ - молибдатҳои тсезий-литий, волфрамати тсезий-литий ва дигар пайвастагиҳои изоструктурии дорои хосиятҳои таъсирбахши электромеханикӣ ва дигар хосиятҳо кашф карда шуданд. Шаҳодатномаҳои муаллифӣ оид ба усулҳои парвариши кристаллҳои ягона гирифта шудаанд: CsLiMoO4, CsLiWO4, NaBi (WO4)2, LiBi(MoO4)2, инчунин бо илова намудани омехтагии неодим. Кристаллҳои нав дар асоси оксидҳои элементҳои нодир ва оксиди висмут ба даст оварда шуданд: Pr3Bi5O12, Er3Bi5O12, Yb3Bi5O12, Lu3Bi5O12. Технологияи истеҳсоли кристаллҳои дорои дараҷаи олии такомул таҳия карда мешаванд.
Дар лабораторияи акустикаи физикӣ усулҳои омӯзиши хосиятҳои физикӣ, гузаришҳои фазавӣ ва равандҳои физикию химиявӣ дар сарҳади ҷисми сахт-моеъ ҳам бо усули акустикаи фаъол ва ҳам усулҳои эмиссияи акустикӣ таҳия ва ҷорӣ карда шудаанд.
Дар тӯли якчанд сол, дар бахши физикаи назариявӣ таҳқиқоти хосиятҳои физикии (акустикӣ, пйезоэлектрикӣ, оптикӣ, магнитӣ-сегнетоэластикӣ) муҳитҳои конденсӣ бо сабаби ангезиш ва динамикаи квазизаррачаҳо (экситонҳо, фононҳо, магнонҳо ва ғайра) ва комплексҳои онҳо (поляронҳо, солитонҳо, солитони пайвастшудаи магнито-эластикӣ ва ғайра) бурда шуда истодааст. Бо ин мақсад, усули умумишудаи ҳолатҳои коҳерентӣ таҳия шуд, ки хосиятҳои гурӯҳӣ-назариявӣ ва симметрияҳои ибтидои ғамилтонианиро бо истифода аз усулҳои функсияи интегралӣ барои ба даст овардани ғамилтонианҳо ва муодилаҳои нимклассикии ҳаракат истифода мебаранд. Ҳамоҳангсозии фазаи маъруфи геометрии Беррӣ барои ҳолатҳои коҳерентии умумишуда, ки дар гурӯҳи SU(2S+1) ба даст оварда шудааст, имкон медиҳад таҳлили муфассали эффекти нақбкунӣ дар наномаводи магнитӣ (дар наноструктураҳои магнитӣ ба монанди Fe8 ва Mn12) бо дарназардошти кам кардани дарозии спини классикӣ аз ҳисоби ангезонидани майдонҳои мултиполӣ гузаронида шавад. Усули ҳолатҳои коҳерентии умумишуда дар омӯзиши гузаришҳои фазавии сохторӣ дар кристаллҳо (спинҳои Пайерлс ва фазаҳои гузариши электронии Пайерлс), омӯзиши паҳншавии мавҷҳои магнитосадоии ғайрихаттӣ дар маводи магнитӣ ва омӯзиши масъалаҳои идоракунии хусусиятҳои наноструктураҳо бомуваффақият истифода мешаванд. Усулҳои моделсозии компютерӣ, ки ба усули динамикаи молекулавӣ, усули Монте Карло, назарияи функсионалҳои зичӣ асос ёфтаанд, васеъ истифода мешаванд.
