Абдуллоҳ Ибни Сабаъ

Абдуллоҳ Ибни Сабаъ (ар. عبد الله بن سبأ‎; Мулаққаб ба Ибни Савдо, асри VII) — бунёдгузори яке аз фирқаҳои ифротӣ ва ғулоти шиа бо номи Сабаия, аз яҳудиёни Сан­ъо дар Яман буда, дар замони хилофати Умар ба Мадина омад ва ба пайравӣ аз ислом тазоҳур намуд.

Абдуллоҳ Ибни Сабаъ
араб. ар. عبد الله بن سبأ
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдуллоҳ Ибни Сабаъ
Лақаб: Ибни Савдо
Касб, шуғл: илоҳиётшинос
Таърихи таваллуд: 600
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 670
Кишвар:
Эътиқод: Marrano[d]
Самти фаъолият: илоҳиётшиносии исломӣ[d]
Нуфуз: сабаия
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Абдуллоҳ Ибни Сабаъ аз яҳудиёни Сан­ъо дар Яман буда, дар замони хилофати Умар ба Мадина омад ва ба пайравӣ аз ислом тазоҳур намуд. Вай баъдан аз Мадина ба Басра ва Куфа омад ва пас аз муддате ба Шом рафта, дар байни мардум ба бадгӯӣ ва таъни халифаи сеюм Усмон ва нашри ақо­иди худ дар бораи улуҳияти Алӣ ва дигар андешаҳои фитнаан­гези худ пардохт. Чун мардум аз ҳадафҳои шум ва ақидаи зиддиис­ломии вай огаҳ шуданд, ӯро аз Шом берун карданд. Вай равонаи Миср шуд ва дар он ҷо ба нашри бидъати худ пардохт ва гурӯҳе аз мардуми авом ва шахсиятҳои муғриз перомуни ӯ гирд омаданд.

Усули эътиқодие, ки Абдуллоҳ Ибни Сабаъ дар байни мардум тарвиҷ мекард, аз улуҳияти Алӣ ва раҷъати Муҳаммад (с) иборат буданд. Вай мегуфт, ки Алӣ ҳаргиз намемирад, вай дар байни абрҳост ва тундар (раъд) садои хашми ӯст. Ҳамчунин мегуфт: Ман аз касоне дар шигифтам, ки ба раҷъат ва бозгашти Исо (ъ) бовар доранд, вале бозгашти Муҳам­мадро дурӯғ мепиндоранд, дар ҳоле ки назди онҳо Муҳаммад аз Исо бузургтар аст.

Вай мегуфт, ки ҳар паёмбар васие дорад ва Алӣ васии Муҳаммад аст, ки Усмон ҳаққи ӯро ғасб кардааст ва бо ин суханон мардумро бар зидди Усмон ба шӯриш таҳрик мекард. Гӯянд: Вақте мар­дум пас аз шаҳодати Усмон ба Алӣ байъат карданд, Абдуллоҳ Ибни Сабаъ бархост ва хитоб ба Алӣ гуфт: Туӣ он зоте, ки заминро офаридаӣ ва ба мардум рӯзӣ мебахшӣ. Алӣ аз ин гуфтори вай ба хашм омад ва ӯро ба Соботи Мадоин табъид кард.

Абдуллоҳ Ибни Сабаъ бо истифода аз авзоъи ошуфтаи уммат дар замони хилофати Алӣ даъвати худро ошкор ва ба муҳабба­ти аҳли байти расули Худо (с) тазоҳур намуд ва анде­шаҳои тавротии худро дар миёни мардум паҳн сохт. Вай барои эҷоди ихтилоф дар миёни мусулмонон ва шикастани ваҳдати уммат ҷиҳати таҳқиқи ҳадафҳои зиддиисломии худ тарҳи дупаҳлӯаеро, ки қаб­лан барномарезӣ шуда буд, иҷро мекард. Аз як сӯ, кина­ву адоватро бо Усмон изҳор медошт ва аз сӯи дигар, андешаҳоеро дар бораи Алӣ ривоҷ медод, ки ба мақсадҳои дини ислом носозгор буданд. Аз ҷумла, мегуфт: Мавзӯи вилоят ва имомати Алӣ дар Таврот зикр гардидааст ва Муҳаммад (с) боз ба дунё бармегардад, зеро вақте Исо (ъ) ба дунё бозмегардад, пас Муҳаммад (с) ба тариқи авло бояд боз гардад.

Пас аз кушта шудани Алӣ ба соли 40 ҳ./661 м. ба дасти яке аз хаво­риҷ Абдуллоҳ Ибни Сабаъ боз ба нашри андешаҳои ботил ва ха­робиовари худ пардохт ва ин афкори вай дар пайдоиши фир­қаҳои гуногуни шиа нақши муҳимме доштаанд. Гузашта аз ин, яке аз ин фирқаҳои шиа дар таърих бо номи сабаиён ши­нохта ме­шавад.

Адабиёт

вироиш
  • А. Боқизода, Имоми Аъзам бузургмарде дар таърихи башарият. – Душанбе, 2009;
  • Доиратулмаорифи форсӣ. – Ҷ. 2.