Абдулбоқӣ Нуров (тав. 25.01.1953, деҳаи Оқтераки ноҳияи Ховалинг), педагог, доктори илмҳои педагогӣ (2004), профессор (2008).

Абдулбоқӣ Нуров
Абдулбоқӣ Нуров
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо Ордени Шараф (1999)

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1970–1974 дар шуъбаи филологияи тоҷики факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1974–1977 муаллими забон ва адабиёти тоҷики Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ш.Орҷоникидзеобод (имрӯза Ваҳдат), 1977–1981 ассистент, 1981–1984 аспирант, 1985–1991 ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Солҳои 1992–1998 ҳамчун мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ, 1998–2007 декани факултети педагогика, 2007–2008 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оид ба корҳои илмӣ кор кардааст. Аз соли 2008 то ба имрӯз декани факултети педагогикаи донишгоҳи мазкур мебошад. Муаллифи зиёда аз 80 асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ аст, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкории мактаб ва оила дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол, мақоми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар тарбияи инсон, ақидаҳои мутафаккирони адабиёти форсу тоҷик оид ба тарбияи насли наврас баррасӣ шудаанд. Дар конференсияҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дар шаҳрҳои Москва, Будапешт, Бишкек ва Душанбе бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо роҳбарии ӯ панҷ нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Айни ҳол раиси Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории соҳаи педагогика дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Бо ордени «Шараф» (1999), нишони «Аълочии системаи маълумоти касбӣ-техникӣ» (1998) ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) қадр карда шудааст.

  • Кори якҷояи мактабу оила дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол, Д., 1989;
  • Нақши арзишҳои маънавӣ дар тарбияи мактабиёни хурдсол, Д., 2002;
  • Арзишҳои миллию умумибашарӣ, заминаҳои пайдоиш, инкишоф ва нақши онҳо дар тарбияи инсон, Д., 2003;
  • Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ, Д., 2005;
  • Педагогика (Китоби дарсӣ), Д., 2007;
  • Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик, Д., 2008.

Пайвандҳо

вироиш