Усулҳои моделсозии адади компютерӣ барои омӯхтани муодилаҳои як ва дученаи ғайрихаттии эволютсионӣ, ки тавсифи ангезиши ғайрихаттии табиати гуногундоштаро дар муҳитҳои конденсӣ (анти- ва ферромагнетикҳои Ҳейзенберг, графен, моддаҳои ҳадронӣ дар физикаи энергияҳои баланд ва фавқулбаланд) истифода мешаванд. Аз ҷумла, устуворӣ ва динамикаи таъсири мутақобилаи солитонҳои дученаи динамикии топологӣ дар сигма-модели вектории ғайрихаттии назарияи майдон дар ҳолатҳои изотропӣ ва анизотропӣ таҳқиқ карда мешаванд. Бо ёрии усулҳои моделсозии ададӣ устувории ҳаминин навъи солитонро дар қимматҳои гуногуни заряди топологӣ нишон дода шудааст (шохиси Хопф). Моделҳои дарозмуҳлати таҳаввулоти динамикии таъсироти чандири солитонҳои топологии дучена ба даст оварда шуданд. Каналҳои эҳтимолии пошхӯрӣ ҳангоми бархурди солитонҳои дученаи топологӣ нишон дода шудаанд. Ҳалҳои нави бионикии сигма-модели ғайрихаттии векторӣ дар ҳолати як ва дучена, ки ҳам динамикаи бризерӣ ва ҳам динамикаи гардиш дар фазои изоспин доранд, ба таври аналитикӣ ва ададӣ ба даст оварда шудаанд ва минтақаҳои мавҷудият ва устувории онҳо муайян карда шудаанд. Ин натиҷаҳо аз нуқтаи назари таҳияи моделҳои ғайрихаттии назарияи майдон ҷолиб мебошанд. Хусусиятҳои равандҳои Т-симметрии суперсимметрии (2+1) – ченаи сигма-моделҳои ғайрихаттӣ таҳқиқ шуданд. Дар марҳилаи аввал, моделҳои таъсири мутақобилаи гирдбодҳои топологӣ таҳия шуданд, ки дар он вобаста аз параметрҳои динамикӣ равандҳои пошхӯрии онҳо ба кунҷҳои локализатсия ва аннигилятсияи марҳилавӣ мушоҳида карда мешаванд. Моделҳои аннигилятсияи марҳилавии гирдбодҳои топологӣ ҳангоми ҳамбастагӣ бо сарҳадҳои доменнии 180 дараҷа ба даст оварда шуданд. Дар асоси моделҳои бадастомада, шароити ибтидоӣ барои моделсозии ададии равандҳои муштарак дар вақти баръакс таҳия карда шуд. Моделҳое ба даст оварда шудаанд, ки барқароршавии пурраи майдони топологии ибтидоии солитонҳои дар таъсири мутақобила бударо ҳангоми ҳамҷоя кардани кунҷҳои локалӣ ва мавҷҳои афканишот тавсиф мекунанд. Инчунин моделҳое ба даст оварда шуданд, ки ҷараёни ташаккули гирдбодҳои топологиро дар ҳамвории саҳади доменнӣ ва эмиссияи минбаъдаи он тавсиф мекунанд. Ҳамин тариқ, хусусияти T-инвариантнокии модели назариявӣ-майдонӣ таҳқиқшаванда тасдиқ карда шуд.
Муқоисаи элементҳои маълуми офтобии наносохторӣ дар асоси карбиди кремний гузаронида шуда, як қатор хусусиятҳои ҷараёни зол-гел барои синтез кардани нанохокаи карбиди кремний таҳқиқ шуданд. Дар ин замина, технологияи самаранок ва камхарҷ барои истеҳсоли нанохокаи карбидҳои кремний бо усули зол-гел таҳия карда шуд. Таҳқиқоти намунаҳои нанохокавии карбидҳои кремний дар дар раванди истеҳсол, инчунин пас аз бозпухт дар ҳарорати гуногун бо мақсади ба даст овардани нанокристаллҳои андозаҳои гуногун ва муайян кардани андозаи оптималии онҳо, гузаронида шуд. Хусусиятҳои физикии намунаҳои гирифташуда бо истифода аз методҳо ва усулҳои муосир (сканер ва микроскопияи электрикии қуввагӣ, таҳлили рентгенофазавӣ ва спектроскопияи инфрасурхи Фурйе) омӯхта шуданд.
