Ҳайдар (амир)

(Тағйири масир аз Ҳайдар (Амир))

Ҳайдар (Амир) (1775—1826) — амири Аморати Бухоро солҳои 1800—1826.

Ҳайдар (амир)
1799 — 1826
Таваллуд 1 декабр 1775(1775-12-01)
Даргузашт 1826
Падар Шоҳмурод
Фарзандон Насруллоҳ, Mir Umar[d] ва Mir Muhammad Husayn[d]

Зиндагинома

вироиш

1 декабри соли 1800 амир Ҳайдар, ки ҳокими Қаршӣ буд, омада ба тахти салтанат нишаста, бо номи худ сиккаи тилоӣ зарб зад. Дар аввали ҳукумати амир Ҳайдар ба ҳайати Аморати Бухоро ғайри ҳудуди асосӣ (водии Зарафшону Қашқадарё) инчунин тамоми вилояти шарқии Туркманистони ҳозира бо Марв, ки дар натиҷаи юриши Шоҳмурод забт шуда буд, шомил буданд. Ғайри ин, ба Аморати Бухоро қисмати зиёди Туркистону Афғонистон, як катор навоҳии Тоҷикистони имрӯза, аз он ҷумла, Ҳисор, баъзан Хуҷанд, Ӯротеппа, Панҷакент, Ургут ва баъзе мулкҳои хурди кӯҳии болооби Зарафшон дохил буданд. Дар Шимолу Шарқ ба Аморати Бухоро шаҳри Туркистон бо навоҳии гирду атрофи қазоқнишинаш шомил буд. Яке аз мавзеъҳои сусталоқаманди Аморати Бухоро водии Мурғоб буд. Хонии Хӯқанд дар охири чоряки якуми садаи XIX Марвро ба худ тобеъ сохта, то аз ҷониби туркманҳо забт шуданаш, онро чанд даҳсолаҳо нигоҳ медошт. Дар нимаи якуми садаи XIX қисми навоҳии шим. Тоҷикистони имрӯза (Конибодом, Исфара) зери ҳокимияти Хонии Хӯқанд қарор доштанд. Солҳои аввали ҳокимияти амир Ҳайдар байни Аморати Бухоро ва Хонии Хӯқанд мубориза барои шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа ва Нов оғоз шуд. Муборизаи бистсола барои ин шаҳрҳо бемуваффақият буд, зеро аҳолии он бар зидди истилогарон муборизаи фаъол мебурданд. Аз ин рӯ, амир Ҳайдар ва Умархон маҷбуран муборизаро қатъ намуда, сулҳ бастанд. Дар замони ҳукумати амир Ҳайдар вазъияти дохилӣ ва берунии Аморати Бухоро нотинҷ буд. Аксари умарову ашроф нисбати ӯ душманӣ дошта, бар зиддаш ошӯб мебардоштанд. Вақте ки амир Шоҳмурод фавтид, қушбегӣ Ӯткирсуфӣ ва қозӣ Мирзо Фузайл дарҳол ба амир Ҳайдар, ки ҳокими Кармина буд, махфӣ хабар доданд, то тахти падарашро соҳиб шавад. Аз ин хабар бародарони Шоҳмурод — Умарбий, Маҳмудбий ва Фазлбий воқиф шуда, ошӯб бардоштанд ва ба арки Бухоро зада даромаданд. Ба ин ошӯб ҳокими Кармина Домодхӯҷа, ҳокими Шаҳрисабз Ниёзбий ва бародари амир Ҳайдар — ҳокими Самарқанд Ҳусайнбий ва ҳокими Фарғона — Умарбий ҳамроҳ шуданд.[1].

