«Абдуллоҳнома» — асари таърихӣ. Бо номҳои «Шарафномаи шоҳӣ», «Зафарнома» низ машҳур буда, таълифи Ҳофизи Таниш аст.

Абдуллоҳнома
Номида ба шарафи Абдуллоҳхони II
Нависанда Ҳофизи Таниш
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ

Сохтор

вироиш

Воқеаҳои давраи Абдуллоҳхони II (1534 — 98)-ро дар бар мегирад, ки бо супориши махсуси худи ӯ таълиф ёфтааст. Ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Китоб бояд аз муқаддима, ду мақола — фасл ва хотима иборат мебуд, вале хотимаи китоб то ба мо нарасидааст. Истилои муғулҳо, ташкил ёфтани давлати Абдуллоҳхон ва шаҷараи Шайбониён дар қисми муқаддимавии китоб тасвир ёфтааст. Мақолаи якум воқеаҳои аз рӯзи таваллуди Абдуллоҳхон то ба тахт нишастани ӯро инъикос менамояд. Ин ҷо аз хусуси ҷангҳои хон алайҳи Наврӯз Аҳмадхон ва Абдуллатифхон (1510), Бухороро забт кардани Абдуллоҳхон (1570), хони томи ӯзбекҳо эълон шудани Искандархон (1561), муборизаи ӯ бо шоҳзодагони саркаш, ба аморати Бухоро тобеъ намудани Балх (1573), Самарқанд (1578) ва ғайра сухан меравад. Мақолаи дуюм дар бораи ҳодисаҳои баъди ба тахт нишастани Абдуллоҳхон аст. Дар ин қисми китоби «Абдуллоҳнома» сухан дар хусуси забти Бадахшон, Хуросон, Гелон ва Хоразм, тезу тунд шудани муносибати ӯ бо писараш Абдулмӯъмин маълумот зиёданд. Дар бораи хусусиятҳои этникии халқҳои Осиёи Миёна ва урфу одати онҳо маълумоти гаронбаҳо дода шудааст. Бахши «Хотима»-и китоб дар зикри ҳолу аҳволи машоихи тариқат, уламои динӣ, умаро, шоирони муосири муаллиф ва васфи биноҳои таърихии давраи ҳукумати Абдуллоҳхон аст. Ҳофизи Таниш дар навиштани «Абдуллоҳнома» аз асарҳои таърихии Наршахӣ, Рашидуддин, Ҷувайнӣ, Мирхонд, Алии Яздӣ, Кошифӣ, Мирзо Ҳайдар ва дигарон истифода кардааст.

Адабиёт

вироиш