Таҳлили принсипҳои физикӣ оид ба таъсиси элементҳои офтобии наносохтордошта ва принсипҳои кори онҳо гузаронида шуд. Ҳуҷайраҳои офтобии ҳассосшуда бидуни диффузерҳои нур ва инчунин бо диффузерҳои наносохтор дар асоси диоксиди титан ва диоксиди титан/карбиди кремний сохта шудаанд ва самаранокии онҳо баҳодиҳӣ карда шуд.
Дастовардҳо дар соҳаи физикаи фаросардӣ
вироишДар тибби тоҷик дастовардҳои нав дар баробари усулҳои анъанавӣ васеъ истифода шуданд. Дар ин самт лабораторияи криофизикаи Институти физикаю техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз с.2020 – лабораторияи физикаи фаросардӣ ва фавқулноқилият) саҳми назаррас гузоштааст:
- криотерапия бо истифодаи нитрогени моеъ;
- ташхиси барвақт бо истифодаи усулҳои спектроскопияи молекулавӣ;
- терапияи магнитӣ ва лазерӣ.
Криотерапия бо истифодаи нитрогени моеъ дар мамлакати мо бо он сабаб имконпазир гардид, ки соли 2014 истгоҳи нитрогении моеъи ИФТ АИ ҶТ барқарор карда шуд. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, нитрогени моеъ дар соҳаҳои гуногуни тиб васеъ истифода бурда мешавад: гинекология, гастроэнтерология, косметология, онкология. Он инчунин дар соҳаи кишоварзӣ барои бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор бо маводи чорводорӣ истифода мешавад. Дар институт азоти моеъ истеҳсол мекунанд, ки он на танҳо дар таҳқиқоти илмии Академияи илмҳо, лабораторияҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, вазоратҳо, идораҳо, инчунин дар соҳаи саноатии ҷумҳурӣ васеъ истифода мешавад.
Дар ИФТ АИ ҶТ дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии гастроэнтерологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастгоҳе ихтироъ карда шудааст, ки бо истифода аз нитрогени моеъ барои нест кардани ҳуҷайраҳои ноаён дар ҷояш истифода мешавад. Танҳо дар соли 2016, зиёда аз 50 нафар беморони сил ва сиррози ҷигар, дигар бемориҳо бо истифодаи технологияи нав ҷарроҳӣ карда шуданд (аз ҷониби ҷарроҳ, д.и.т., профессор С.Ахмедов). То имрӯз, зиёда аз 230 амалиёти муваффақи криохирургӣ анҷом дода шудааст. Қабл аз ин, ин технология дар маркази онкологии Маскав истифода мешуд ва он дар Нидерландия, Италия ва Ҷопон низ истифода мекунанд. Барои Тоҷикистон ин табобат дастрас набуд.
Физикаи атмосфера
вироишСамти "Физикаи атмосфера" омӯзиши ҳолати атмосфера, параметрҳои ба вазъи иқлим ва қабати озон таъсиррасонанда, инчунин омӯхтани равандҳои ташаккули аэрозолиии атмосфера дар натиҷаи тӯфони чангӣ ва мониторинги ҳолати ифлосшавии техногении атмосфераро дар бар мегирад – миқдори умумии озон дар сутуни амудии атмосфера мунтазам чен карда мешавад. Тафтиши намунаҳои аэрозолиии чанг бо воситаи спектроскопияи фотоакустикӣ дар соҳаи ултрабунафш ва намоёни спектр ва муқоисаи ин натиҷаҳо бо маълумоте, ки тавассути спектроскопияи инфрасурх ва усулҳои инъикоси диффузионӣ ба даст оварда шудаанд, имкон дод, ки мутобиқати табиати аэрозолҳои чангии заминӣ ва чанги марсианӣ мушаххас карда шавад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот барои ҳалли мушкилоти пешгӯии иқлим ва обу ҳаво, инчунин муайян кардани нақши аэрозолҳо дар тағирёбии онҳо аҳамияти калон доранд.
