Абдуллатифхон
Абдуллати́фхон (ӯзбекӣ: Abdullatif; 1495—1552) — шашумин ҳокими ӯзбек[1] аз сулолаи Шайбониён дар хонигарии Бухоро. Ҳукмрониаш солҳои 1540 — 1552.
ӯзбекӣ: Abdullatif | |
6-умин хони хонигарии Бухоро
|
|
аз 1540 | |
Тоҷгузорӣ | 1540, Самарқанд |
Пешгузашта | Убайдуллохон |
Ҷонишин | Наврӯз Аҳмадхон |
Таваллуд | 1495 |
Даргузашт |
1552 Самарқанд |
Мадфан | |
Дудмон | list of Uzbek khans[d] |
Сулола | Шайбониён |
Падар | Кучкунҷихон |
Фарзандон |
Писарӣ: Абдоллсултон Гадойхон |
Фаъолият | шеър |
Ҳукмронӣ
вироишДар Самарқанд баъди вафоти Абдуллоҳхони I Шайбонӣ (1539 – 40) ба тахт нишаст. Ҳамин вақт намояндаи дигари сулолаи Шайбониён Абдулазизхон (1540 – 49) дар Бухоро худро хон эълон кард. Дар натиҷа дар Мовароуннаҳр дуҳокимиятӣ рӯй дод. Абдуллатифхон соли 1551 ҳамроҳи ҳокими Тошкент Наврӯз Аҳмадхон ба муқобили ҳокими Кармина Искандархон лашкар кашид, вале дар корзор аз Абдуллоҳхони II (писари Искандархон) шикаст хӯрд. Аз давраи ҳукмронии Шайбониён дар Осиёи Миёна чанд ёдгории меъморие боқӣ мондааст, ки баъзеи онҳоро ба Абдуллатифхон нисбат медиҳанд. Яке аз онҳо Кӯкгунбази ӯротеппа аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Б. В. Норик. Роль шибанидских правителей в литературной жизни Мавераннахра XVI в.. — Спб: Рахмат-намэ, 2008. — С. 242.
Адабиёт
вироиш- Мухторов А., Город Ура-Тюбе, дар маҷм. Археологи рассказывают, Сталинабад, 1959.
- История Узбекистана. — 1993. — Т. 3.
- История Узбекистана в источниках. / Сост. Б.В. Лунин.. — Ташкент, 1990.