Абдулваҳҳоби Машҳадӣ
Абдулваҳҳо́би Машҳадӣ (форсӣ: عبدالوهاب مشهدی; ? — қарни XVI) — хаттоти форсу-тоҷик.
عبدالوهاب حسینی مشهدی | |
Зодгоҳ: | Машҳад |
Навъи фаъолият: | хаттот |
Зиндагинома
вироишРоҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Абдулваҳҳоби Машҳадӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Қариб тамоми умраш дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад гузаштааст. Тибқи ахборе, Абдулваҳҳоби Машҳадӣ хоҳарзодаи устод Султоналии Машҳадӣ буда, нозукиҳои ҳунари хаттотиро аз ӯ омӯхтааст. Бино ба маълумоти «Гулистони ҳунар»-и Қозӣ Аҳмад дар солҳои 60 садаи XVI Абдулваҳҳоби Машҳадӣ 80-сола буда, ҳаёти дарвешона ба сар бурдааст. Абдулваҳҳоби Машҳадӣ дар айни замон яке аз хаттотони машҳур ва шинохтаи Машҳад будааст.
Муҳаққиқони осори Абдулваҳҳоби Машҳадӣ бар ин ақидаанд, ки ӯ хати зебо дошта, навъҳои хати арабиро хуб менавиштааст. Намунаҳои хати ӯ дар Китобхонаи давлатии Истамбул маҳфузанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдулваҳҳоби Машҳадӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Кази Ахмед, Трактат о калиграфах и художниках, М.-Л., 1947; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988;
- Ашрафӣ М., Таджикская миниатюрасри Бухарская школа XVI—XVII вв., Д., 2011.