ИФТ АМИТ дар тӯли чанд сол бо Пажӯҳишгоҳи Тропосферии ба номи Лейбнитси Олмон (TROPOS) ҳамкорӣ дорад. 26 июни соли 2019, дар Душанбе дар ИФТ АМИТ нуқтаи шашуми ченкунии шабакаи глобалии атмосфера барои омӯзиши иқлим (PollyNet) ба кор даромад. Стансияи нав дар Осиёи Марказӣ аввалин буда, дар ҳудуди минтақаи ҷаҳонии чанг ҷойгир аст ва аз Марокаш то Чин тӯл мекашад.
ИФТ АМИТ инчунин бо Коллеҷи илмҳои атмосфераи Донишгоҳи Ланчжоуи Чин (https://en.lzu.edu.cn/) ҳамкорӣ мекунад. Ёддошти тафоҳум соли 2018 ба имзо расид. Тибқи ин санад, ҳамкорӣ то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳо оид ба таъсиси Маркази таҳқиқоти иқлим ва сифати ҳаво дар ИФТ АМИТ идома доранд.
ИФТ АМИТ ҳамчунин бо лабораторияи калидии илмҳои криосфераи Институти шимолу ғарбии экологияи муҳити зист ва захираҳои Академияи илмҳои Чин дар Ланчжоу ҳамкорӣ менамояд. Дар доираи ҳамкорӣ омӯзиши муштараки аэрозол ва карбонҳои элементарӣ ба нақша гирифта шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки аллакай дар пойгоҳи илмии ИФТ АМИТ ҷамъоварии аэрозол гузаронида шуда истодааст. Насби анализатори нав - АЕ33 аэталометри ин институт дар пойгоҳи таҳқиқотии ИФТ АМИТ бо мақсади омӯзиши карбонҳои элементарӣ дар нақша аст.
Лабораторияи физикаи атмосфераи ИФТ АМИТ бо лабораторияи назарияи иқлими Институти физикаи атмосфераи ба номи С. Обухов АИР, бо Донишгоҳи Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв (Қазоқистон, Остона) низ ҳамкорӣ дорад. Ҳамчунин лабораторияи бо кафедраи физикаи умумӣ ва равандҳои мавҷии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, ш.Москва, Россия ҳамкориҳои зич дорад. Дар доираи лоиҳаҳои Маркази байналмилалии илм ва технологияҳо, лабораторияи физикаи атмосфера бо намояндагони Фаронса, Португалия ва ИМА ҳамкориҳои илмӣ мегузаронад.
Масъалаи ба ҳисоб гирифтани таъсири ғайрихаттии гармии ҳамаи қабатҳои камераи фотоакустӣ (газ- намуна-субстрат) ҳангоми ташаккули сигнали фотоакустӣ дар муҳити конденсионӣ ҳангоми азхудкунии ҳаҷми афканишоти оптикӣ ҳалли худро меёбад. Хусусиятҳои насли дуввуми гармонияи фотоакусти сигнали субстратӣ ҳангоми азхудкунии афканишоти оптикӣ аз тарафи муҳити конденсии гуногуни физикӣ аз ҷиҳати назариявӣ таҳқиқ карда мешаванд. Барои андозагирии мустақими ҳарорати паҳлӯии намунаҳо дар ячейкаҳои кушодаи фотоакустӣ қайдкунаки ҳароратӣ-рақамӣ таҳия шудааст. Ҳисобкуниҳои рақамии масъалаҳои ғайрихаттии термооптикӣ дар асоси қарорҳои бунёдии назариявӣ ба даст овардашуда, гузаронида шуданд; хусусиятҳои татбиқи амалии спектроскопияи оптоакустикии аэрозолӣ ва моддаҳои газмонанд таҳлил карда шуданд.
Ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳо
вироишРобитаҳои илмии институт ҳам бо муассисаҳои илмии давлатҳои ИДМ ва ҳам бо муассисаҳои илмии давлатҳои хориҷи дур рушд ва мустаҳкам мешаванд. Ҳамкориҳои байналмилалӣ тавассути созишномаҳои ҳамкориҳои илмию техникӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд.
