Абдулазизи Мароғаӣ

(Тағйири масир аз Абдулазизи Мароғӣ)

Абдулази́зи Мароғаӣ (форсӣ: عبدالعزیز مراغی‎; нимаи дуюми садаи XV — аввали садаи XVI) — оҳангсоз, сароянда, навозанда ва мусиқишиноси форс-тоҷик, писари Нуруддин ибни Абдураҳмон.

Абдулгадир Мараги
форсӣ: عبدالعزیز مراغی
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдулази́зи Мароғаӣ Нуриддин ибни Абдураҳмон
Маҳалли даргузашт: Исфаҳон
Навъи фаъолият: мусиқӣ
Забони осор: порсӣ, арабӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар деҳаи Нойини вилояти Исфаҳон таваллуд шуда, дар Исфаҳон фавтидааст. Набераи устоди бузурги мусиқӣ Абдулқодири Гӯянда. Асосҳои илмию амалии мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Аз ҷавонӣ дар сурудхонӣ, сознавозӣ (барбат, най, қонун ва ғайра) маҳорати хуб пайдо намуда, сабки бобояшро идома медиҳад. ӯ муддате дар Шероз, Мароға, Исфаҳон, Ҳирот зиста, таркиботи мусиқии назариявӣ ва амалиро омӯхтааст. Поёни умр ба Рум рафта дар боргоҳи сулолаи Оли Усмон аввал чун котибу китобдор, баъд чун созандаву сароянда хидмат кардааст.

Абдулазизи Мароғаӣ баробари такмили санъати мусиқии амалӣ, инчунин оид ба қоида, масъалаҳои муҳими иҷрокунандагӣ, тартиботи мақомҳо асари назариявие бо унвони «Нақавоту-л-адвор» иншо намуда, онро ба Султон Сулаймон (Оли Усмон) бахшидааст. Ӯ дар асараш нуқтаю андешаҳои таҳқиқии бобо ва падарашро идома дода, аз ҷумла дар таснифоти созҳо, фосилаю зарб, тартиби мақомҳо, инчунин баъзе гуфтаҳои носаҳеҳи Абулмуъмини Сафиуддинро пурра кардааст. Масалан ӯ дар асоси асарҳои бобояш Абдулқодири Гӯянда «Мақосиду-л-алҳон», «Ҷомеъу-л-алҳон», «Лаҳния», «Канзу-л-алҳон» ва рисолаи падараш «Мақосиду-л-адвор» сохт, тартиби пурраи 84 доираи Абулмуъмини Сафиуддин ва 7 доираи афзудаи бобояшро тафсир дода, нуҳ доираи дигар илова кард ва адади онро ба сад расонид. Абдулазизи Мароғаӣ дар сохти торию пардавии созҳои тории мизробӣ низ тағйироте дароварда, онро дар мисоли уд таҳқиқ намуд ва ба теъдоди торҳои он тори иловагиеро бо номи «мукаммал» афзуд. «Нақавоту-л-адвор»-и Абдулазизи Мароғаӣ дар китобхонаҳои Туркия ва Британияи Кабир маҳфуз аст.

Адабиёт

вироиш
  • Раҷабов А., Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои XII—XV, Д., 1989;
  • Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.