Абдулази́зи Махсу́м (Махсуми Абдулазиз; ?, Бухоро — 1897, Бухоро) — сароянда, навозанда, шоир ва мусиқидони тоҷик.

Абдулазизи Махсум
Тахаллусҳо: Савтӣ
Таърихи таваллуд: асри XIX
Зодгоҳ: Бухоро
Маҳалли даргузашт: 1897
Навъи фаъолият: мусиқидон, оҳангсоз, шоир

Зиндагинома

вироиш

Абдулазизи Махсум аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ рағбати зиёд дошт. Ғазалро некӯ мегуфт ва ба онҳо оҳанг эҷод мекард ва месуруд (сурудаҳояш орифона буданд, мардум ӯро ҳофизи Махсум ном мебурданд).

Абдулазизи Махсум барои такмили пешаи овозхонӣ, сознавозӣ, фарогирии қавонини шеърию мусиқӣ назди Аҳмади Дониш, Қорӣ Каромати Дилкаш ва дигар устодони мусиқӣ дониш андӯхтааст. Абдулазизи Махсум чун созанда «Шашмақом»-ро хуб иҷро мекардааст ва дар такмили қисмҳои «Савт», «Талқин», «Уфар» ҳисса гузоштааст. Абдулазизи Махсум чун устоди мусиқидон ва навозандаи бомаҳорат дар байни аҳли ҳунари Бухоро ва берун аз он бо номи «Абдулазизи Савтӣ» маъруф будааст. Абдулазизи Махсум ғазалҳои некӯ низ сурудааст. Дар доираҳои адабӣ бо тахаллуси «Савтӣ» маъруф буд.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 12. — ISBN 978-99947-49-13-3