Созишнома дар бораи ҳамкориҳои илмию техникӣ байни муассисаҳои Академияи илмҳои Россия Институти физикии ба номи П.Н. Лебедев АИР ва ИФТ АМИТ 29 августи 2009 тартиб дода шуд. Тибқи ин қарордод, бо иштироки Маркази таҳқиқотии Помир-Чақалтай дар бораи физикаи нурҳои кайҳонӣ таҳқиқотҳо гузаронида мешаванд.
Тибқи Созишнома дар бораи ҳамкориҳои илмию техникӣ байни Академияи давлатии иҷтимоию педагогии Тоболск ба номи Д.И. Менделеев ва ИФТ АМИТ аз 13 марти соли 2010 таҳқиқоти акустикии кристаллҳои гузаронида шуда истодааст.
Лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ то ҳол бо лабораторияи моделсозии молекулавӣ ва спектроскопияи Институти физикаи ба номи Б.И.Степанови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Беларус барои таҳқиқот дар соҳаи спектроскопияи инфрасурхи биосубтратҳо алоқаҳои илмии зич доранд.
Маркази байналмилалии таҳқиқоти физикӣ-ядроӣ (МБТФЯ)-и ИФТ АМИТ бо Институти физикаи ядроии Ҷумҳурии Қазоқистон, Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ӯзбекистон ва Институти муштараки таҳқиқоти ядроӣ (Дубна, Россия) ҳамкорӣ мекунад.
Ҳамкориҳоро МБТФЯ бо лабораторияи миллии Сандияи ИМА ва Институти техникии Вена (Австрия) идома медиҳад. Таҳқиқот дар соҳаи моделсозии детекторҳои самарабахши афканишоти нейтронӣ якҷоя бо Институти ҲаҳнаМайтнер (Олмон) ва Институти физика ва техникаи Брауншвейг (Олмон) гузаронида мешаванд.
Директорон
вироиш- А. А. Адҳамов (1964—1992)
- Р. М. Марупов (1992—1999)
- С.О Одинаев (1999—2001)
- А. А. Абдурасулов (2001—2005)
- Ҳ.Ҳ. Муминов (2006—2017)
- А. Холов (И.в. 2017—2019)
- Фарҳод Шокир (2019-2023)
- Афзалшоҳ Зарифзода (аз 2024)
Олимони шинохта
вироишКушодашавии Пажуҳишгоҳҳои астрофизика (соли 1958) ва физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови (соли 1964) АИ ҶТ саҳифаи наверо дар таърихи илми тоҷик боз намуд.
- Султон Умарович Умаров - Поягузори илми физика дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва мактаби илмии физикаи назариявӣ Султон Умарович Умаров (1906 - 1964)оид ба механикаи статистикӣ, физикаи ҳаста, электроникаи физикӣ, назарияи олотҳои нимноқилӣ ва фалсафаи табиат тадқиқоти арзишманд анҷом додааст. Ин донишманд ҳамчунин, бо забони ӯзбекӣ якчанд шеърҳо ва асарҳои саҳнавӣ эҷод намудааст.
- Акобир Адҳамов - Нахустдиректори Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи АИ ҶТ Акобир Адҳамов (1928 - 1992) бошад, ба сектори физикаи назариявӣ ва як силсила лабораторияҳои (ултрасадо, таҳлили рентгенӣ - сохторӣ, таҳлили активатсионӣ, электроникаи квантӣ ва криогенӣ) пажӯҳишгоҳи мазкур асос гузоштааст. Вай нахустин шуда назарияи кинетикии паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъҳо кор кардааст. Назарияи кинетикии эластикӣ ва ғилзати моддаҳои ғайриякҷинса ва падидаҳои интиқолиро тарҳрезӣ намудааст.
