Абдулкарими Бухороӣ
Абдулкари́ми Бухороӣ (форсӣ: مير عبد الكريم بخارى; асри XVIII, Бухоро — 1830[1][2], Қустантиния) — таърихнигор, ҷуғрофиёдон ва сайёҳи тоҷик.
Таърихи таваллуд | асри XVIII |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1830[1][2] |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша | муаррих, гардишгар, сафир |
Зиндагинома
вироишАмир Ҳайдар Абдулкарими Бухороиро соли 1804 дар ҳайати намояндагону сафирон ба Русия фиристод. Ӯ дар шаҳрҳои Петербург, Москва ва Астрахан будааст. Соли 1807 чун саркотиб ба шаҳри Истамбули Туркия фиристода шуд. Дар Истамбул оиладор шуда, то охири умр ҳамон ҷо ҳаёт ба сар бурдааст.
Осор
вироишАз Абдулкарими Бухорои дар бораи таърихи Туркистону Афғонистон асаре бо номи «Таърихи қадимӣ» боқӣ мондааст. Ин асарро шарқшиноси франсавӣ Ш. Шефер «Таърихи Осиёи Марказӣ» ном гузошта, ба забони франсавӣ тарҷума ва дар Париж чоп кардааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдулкарими Бухороӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.