Абдуллоҳхони II, Абдуллоҳи II[2] (Абдуллоҳхон ибни Искандар, ӯзбекӣ: Abdulla II, 15348 феврали 1598, Самарқанд) — хони узбак аз сулолаи Шайбониён.

Абдуллоҳхони II
ӯзбекӣ: عبد اللہ خان بن اسکندر
1583 — 1598
Пешгузашта Искандархон
Ҷонишин Абдулмуъминхон
Таваллуд 1533[1]
Даргузашт 1598[1]
Дудмон Шайбониён ва list of Uzbek khans[d]
Падар Iskandar[d]
Фарзандон Абдулмуъминхон
Фаъолият шеър
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Падараш Искандархон, бобояш Ҷонибек, бобокалонаш Хоҷа Муҳаммад ибни Абулхайрхон. Аввал дар Кармина буд, ҳамлаи ҳокими Тошканд Наврӯз Аҳмадхон ва Абдуллатифро рафъ карда, падарашро, ки ба ҷониби Амударё фирор карда буд, дубора ба вилояти Кармина баргардонд. Баъдтар Қаршиву Шаҳрисабз ва вилояти Бухороро ба даст даровард. Лекин аз дасти душманон соли 1555 ба Маймана фирор карда, баъд аз фавти душмани қудратмандаш Наврӯз Аҳмадхон (октябри 1556) аз нав Карминаву Шаҳрисабз ва Бухороро тасарруф намуд (1557). Бухоро аз ин баъд то замони забт аз тарафи русҳо (асри 19) маркази асосии сиёсӣ ва фарҳангӣ дар Мовароуннаҳр шуд. Ҳукуматро Абдуллоҳхон ба таври расмӣ (баъд аз марги падараш) аз соли 1583 ба даст гирифт. Соли 1570 Тирмиз, 1573 Балх, 1574 Ҳисор, ӯротеппаву Хуҷанд, 1578 Самарқанд, 1582 – 83 Тошканд, Андиҷон ва дигар вилятҳои водии Фарғонаро низ ба тобеияти худ даровард. Соли 1582 зидди қабоили қазоқ лашкар кашида Шоҳрухия, Сайрам ва Оҳангаронро ба тасарруфи худ даровард. Бадахшон, Хатлон, Қундуз (1584) ва Хуросону Гелон ва баъди муҳосираи мадид Ҳиротро (1588) низ ба худ тобеъ намуд. Дар замони Абдуллоҳхон хонигарии Бухоро аз ҳудуди Қошғар (дар Шарқ) то Туркистону Сайрам (дар Шимол), то бахшҳои шарқии Хуросон (дар Ҷануб) имтидод пайдо кард. Зиндагии баъдии Абдуллоҳхон пур аз ҷанҷол бо писараш Абдулмӯъмин (аз охири 1582) буд. Хон ҳокими Балх буд ва даъво дошт ҳокими воқеӣ гардад. Абдуллоҳхон ба ҳеч ваҷҳ намехост бар нафъи писари худ гузаште кунад. Ақвоми саҳрогарди ӯзбек бо истифода аз зиддияти падару писар, пайваста ба Тошканду Самарқанд ҳамла мекарданд. Абдуллоҳхон барои ҳимояи сарҳадоти моликияташ бо сипоҳи азим ба ҷониби Самарқанд равон шуд, вале дар роҳ фавтид (8 феврали 1598). Писараш Абдулмӯъмин низ баъд аз ним соли марги падараш кушта шуд. Дар аҳди ӯ дар Бухоро ва вилоёти дигар роҳҳо, пулҳо, сардобаҳо, корвонсаройҳо, мадрасаҳо, тимҳои тиҷорат, бозорҳо, ҳаммомҳо сохта шуданд. Мадрасаи Абдуллоҳхон (дар Бухоро), Мадрасаи Кӯкалтош (дар Тошканд), Тими Абдуллоҳхон (дар Бухоро), Пули Кармина низ ба замони Абдуллоҳхон тааллуқ доранд. Дар замони ӯ ҳамчунин зарби сиккаҳои тило шурӯъ гардид.

Адабиёт

вироиш
  • Ҳофиз Таниш ибн Мирмуҳаммад Бухорий, Абдулланома, Шарафномаи шоҳий. I — II жилд, Тошкент, 1966 – 1969;
  • Бартольд В. В., Абдулла б. Искандер // Бартольд В. В., Сочинения, т. II, ч. 2, М., 1964;
  • Ғафуров Б. Ғ., Тоҷикон, кит. 2, Д., 1985;
  • Хамза Камол, Политическая история Мавераннахра XVI, Д., 2007.
  • Хафиз-и Таныш ибн Мир Мухаммад Бухари. Шараф-нама-йи шахи (Книга шахской славы). — М., 1983. — Т. 1.
  • Хафиз-и Таныш ибн Мир Мухаммад Бухари. Шараф-нама-йи шахи (Книга шахской славы). — М., 1983. — Т. 2.

Сарчашма

вироиш