- Фотеҳ Ҳакимов - физик - назариётчии дигар Фотеҳ Ҳакимов (тав. 1937) ба арсаи илм омада, фаъолияти илмиашро ба масоили назариявии физикаи плазма ва ноустувории модулатсионии плазмаи релятивӣ дар ҳалли проблемаҳои астрофизикӣ бахшидааст. Аз ҷониби ӯ пешниҳод гардидани назарияи умумии таъсири мутақобили модулатсионии функсияҳои ғайримувозинатии тақсимоти зарраҳои заряднок, имконияти баназаргирии ғайрихатии дараҷаҳои баландро фароҳам овард.
- Саидмуҳаммад Одинаев - Яке аз пайравони мактаби илмии физикаи назариявӣ Саидмуҳаммад Одинаев (тав. 1942), мутахассиси варзидаи назарияи статистикии ҳолати моеии моддаҳо ба шумор рафта, тадқиқоти илмӣ ва усулҳои пешниҳод намудаи ӯ роҷеъ ба сохтори макроскопии муҳити конденсӣ шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Вай усули аслии таҳқиқи системаҳои классикиро дар муҳити конденсӣ бо истифода аз муодилаҳои кинетикӣ дар ҳолати мувозинатӣ ва ғайримувозинатӣ такмил додааст. Намояндаи дигари ин мактаб Тағоймурод Солеҳов (тав. 1947) сохтори назариявии хусусиятҳои спектри пароканиши дукаратаи рӯшноиро дар назди нуқтаҳои бӯҳронии моеъҳо, майдони ҳароратии моеъҳо ва ҷисмҳои сахт, қонунияти деструксияи полимерҳоро дар зери таъсири нури лазерӣ, оптоакустикаи нури лазерии моеъҳои квантию классикӣ ва фотоакустикаи ғайрихаттиро таҳқиқ намудааст. Ҳикмат Муъминов (тав. 1966) низ пайрави ин мактаб мебошад, ки аввалин шуда тарзи нави ҳалли муодилаи ғайрихатии вектории Шредингерро ба даст оварда, устувории солитонҳои бисёрченакаро дар назарияи майдон нишон додааст. Инчунин, вай дар соҳаи компютерҳои квантӣ тарҳрезии паҳншавии радиатсияи ҳастаиро дар модда ошкор намудааст. Намояндаи дигари ин мактаб, Фарҳод Раҳимӣ (тав. 1968) ба масоили мухталифи назариявии спини зарраҳои бунёдӣ ва ҳодисоти дохилиядроӣ машғул гардида, ба кашфиёти назаррас ноил шудааст.
- Баҳрулло Нарзуллоев - Мактаби илмию тадқиқотии ҷисмҳои сахт ва мустаҳкамии полимерҳо низ яке аз нахустмактабҳои илмии физика дар Тоҷикистон буда, аввалин намояндаи он Баҳрулло Нарзуллоев (1928 - 1982) ба ҳисоб меравад. Зери роҳбарии ӯ дар физика усулҳои нави илмӣ - вайроншавии ҷисмҳои сахт (хусусан, кристаллҳо) ва истифодаи нахҳои полимерҳои табиӣ (абрешим, пахта, пашм) пешниҳоди ҳамагон гардиданд. Яке аз намояндагони ин мактаб Тошбой Бобоев (тав. 1942) асосгузори равияи нави илмии физикаи ҷисмҳои сахт - «Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо» мебошад. Вай қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф намуда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок кардааст. Намояндаи дигари ҳамин мактаб Шарофиддин Тӯйчиев (тав. 1943) консепсияи мураттабии калонмолекулии маҳлулҳо ва полимерҳои тамоюлиро дар физика ва химия пешниҳод намудааст. Додо Саидов (1941 - 1997) бошад, рӯйдодҳои тормозшавии раванди туршшавии эластомерҳоро дар зери таъсири қувваҳои механикӣ, майдонҳои сусти магнитӣ ва механизми микротаркиши вайроншавии эластомерҳоро ошкор намудааст, ки дар ин ҷода ӯ яке аз беҳтарин физикони собиқ ИҶШС маҳсуб меёфт. Дар баробари онҳо, донишмандони дигар Зиёвуддин Низомов (тав. 1947) ба равияи нави илмӣ дар физика - «Омӯзиши сохтори ассотсиатҳо ва моҳияти релаксатсияи акустикӣ дар маҳлулҳои обии электролитҳо» асос гузошт ва Ҳасан Абдуллоев (тав. 1952) бошад, қонунияти умумии тағйироти сохтори сополиэфирҳои моеъкристаллиро ҳангоми омилҳои беруна дар равобит бо хосиятҳои реологӣ ва механикиашон муайян намуда, роҳҳои ҳосил кардани полимерҳои мустаҳкамро пешниҳод кард. Бар замми ин, З. Низомов сохтори маҳлулҳои обии электролитҳоро аниқ карда, моҳияти фурӯбурди релаксатсионии ултросадоро пешниҳод намудааст.
