Абдулло́ҳи Шерозӣ (асри 16) — мусаввир ва хаттоти форс-тоҷик

Абдуллоҳи Шерозӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: мусаввир, хаттот

Зиндагинома

вироиш

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абдуллоҳи Шерозӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Дар китобхонаи султон Абулфатҳи Иброҳим ибни Багром (ҳукмронӣ 1556-77) ба ҳайси хаттот хидмат мекардааст. Тибқи баъзе маълумоти таърихӣ муддати кӯтоҳе дар Машҳад сукунат доштааст. Бино ба маълумоти Қозӣ Аҳмад (дар «Гулистони ҳунар») Абдуллоҳи Шерозӣ яке аз хушнависони боистеъдоди замони худ будааст.

Осори боқимонда

вироиш

Аз Абдуллоҳи Шерозӣ якчанд асар боқӣ мондааст. Нусхаи хаттии «Ҳафт авранг»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (китобаташ тақрибан солҳои 1556 — 65), ки ҳоло дар Нигористони Фриери Вашингтон маҳфуз аст, шомили минётураи «Юсуф ва Зулайхо» мебошад. Ин мусаввараи зебо ва дилкаш ба қалами Абдуллоҳи Шерозӣ мутааллиқ аст. Дар нусхаи мазкур 28 тасвиру минётура замима шудаанд, ки мутахассисон онҳоро низ ба қалами Абдуллоҳи Шерозӣ нисбат медиҳанд. Ҳамчунин дар яке аз нусхаҳои «Сабҳат-ул-аброр», «Сифот-ул-ошиқин»-и Ҳилолӣ (дар китобхонаи шаҳри Лисабон маҳфуз аст) теъдоди зиёди нақшу нигори бо оби тило ҳал додашуда мавҷуданд, ки ба қалами Абдуллоҳи Шерозӣ тааллуқ доранд. Теъдоде аз осори Абдуллоҳи Шерозӣ дар китобхонаи Лейпсиг (Германия) нигоҳдорӣ мешаванд. Баъзе аз муҳаққиқини осори Абдуллоҳи Шерозӣ бар ин ақидаанд, ки ӯ яке аз нусхаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсиро низ бо минётураҳо ва нақшу нигорҳои дилчасп оро додааст. Сабку услуби минётуранигорӣ ва хаттотии Абдуллоҳи Шерозӣ ба тарзу равиши хаттотону мусав-вирони давраи шоҳ Таҳмосб қаробат дорад. Абдуллоҳи Шерозӣ дар рушди минбаъдаи санъати тасвирии Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон таъсир расонидааст ва яке аз устодон ва саромадони ин ҳунар ба шумор меравад.

Адабиёт

вироиш
  • Кази Ахмед, Трактат о калиграфах и художниках, М.-Л., 1947;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1998.