Дар натиҷа аз итоати Аморати Бухоро Миёнкол, Каттақӯрғон, Шаҳрисабз ва Самарқанд баромаданд. С. 1804 ҳокими Урганҷ чанд маротиба ба Бухоро тохтутоз намуда, гирду атрофи онро хароб кард. Аз Урганҷ Муҳаммад Раҳимхон дар солҳои 1818—1819 бо дастаи 400-нафара ба Марв ҳуҷум намуда, шаҳрро харобу ғорат кард. С. 1804 хони Хоразм Элтузорхон ба Бухоро ҳуҷум кард. Амир Ҳайдар ба муқобили ӯ қӯшуни 20 ҳазор нафараро бо роҳбарии Ниёзбек парвоначӣ равона сохт. Дар соҳили Амударё ҷанги шадиде ба вуқӯъ пайваста, хоразмиён шикаст хӯрданд. Худи Элтузорхон ва қисми қӯшуни ӯ ҳалок шуда, аксари хоразмиён, аз он ҷумла, се бародари ӯ асир афтоданд. Амир Ҳайдар ду бародари хонро ба дор кашида, бародари сеюм — Қутлуғмуродро бо 400 асир озод намуд ва ба Хоразм равон кард, то асли воқеаро баён кунанд. Ҳамон сол (1804) дар Марв бародари амир Ҳайдар — Насриддинбек бар зидди ӯ бархост. Амир Ҳайдар ба муқобили ӯ Ниёзбек парвоначиро равона намуд. Ниёзбек шӯришгаронро торумор намуда, дарғоти Султонободро вайрон кард. Водии Марв беоб монда, ҳамаи ҳосили зироатҳо талаф ёфтанд. Насриддинбек бо хонаводааш ва 1000 оилаи дигар ба Машҳад фирор карданд.[1].

Дар он замон дар Миёнкол ду қалъаи калон — Чалакқӯрғон ва Янгиқӯрғон мавҷуд буданд ва дар атрофи он қариб 120 ҳазор оилаи қабилаҳои нимкӯчии хитойу қипчоқҳо зиндагӣ мекарданд. Тазӣиқи андозҳо, мусодираҳои доимӣ, ба хидмати ҳарбӣ сафарбар намудани мардони қабилаҳо аҳолии ин мавзеъро ба шӯр овард. Соли 1821 ҳукумат дубора ба сарбозгирӣ оғоз кард, ки боиси норозигии хитой-қипчоқҳо гашт ва онҳо шӯриш бардоштанд. Шӯришгарон ҳар ду қалъаро ба даст дароварда, аз ҳамқавмони худ ҳоким таъйин карданд: дар Чалакқӯрғон — Маъмур ва дар Янгиқӯрғон — Одинақулро. Онҳо ба ҳокимони Хӯқанд, Шаҳрисабз ва Урганҷ мактуб фиристода, хоҳиш намуданд, ки дар муборизаи зидди амири Бухоро онҳоро дастгирӣ намоянд. Қароқалпоқҳои сокини ин маҳал низ ба шӯришчиён ҳамроҳ шуданд. Шӯришгарон Каттақӯрғон, Чалак, Янгиқӯрғон ва дигар шаҳру деҳаҳои гирду атрофро забт карда, ба тарафи Самарқанд ҳаракат намуданд. Амир Ҳайдар ба Каттақӯрғон ҳамла оварда, онро забт кард ва аксари аҳолиро аз дами теғ гузаронд. Шӯришгарон аз Хӯқанд, Шаҳрисабз ва дигар мулкҳои муқобили амир мадад хостанд, аммо иттифоқчиён байни худ мувофиқат ҳосил накарда, ба таври пароканда амал мекарданд. Хитой-қипчоқиҳо хостанд ба Бухоро зарба зананд, вале ба ин муваффақ нашуданд. Дар охир қувваҳои асосии шӯришгарон пош хӯрда, дар ҳамин вазъият с. 1825 амир Ҳайдар муҳимтарин нуқтаҳои муқовимати шӯришчиёнро ишғол намуд. Амир Ҳайдар бо мақсади мутамарказ гардондани ҳокимият, мубориза бо душманони дохиливу берунӣ горнизонҳои ҳарбӣ таъсис дода, артиш ва кори ҳарбиро пурзӯр кард. Барои устувории иқтисодиёти давлатӣ андозҳоро зиёд намуд (аз он ҷумла, андози ҳарбии «ҷул»), корҳои бисёреро оид ба беҳтар гардондани системаи обёрӣ иҷро намуд. Амир Ҳайдар 6 октябри соли 1826 вафот кард[1].

  1. 1.0 1.1 1.2 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015. — С. 124—125

Пайвандҳо

вироиш
  • Бисабоат Исмоилова. История Бухарского эмирата (втор.пол. XVIII- сер. XIX вв.). — Худжанд: Нури маърифат, 2005;
  • Бисабоат Исмоилова. Бухарский эмират при эмире Хайдаре. — Худжанд: Адолат, 2000;
  • Бисабоат Исмоилова. Политическая история Бухарского эмирата при эмире Хайдаре (1800—1826 гг). — Д.: 1999;
  • Бисабоат Исмоилова. Бухарский эмират в период протектората. — Худжанд: Гос. изд-во им. Рахима Джалила, 1997.