- Саидмуҳаммад Каримов (1936 - 2012) бошад, ба соҳаи нави муштараки илмӣ - физикаю химия дар Тоҷикистон асос гузошта, дар соҳаҳои мухталифи физика, механикаи полимерҳо (хусусан, ба кинетикаи вайроншавии радиатсионии маводи полимери синтетикӣ ва табиӣ) ва химия хидматҳои шоён кардааст. Дастовардҳои илмии ӯ дар рушди минбаъдаи физика, механика, химияи маводшиносии радиатсионӣ ва баланд бардоштани дараҷаи мустаҳкамии радиатсионии полимерҳо ҳисса гузоштанд.
- Физик - кимиёшиноси дигар Мардон Қурбоналиев (1938 - 1998) бори аввал қонунҳои асосии рафтор ва вайрошавии деформатсионии полимерҳоро дар ҳолати ҷоришавандагӣ ҳангоми ёзиши якмеҳвара дар муҳити моеъ таъйин намуда, нақши ҳалкунандаҳоро дар танзими хосиятҳои полимерҳои хаттӣ омӯхт.
- Бозор Нарзиев - Барои пешрафти оптика ва спектроскопия дар Тоҷикистон Бозор Нарзиев (1938 - 2013) хидматҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Ӯ мактаби илмию таълимиро доир ба омӯзиши хосиятҳои оптикӣ ва сохтори моддаҳои конденсӣ - моеъҳо, маҳлулҳо ва ҷисми сахтро, ҳодисаҳои оптикӣ дар ин муҳитҳо ба амал оянда ва қобилиятҳои протондонорию протонаксептории молекулаҳоро ташкил намудааст. Тадқиқоти илмиаш ба хосиятҳои оптикии сохтори моддаҳои конденсӣ, спектрҳои электронии молекулаҳо ва таъсири байнимолекулавии спектри элементҳои гуногуни химиявӣ бахшида шудаанд.
- Файзи Нормурод - Дар физикаи атому ҳаста бошад, Файзи Нормурод (1944 - 2012) бештар дар масоили мухталифи зарраҳои бунёдӣ ва нурҳои кайҳонӣ тадқиқот бурдааст. Вай аввалин шуда усули нави андозагирӣ, таҳлил ва маънидоди физикаи термаи ҳастаи электромагнитии тобишҳои кайҳонии баландэнергияро ошкор намудааст. Саидҷаъфар Қодирӣ (тав. 1944) низ дар соҳаҳои таҳлили фаъолсозии канданиҳои судманд, истилоҳоти илмӣ ва забони баёнҳои илмӣ, бунёди истилоҳоти нави физикӣ, осон гардонидани таълими физика, алгебра ва нақша тадқиқотҳои назаррас анҷом додааст.
- Инъом Норматов - Дар инкишофи омӯзиши шароитҳои метеорологӣ ва таркиби физикию химиявии захираҳои гидрологию глясиологии Тоҷикистон саҳми Инъом Норматов (тав. 1958) назаррас аст. Ӯ оид ба ин масъалаҳо мақолаи илмию тадқиқотии бисёре навишта, ҳамасола дар даҳҳо конфронсу симпозиумҳои байналхалқӣ кишвари тоҷикро муаррифӣ менамояд.
- Пӯлод Бобоҷонов - Яке аз поягузорони астрофизикаи тоҷик Пӯлод Бобоҷонов (тав. 1930) дар соҳаи физика ва динамикаи метеорҳо ба таҳқиқи тақсим шудани моддаи метеорӣ дар фазои байнисайёравӣ ва таҳаввули мадори онҳо асос гузоштааст. Зери роҳбарии вай бори аввал асбоби наззори метеорӣ сохта шудааст, ки он бо усули нави мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионии метеорҳо асос гузошт.
- Хурсанд Ибодинов (тав. 1944) — яке аз заминагузорони самти нави тадқиқоти каметаҳост. Вай нахсутин маротиба равандҳои мураккаби физикии каметаҳоро таҳқиқ намуда, ба ҷисмҳои астероидшакл табдил ёфтани як қисми каметаҳои кӯтоҳдаврро кашф намудааст. Хулосаҳои илмии ӯ соли 2005 ҳангоми парвози киштиҳои кайҳонии «Вега» ва «Ҷотто» ба сӯи кометаи Галлей тасдиқи амалии худро ёфтанд.
- Музаффар Махсумов (1937 - 2013) оид басохт ва динамикаи галактикаҳо тадқиқоти арзанда намудааст. Вай аввалин шуда усулҳои тадқиқотии динамика ва таҳаввулоти таъсири ғайризарбавии системаи зарраҳои ба таври ҷозибавӣ алоқманд ва ба вуҷуд омадани динамикаи ҷозибаи байниҳамдигарии ситораҳои галактикаҳоро ҳамчун системаҳои статистикӣ кор карда баромадааст.
- Ином Бобоҷонов (тав. 1935) дар соҳаи физикаи ҳастаии атом, физикаи зарраҳои бунёдӣ ва физикаи нурҳои кайҳонӣ кор кардаааст.
- Ҳикмат Мӯминов (1966 - 2021) яке аз олимони барҷастаи физикаи назариявӣ.
Дар ин раванд метавон номи даҳҳо физикони намоёну номвари Тоҷикистонро номбар намуд, ки ҳар яки онҳо дар арсаи илми ҷаҳони саҳми худро гузоштаанд. Илова ба ин мехоҳам қайд намоям, ки олимони тоҷик ба дастовардҳои хеле бузурге ноил гардидаанд ва он аз мадди назари ҷаҳониён дур намемонад. Бинбар ин хостам хидматҳои чанд тан аз ононро рӯи қоғаз орам, зеро дар матбуоти даврӣ дар бораи фаъолияти олимони табиатшиносӣ ками дар кам матолиб нашр мешаванд.[5]
Ташрифи олимони шинохта ба институт
вироишТӯли солҳои фаъолияташ ба институт олимони зиёди шинохта ташриф овардаанд: П. Л. Капитса, С. П. Капитса, А. П. Александров, Г. Н. Флёров, Ю. Оганесян, А. А. Абрикосов ва ғ.
Нигаред
вироишПайвандҳо
вироиш- Сомонаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2018 сол.
- Фарҳангистони улуми Тоҷикистон(пайванди дастнорас)
- Навори таърихии Эксперименти "Помир"
- Сомонаи Институти физикаю техникаи ба номи С. Умаров
Манбаъ
вироиш- ↑ ОИД БА ИНСТИТУТ
- ↑ Дар бораи директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Фарҳод Шокир
- ↑ Ризои Баҳромзод ва Аъзам Муқумов. Устод М.С.Осимӣ ва эксперименти “Помир” (ru-ru). ravshanfikr.tj. 5 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ “Эксперимент Памир” и процесс подготовки научных кадров по изучению космических лучей высоких энергий – Физико-технический институт им. С.У.Умарова Академии наук Республики Таджикистан (ru-RU) (7 июли 2023). 5 марти 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2024.
- ↑ САҲМИ ФИЗИКОНИ ТОҶИК ДАР АРСАИ ИЛМИ ҶАҲОНӢ. 25 октябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 май 2015.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |